ДАСТУРАМАЛИ КОМИССИЯИ ҲАВЗАВИИ ИНТИХОБОТ ОИД БА ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАСТУРАМАЛИ КОМИССИЯИ ҲАВЗАВИИ ИНТИХОБОТ ОИД БА ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии    Тоҷикистон

аз 12 ноябри соли 2019 №3

тасдиқ  шудааст

 

 

 

ДАСТУРАМАЛИ

 КОМИССИЯИ ҲАВЗАВИИ ИНТИХОБОТ ОИД БА ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
  2. Дастурамали комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – ҳамин Дастурамал) тартиби ташкил ва фаъолияти комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд – комиссияи ҳавзавии интихобот) танзим менамояд.
  3. Комиссияи ҳавзавии интихобот фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, қонунҳо, қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва ҳамин Дастурамал амалӣ менамояд.
  4. Комиссияи ҳавзавии интихобот дар фаъолияти худ ба ҳеҷ мақоми давлатӣ вобаста нест. Қарор ва дигар санадҳои комиссияи ҳавзавии интихобот, ки дар доираи салоҳияташ қабул намудааст, дар ҳудуди дахлдор барои ҳамаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор, номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо, интихобкунандагон, ҳамчунин барои комиссияҳои участкавии интихобот ҳатмӣ мебошад.
  5. Комиссияи ҳавзавии интихобот шахси ҳуқуқӣ набуда, дорои муҳр бо рақами тартибӣ ва навиштаҷоти «Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

  1. ТАШКИЛИ ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ВА КОМИССИЯҲОИ ҲАВЗАВИИ ИНТИХОБОТ
  2. Барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон 41 ҳавзаи ҳудудии якмандатӣ ва барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, ки рўйхаташон аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ шудааст, як ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ташкил карда мешаванд: 65 фоизи вакилони Маҷлиси намояндагон (41 нафар) аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб карда мешаванд; 35 фоизи вакилони Маҷлиси намояндагон (22 нафар) аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мутаносибан ба шумораи овозҳое, ки ба рўйхати номзадҳои аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳодгардида дода шудаанд, интихоб карда мешаванд.
  3. Ҳавзаҳои интихоботро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад.
  4. Барои ташкил намудани ҳавзаҳои интихобот талаботи зерин муқаррар карда мешаванд:

–  шумораи тақрибан баробари интихобкунандагон дар ҳавзаҳои интихобот бо 15 фоиз каму зиёди шумораи интихобкунандагон, дар ноҳияҳои дурдаст то 20 фоиз иҷозат дода мешавад;

– ҳавзаҳои интихобот ҳудуди ягонаро дар қаламрави Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд. Ташкили ҳавзаҳои интихобот аз ҳисоби маҳалҳои ба ҳам ҳамҳудуд набуда мумкин нест.

  1. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рўйхати ҳавзаҳои интихоботро бо зикри ҳудуд ва шумораи интихобкунандагони онҳо ва қароргоҳи комиссияҳои ҳавзавии интихобот баъд аз панҷ рўзи таъйини интихобот чоп мекунад.
  2. Комиссияҳои ҳавзавии интихобот иборатанд аз:

– комиссияи ҳавзавии интихобот (Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон) оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот;

– комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот.

  1. Комиссияҳои ҳавзавии якмандатии интихоботро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ камаш ду моҳ пеш аз интихобот ташкил медиҳад.
  2. Комиссияҳои ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва на камтар аз 6 аъзо ташкил мешаванд.
  3. Ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихобот бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сурат мегирад.

 

III. УЗВИЯТ ДАР КОМИССИЯИ ҲАВЗАВИИ ИНТИХОБОТ

  1. Узви комиссияи интихобот ҳангоми иҷрои ваколатҳояш бояд бетараф ва холис бошад, набояд дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ иштирок кунад, супоришҳои онро иҷро намояд ва дар тарғибу ташвиқи пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ширкат варзад.
  2. Узви комиссияро аз рўи аризааш оид ба даст кашидан аз ваколат ё дар сурати маҳрум гардидан аз ваколатҳояш аз иҷрои вазифа озод кардан мумкин аст.
  3. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад узви комиссияи ҳавзавии интихоботро, ки талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» – ро риоя намекунад ё вазифаҳояшро мунтазам иҷро намекунад, аз ваколатҳояш маҳрум созад. Дар сурати зарурат узви дигари комиссияи ҳавзавии интихобот бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъйин карда мешавад.
  4. Номзадҳо ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, судяҳо, прокурорҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шахсони боэътимоди номзадҳо, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма наметавонанд аъзои комиссияҳои ҳавзавии интихобот бошанд.
  5. Шаҳрванде, ки ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон номзад пешбарӣ гардидааст ва узви комиссияи ҳавзавии интихобот мебошад, аз лаҳзаи номзади аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифта шуданаш аз вазифаи дар комиссия доштааш озодгардида ҳисоб меёбад.
  6. Як шаҳрванд узви фақат як комиссияи интихобот шуда метавонад.

  1. ВАКОЛАТҲОИ КОМИССИЯИ ҲАВЗАВИИ ИНТИХОБОТ
  2. Комиссияи ҳавзавии интихобот дорои ваколатҳои зерин мебошад:

1) иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» – ро дар ҳудуди ҳавзаи интихобот назорат мекунад;

2) участкаҳои интихоботро бо пешниҳоди раисони шаҳрҳо, ноҳияҳо ташкил менамояд, онҳоро рақамгузорӣ мекунад, комиссияҳои участкавии интихоботро бо пешниҳоди раисони шаҳрҳо, ноҳияҳо ташкил медиҳад ва фаъолияти онҳоро танзим менамояд;

3) ахбори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳоро аз рўи масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мешунавад;

4) бо тартиби муқарраргардида маблағро байни комиссияҳои участкавии интихобот тақсим менамояд, бо биною нақлиёт, воситаҳои алоқа таъмин шудани комиссияҳои участкавии интихоботро назорат мекунад ва масъалаҳои дигари дар ҳавзаҳои интихобот аз ҷихати моддию техникӣ таъмин кардани интихоботро ҳаллу фасл менамояд;

5) ба тартиб додани рўйхатҳои интихобкунандагон ва барои шиносоии умум пешниҳод кардани он назорат мекунад;

6) ба пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон мусоидат менамояд;

7) дар маъракаи интихобот шароити баробари иштироки номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси намояндагон таъмин менамояд;

8) ҳуҷҷатҳои дахлдорро аз ҳизбҳои сиёсӣ ва шаҳрвандон (ба таври худпешбарӣ), ки ба вакилӣ номзад пешбарӣ кардаанд, қабул менамояд;

9) номзадҳои ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбаришуда ва шахсони боэътимоду мушоҳидони миллии онҳоро ба қайд мегирад ва ба онҳо шаҳодатномаи дахлдор медиҳад, плакатҳои тарҷимаи ҳоли номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси намояндагон нашр менамояд;

10) мулоқоти номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагонро бо интихобкунандагон ташкил мекунад;

11) ба комиссияҳои участкавии интихобот бюллетенҳои интихоботиро дастрас мекунад. Дастрас намудан на дертар аз ду рўз то интихобот бо тартиб додани санад амалӣ карда мешавад;

12) натиҷаи интихоботи ҳавзаро муқаррар мекунад ва ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мефиристад;

13) овоздиҳӣ ва интихоботи такрорӣ, ҳамчунин интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ба ҷойи вакилони хориҷшударо ташкил мекунад;

14) арзу шикоятҳоро аз хусуси қарору амали (беамалии) комиссияҳои участкавии интихобот баррасӣ намуда, аз рўи онҳо қарор қабул мекунад;

15) дар бораи озод кардани узви комиссияи ҳавзавӣ аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматӣ дар давраи тайёрӣ ва гузаронидани интихобот қарор қабул мекунад. Дар ин сурат музди миёнаи меҳнат дар ҷои кори асосии ў нигоҳ дошта мешавад ё музди миёнаи меҳнаташ бо тартиби муқарранамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағе, ки барои гузаронидани интихобот ҷудо карда мешавад, пардохт мегардад;

16) мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро иҷро мекунад.

  1. ТАШКИЛИ КОРИ КОМИССИЯИ ҲАВЗАВИИ ИНТИХОБОТ
  2. Фаъолияти комиссияи ҳавзавии интихобот дар асоси дастаҷамъӣ амалӣ мегардад. Шакли фаъолияти комиссия ҷаласа аст. Ҷаласаи комиссияи ҳавзавии интихобот дар сурате босалоҳият шуморида мешавад, ки дар он на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати комиссия иштирок карда бошад.
  3. Оид ба вақт ва макони баргузорӣ, инчунин рўзномаи ҷаласа аъзои комиссияи ҳавзавии интихобот бояд сари вақт хабардор карда шаванд.
  4. Ҷаласаи комиссияи ҳавзавии интихобот таҳти раёсати раиси комиссия баргузор мегардад.
  5. Лоиҳаи рўзномаи ҷаласа аз тарафи раис, ки маҷлисро даъват намудааст, пешниҳод мешавад ва бо аксарияти овозҳо тасдиқ мегардад. Ба рўзномаи маҷлис бо пешниҳоди аъзои комиссияи ҳавзавии интихобот тағйирот ворид кардан мумкин аст. Пешниҳод оид ба ворид намудани тағйиру илова ба  рўзномаи маҷлис  бояд тасдиқ гардад.
  6. Масъалаҳо бо тартибе, ки дар рўзнома дарҷ гардидаанд, баррасӣ мешаванд.
  7. Аъзои комиссияи ҳавзавии интихобот дар муҳокимаи масъалаҳо иштирок менамоянд. Раис ба хоҳишманд сухан медиҳад ва мавсуф уҳдадор аст, ки танҳо масъалаи ба муҳокима пешниҳодгардидаро баррасӣ намояд.
  8. Иштироки узви комиссияи ҳавзавии интихобот дар маҷлис ҳатмӣ мебошад. Агар иштироки узви комиссияи ҳавзавии интихобот бо ягон сабаби узрнок ғайриимкон бошад, вай уҳдадор аст, ки раиси комиссияро пешакӣ огоҳ намояд.
  9. Қарори комиссияи ҳавзавии интихобот бо овоздиҳии ошкоро ва аз нисф зиёди аъзои ҳузурдоштаи комиссия қабул мешавад. Узви комиссияи ҳавзавии интихобот, ки бо қарори комиссия розӣ нест, ҳуқуқ дорад фикри махсуси худро хаттӣ баён кунад, ки он ба протоколи маҷлис замима карда мешавад. Дар ҳолати баробар будани овозҳо овози раиси ҷаласа ҳалкунанда аст.
  10. Ба қарорҳои қабулшуда ва протоколи ҷаласа раис ва котиби комиссияи ҳавзавии интихобот имзо мегузоранд ва он бо муҳри комиссия тасдиқ карда мешавад.
  11. Иҷрои қарори комиссияи ҳавзавии интихобот, ки дар доираи салоҳияташ қабул шудааст, дар ҳудуди дахлдор барои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор, номзадҳо, интихобкунандагон, ҳамчунин барои комиссияҳои участкавии интихобот ҳатмӣ мебошад.
  12. Нисбат ба қарори комиссияи интихобот дар давоми даҳ рўзи пас аз қабул гардидани он мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро пешбарӣ кардаанд, худи номзадҳо, шахсони боэътимод, мушоҳидони миллӣ ва интихобкунандагон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба суд шикоят карда метавонанд.
  13. Қарорҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот, ки ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ихтилоф доранд, аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё суд бекор карда мешаванд.
  14. Ҳамаи ҷаласаҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот ошкоро гузаронида шуда, барои аҳли ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма дастрас мебошанд.

  1. ВАЗИФАҲОИ РАИС, МУОВИНИ РАИС, КОТИБ

ВА АЪЗОИ КОМИССИЯИ ҲАВЗАВИИ ИНТИХОБОТ

  1. Раиси комиссияи ҳавзавии интихобот дорои вазифаҳои зерин мебошад:

а) комиссияро дар муносибатҳо бо Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ, дигар мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон муаррифӣ менамояд;

б) кори комиссияро ташкил мекунад;

в) ҷаласаҳои комиссияро даъват менамояд ва ба он раисӣ мекунад;

г) ба қарорҳо ва протоколҳои комиссия имзо ва муҳр мегузорад;

д) ба номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон шаҳодатномаи бақайдгирии номзадро месупорад;

е) вохўрии номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳоро бо интихобкунандагон мувофиқи нақшаи баргузории вохўриҳо ташкил мекунад;

ё) вазифаҳоро байни муовини раис, котиб ва аъзои комиссияи ҳавзавии интихобот тақсим мекунад;

ж) барои дуруст супоридани бюллетенҳои интихобот ба комиссияҳои участкавӣ масъул мебошад;

з) дуруст тартиб додани рўйхати интихобкунандагон ва барои шиносоии умум пешниҳод кардани онро назорат мекунад;

и) дар доираи салоҳияти худ дастуру супоришҳо медиҳад;

й) вазифаҳои дигарро мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Дастурамал амалӣ менамояд.

  1. Муовини раиси комиссияи ҳавзавии интихобот дорои вазифаҳои зерин мебошад:

а) дар  сурати набудани раис ваколатҳои ўро иҷро менамояд;

б) назорати иҷрои қарорҳои қабулкардаи комиссияи ҳавзавии интихоботро амалӣ намуда, оид ба рафти иҷрои онҳо ба комиссия ахборот медиҳад;

в) иҷрои дастуру супоришҳои раисро назорат мекунад;

г) вазифаҳои дигарро, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Дастурамал пешбинӣ кардаанд, амалӣ менамояд.

  1. Котиби комиссияи ҳавзавии интихобот дорои вазифаҳои зерин мебошад:

а) коргузории комиссияро ташкил мекунад (дафтари бақайдгирии арзу шикоятҳо, дафтари бақайдгирии ташрифи номзадҳо, шахсони боэътимоди онҳо, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони ВАО ва дигарон, дафтари бақайдгирӣ ва супоридани шаҳодатномаҳо ба номзадҳо ба вакилӣ, шахсони боэътимоди онҳо, мушоҳидони миллӣ, дафтари бақайдгирии овоздиҳии пешакӣ, ҷадвали навбатдорӣ, таҳияи нақшаи тақвимии комиссияи ҳавзавии интихобот, таҳияи тақсими вазифаҳо, ороиши лавхаи (овезаи) маълумотӣ ва ғайра);

б) корҳои омодагӣ ба ҷаласаҳо ва таъмини маводҳои баррасишавандаро ташкил мекунад;

в) оид ба вақти баргузоршавии ҷаласа аъзои комиссияро хабардор мекунад;

г) протоколи ҷаласаро тартиб медиҳад;

д) ба қарорҳо ва протоколҳои комиссия имзо мегузорад;

е) вазифаҳои дигарро, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Дастурамал пешбинӣ кардаанд, амалӣ менамояд.

  1. Узви комиссияи ҳавзавии интихобот дорои вазифаҳои зерин мебошад:

а) ҳангоми иҷрои ваколатҳо бояд бетараф ва холис бошад;

б) дар ҷаласаҳои комиссия ҳатман бояд иштирок кунад;

в) вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда бояд овоз диҳад;

г) ҳуқуқ дорад фикри махсуси худро вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда дар ҷаласаҳо хаттӣ баён намояд;

д) вазифаҳои дигарро, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Дастурамал пешбинӣ кардаанд, амалӣ менамояд.

  1. Дар ҳолати муваққатан ҳозир набудани муовини раис ва котиби комиссия уҳдадориҳои онҳоро раис метавонад муваққатан ба зиммаи дигар аъзои комиссия вогузор намояд.

 

VII. БАҚАЙДГИРИИ НОМЗАДҲО БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН

  1. Барои бақайдгирии номзадҳо (рўйхати номзадҳо) ба вакилии Маҷлиси намояндагон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

а) протокол бо қарори анҷумани (конференсияи) ҳизби сиёсӣ дар бораи пешниҳоди номзадҳо (рўйхати номзадҳо);

б) аризаи номзад оид ба розигии вай дар бораи ба овоздиҳӣ мондани номзадии худ; дар ариза бояд уҳдадории номзад оид ба қатъи фаъолияти худ дар сурате, ки он бо мандати вакилӣ номувофиқ бошад, зикр гардад;

в) маълумот оид ба тарҷимаи ҳоли номзадҳо бо зикри насаб, ном ва номи падар, санаи таваллуд, ҷои кор, мансаби ишғолкардааш (машғулият) ва маҳалли зист;

г) нусхаи шиносномаи (корти идентификатсионии) номзад;

д) нусхаи ҳуҷҷати расмие, ки доштани таҳсилоти олии номзадро тасдиқ мекунад;

е) маълумотнома аз ҷойи истиқомат оид ба муҳлати истиқомати номзад дар ҳудуди ҷумҳурӣ;

ё) хулосаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзад;

ж) маълумот дар бораи ҳаҷм ва манбаи даромади номзад;

з) маълумот дар бораи амволе, ки ба моликияти номзад  мансуб аст;

и) маълумоти тиббӣ дар бораи солимии руҳӣ;

й) ҳуҷҷат дар бораи гарави интихоботӣ;

к) маълумот дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудан, маҳкум нашудан ва доғи судӣ надоштан. Маълумоти мазкур бо талаби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод мегардад.

  1. Барои бақайдгирии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон ба комиссияи ҳавзавии ҳудудии якмандатаи интихобот ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

а) протокол бо қарори пленуми (конференсияи) мақомоти шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизби сиёсӣ дар бораи пешниҳоди номзад;

б) аризаи номзад оид ба розигии вай дар бораи ба овоздиҳӣ мондани номзадии худ; дар ариза бояд уҳдадории номзад оид ба қатъи фаъолияти худ дар сурате, ки он бо мандати вакилӣ номувофиқ бошад, зикр гардад;

в) маълумот оид ба тарҷимаи ҳоли номзад бо зикри насаб, ном ва номи падар, санаи таваллуд, ҷои кор, мансаби ишғолкардааш (машғулият) ва маҳалли зист;

г) нусхаи шиносномаи (корти идентификатсионии) номзад;

д) нусхаи ҳуҷҷати расмие, ки доштани таҳсилоти олии номзадро тасдиқ мекунад;

е) маълумотнома аз ҷойи истиқомат оид ба муҳлати истиқомати номзад дар ҳудуди ҷумҳурӣ;

ё) хулосаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзад;

ж) маълумот дар бораи ҳаҷм ва манбаи даромади номзад;

з) маълумот дар бораи амволе, ки ба моликияти номзад  мансуб аст;

и) маълумоти тиббӣ дар бораи солимии руҳӣ;

й) ҳуҷҷат дар бораи гарави интихоботӣ;

к) маълумот дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудан, маҳкум нашудан ва доғи судӣ надоштан. Маълумоти мазкур бо талаби комиссияи ҳавзавии ҳудудии якмандатаи интихоботӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ пешниҳод мегардад.

  1. Барои бақайдгирии номзад бо роҳи худпешбарӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагон ба комиссияи ҳавзавии ҳудудии якмандатаи интихобот ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

а) аризаи номзад оид ба розигии вай дар бораи ба овоздиҳӣ мондани номзадии худ якҷоя бо варақаҳои имзогирӣ; дар ариза уҳдадории номзад оид ба қатъи фаъолияти худ дар сурате, ки он бо мандати вакилӣ номувофиқ бошад, бояд зикр гардад;

б) маълумот оид ба тарҷимаи ҳоли номзад бо зикри насаб, ном ва номи падар, санаи таваллуд, ҷои кор, мансаби ишғолкардааш (машғулият) ва маҳалли зист;

в) нусхаи шиносномаи (корти идентификатсионии) номзад;

г) нусхаи ҳуҷҷати расмие, ки доштани таҳсилоти олии номзадро тасдиқ мекунад;

д) маълумотнома аз ҷойи истиқомат оид ба муҳлати истиқомати номзад дар ҳудуди ҷумҳурӣ;

е) хулосаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзад;

ё) маълумот дар бораи ҳаҷм ва манбаи даромади номзад;

ж) маълумот дар бораи амволе, ки ба моликияти номзад  мансуб аст;

з) маълумоти тиббӣ дар бораи солимии руҳӣ;

и) ҳуҷҷат дар бораи гарави интихоботӣ;

й) маълумот дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудан, маҳкум нашудан ва доғи судӣ надоштан. Маълумоти мазкур бо талаби комиссияи ҳавзавии якмандатаи интихоботӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ пешниҳод мегардад.

  1. Барои бақайдгирӣ талаб намудани пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дигаре, ки дар бандҳои 39, 40 ва 41 ҳамин Дастурамал пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.
  2. Маълумот дар бораи ҳаҷм ва манбаи даромади шаҳрванде, ки номзад мебошад, дар намуди нусхаи эъломия дар бораи даромади яксолаи пеш аз соли таъйин шудани интихобот (бо қайди мақомоти андоз) пешниҳод карда мешавад. Агар шаҳрванди номзадбуда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи андозҳо барои пешниҳод кардани эъломия дар бораи даромад уҳдадор набошад, оид ба ҳаҷми умумии даромад дар як соли пеш аз таъйин шудани интихобот аз ташкилоте, ки даромад гирифтааст, маълумотнома пешниҳод менамояд. Маълумотнома дар бораи амволе, ки ба ҳуқуқи моликияти номзад мансуб аст, ба шакли муқарраркардаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод карда мешавад.
  3. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқати ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи ҳизби сиёсиро дар муддати панҷ рўзи корӣ ба талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санҷида, ба ҳизби сиёсӣ нусхаи рўйхати номзадҳои тасдиқкардаро ва ё қарори асосноки худро дар бораи рад кардани тасдиқи рўйхати мазкур медиҳад. Нусхаи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар бораи рад кардани бақайдгирӣ бо баёни асосҳои радкунӣ ба ҳизби сиёсӣ дар давоми як шабонарўз дода мешавад. Дар мавриди тасдиқ накардани рўйхати номзадҳо ҳизби сиёсӣ метавонад дар давоми 10 рўзи пас аз қабул гардидани қарор ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор аст, ки дар муддати на дертар аз 6 рўз шикоятро мавриди баррасӣ қарор диҳад.
  4. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз рўзи ҳафтуми бақайдгирии рўйхати номзадҳо ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ рўйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсиро дар матбуот чоп мекунад.
  5. Комиссияи ҳавзавии ҳудудии якмандатаи интихобот ба талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат доштани тартиби пешбарии номзадро аз ҷониби мақомоти шаҳрӣ ва ё ноҳиявии ҳизби сиёсӣ санҷида, ўро ба қайд мегирад ё дар бораи рад намудани бақайдгирӣ қарори асоснок мебарорад. Нусхаи қарори комиссияи ҳавзавии ҳудудии якмандатаи интихобот дар бораи рад кардани бақайдгирӣ бо баёни асосҳои радкунӣ ба мақомоти шаҳрӣ ва ё ноҳиявии ҳизби сиёсӣ дар давоми як шабонарўз дода мешавад. Мақомоти шаҳрӣ ва ё ноҳиявии ҳизби сиёсӣ вобаста ба қарори комиссияи ҳавзавии ҳудудии якмандатаи интихобот дар бораи рад кардани бақайдгирии номзад метавонад дар давоми 10 рўзи пас аз қабул гардидани қарор ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё мақомоти судӣ муроҷиат намояд. Баррасии муроҷиат аз ҷониби мақомоти судӣ бо тартиби муқаррарнамудаи боби 25 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
  6. Комиссияи ҳавзавии ҳудудии якмандатаи интихобот ба талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат доштани тартиби пешбарии номзад бо роҳи худпешбариро месанҷад. Дар ин маврид дурустии имзоҳои интихобкунандагон, ки ба тарафдории номзад ҷамъ карда шудаанд, санҷида мешаванд. Тамоми варақаҳо ё як қисми онҳо, ки интихобан гирифта шудаанд, мавриди санҷиш қарор мегиранд. Дар сурати ошкор шудани нодурустии имзоҳо, ки боиси аз 500 (панҷсад) кам шудани шумораи имзоҳои ҷамъоваришуда мегардад ва ё пешниҳоди маълумоти нодуруст оид ба даромадҳо ва ё амволе, ки ба моликияти номзад мансуб аст, бақайдгирии номзад рад карда мешавад. Нусхаи қарори комиссияи ҳавзавии ҳудудии якмандатаи интихобот дар бораи рад кардани бақайдгирӣ бо баёни асосҳои радкунӣ ба номзад бо роҳи худпешбарӣ дар давоми як шабонарўз дода мешавад. Номзад бо роҳи худпешбарӣ вобаста ба қарори комиссияи ҳавзавии ҳудудии якмандатаи интихобот дар бораи рад кардани бақайдгирии номзад метавонад дар давоми 10 рўзи пас аз қабул гардидани қарор ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё мақомоти судӣ муроҷиат намояд. Баррасии муроҷиат аз ҷониби мақомоти судӣ бо тартиби муқаррарнамудаи боби 25 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
  7. Номзад фақат дар як ҳавзаи интихобот ба қайд гирифта мешавад. Як номзад фақат ба як рўйхати номзадҳо дохил карда мешавад. Ин қоида нисбати номзаде, ки аз тарафи ҳизби сиёсӣ ба ҳавзаи якмандатӣ ва ё рўйхати номзадҳо дохил карда шудааст, татбиқ намегардад.
  8. Ҳангоми бақайдгирии номзаде, ки аз тарафи ҳизби сиёсӣ пешбарӣ шудааст, дар қарори дахлдори комиссияи ҳавзавии интихобот факти пешбарӣ гардидани ў аз ҷониби ҳизби сиёсӣ қайд карда мешавад.
  9. Маълумот дар бораи номзадҳои бақайдгирифташуда аз рўзи бақайдгирӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо замимаи пурраи ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ пешниҳод карда мешавад.
  10. Комиссияи ҳавзавии ҳудудии якмандатаи интихобот дар давоми як ҳафтаи баъди бақайдгирии номзадҳо дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатаи интихоботӣ дар матбуоти ҳудуди ҳавзаи интихоботии дахлдор дар бораи ба қайд гирифта шудани онҳо бо зикри насаб, ном ва номи падар, соли таваллуд, ҳизбият, мансаб (шуғл), ҷои кор ва маҳалли зисти ҳар номзад ахбор чоп мекунад.
  11. Комиссияи ҳавзавии интихобот дар давоми се рўзи баъди бақайдгирӣ ба номзад шаҳодатномаи дахлдори номзадиро бо зикри ҳавзаи интихоботӣ ва санаи бақайдгирӣ месупорад.

VIII. НАЗОРАТИ РАВАНДИ ИШТИРОКИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН ДАР ИНТИХОБОТ АЗ ТАРАФИ КОМИССИЯИ ҲАВЗАВИИ ИНТИХОБОТ

  1. Комиссияҳои участкавии интихобот доир ба раванди овоздиҳии интихобкунандагон дар интихобот бо таносуби фоиз аз ҳисоби умумии интихобкунандагони участка то ҷамъбасти натиҷаи интихобот мунтазам ҳар ду соат як маротиба ба комиссияи ҳавзавии интихобот маълумот медиҳанд.
  2. Комиссияи ҳавзавии интихобот доир ба раванди овоздиҳии интихобкунандагон дар интихобот бо таносуби фоиз аз ҳисоби умумии интихобкунандагони ҳавза то ҷамъбасти натиҷаи интихобот мунтазам ҳар ду соат як маротиба ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот медиҳад.

  1. МУАЙЯН НАМУДАНИ НАТИҶАИ ИНТИХОБОТ
  2. Дар асоси протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот комиссияи ҳавзавии интихобот натиҷаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагонро дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ва натиҷаи овоздиҳиро дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ вобаста ба ҳудуди худ муқаррар менамояд.
  3. Ҳангоми ошкор намудани саҳву хато дар протоколҳо ва ба вуҷуд омадани шубҳа дар дурустии тартиб дода шудани онҳо, ки аз комиссияи участкавии интихобот ворид гардидаанд, комиссияи ҳавзавии интихобот ҳуқуқ дорад дар бораи ҳисобкунии такрории овозҳо аз тарафи комиссияи участкавии интихобот қарор қабул кунад. Ҳисобкунии такрорӣ бо иштироки ҳатмии узви (аъзои) комиссияи ҳавзавии интихобот ва дар ҳузури мушоҳидон ва шахсони боэътимод сурат мегирад. Аз рўи ҷамъбасти ҳисобкунии такрории овозҳои интихобкунандагон комиссияи участкавии интихобот протоколро дар бораи натиҷаи интихобот тартиб медиҳад, ки дар он ишораи «Ҳисобкунии такрории овозҳо» сабт мегардад. Протокол фавран ба комиссияи ҳавзавии интихобот фиристода мешавад.
  4. Дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот номзаде интихобшуда ҳисоб меёбад, ки агар аз 50 фоиз зиёди овозҳои интихобкунандагони дар интихобот иштироккардаро гирифта бошад.
  5. Интихобот дар ҳавзаи якмандатии интихобот он гоҳ баргузорнашуда ҳисобида мешавад, ки дар он камтар аз нисфи интихобкунандагони ба рўйхат дохилшуда иштирок карда бошанд. Вобаста ба масъалаи мазкур комиссияи ҳавзавии интихобот қарор қабул мекунад.
  6. Комиссияи ҳавзавии интихобот дар протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ нуктаҳои зеринро муайян мекунад:

а) шумораи интихобкунандагони ҳавза, ки ба рўйхат дохил карда шудаанд;

б) шумораи интихобкунандагоне, ки ба рўйхат илова шудаанд;

в) шумораи бюллетенҳои интихобот, ки комиссияи ҳавзавии интихобот гирифтааст;

г) шумораи бюллетенҳои интихобот, ки ба интихобкунандагони пешакӣ овоздода дода шудааст;

д) шумораи бюллетенҳои аз ҳисоб баровардашуда;

е) шумораи бюллетенҳое, ки ба интихобкунандагон дар участкаҳои интихобот дар рўзи овоздиҳӣ дода шудаанд;

ж) шумораи бюллетенҳо дар қуттии овоздиҳӣ;

з) шумораи бюллетенҳои эътиборноки интихобот;

и) шумораи бюллетенҳои беэътибор донисташуда;

к) шумораи овозҳои интихобкунандагон, ки ба тарафдории номзад, ҳизби сиёсии ба бюллетенҳои овоздиҳӣ дохилгардида овоз додаанд;

л) шумораи овозҳои интихобкунандагон, ки ба муқобили ҳамаи номзадҳо, ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ овоз додаанд.

  1. Дар протокол дар бораи ҷамъбасти интихобот сатрҳои зерин низ сабт карда мешаванд:

а) насаб, ном ва номи падари раис, котиб ва дигар аъзои комиссияи ҳавзавии интихобот ва  имзои онҳо;

б) сана ва вақти имзои протокол;

в) муҳри комиссияи интихобот.

  1. Натиҷаи интихобот дар ҳавза дар маҷлиси комиссияи ҳавзавии интихобот муайян ва ба протокол дохил карда мешавад.
  2. Протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ (замимаҳои 1 ва 2) аз тарафи ра­ис, муовини раис, котиб ва аъзои комиссия имзо карда мешавад.
  3. Нусхаи тасдиқшудаи протокол дар бораи натиҷаи интихобот аз ҷониби раис ё котиб ба ҳамаи аъзои комиссияи ҳавзавии интихобот шинос карда шуда, дарҳол нусхаи он ба муҳлати се шабонарўз ба девори бинои комиссияи ҳавзавии интихобот овехта мешавад.
  4. Комиссияи ҳавзавии интихобот нусхаи якуми протоколҳоро дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ дар ҳавзаи интихоботи якмандатӣ ва ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявиро вобаста ба ҳудуди худ фавран ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
  5. Нусхаи дуюми протокол, ҳамчунин муҳри комиссияи ҳавзавии интихобот то ба охир расидани фаъолияти комиссия дар дасти котиби комиссия нигоҳ дошта мешаванд. Муҳри комиссияи ҳавзавии интихобот баъд аз қатъи фаъолияти комиссия якҷоя бо муҳрҳои комиссияҳои участкавии интихоботии ҳавзаи интихобот ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо санади дахлдор супорида мешавад.
  6. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот натиҷаи овоздиҳиро дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  7. Дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ҷамъ намудани маълумоти дар онҳо зикршуда овозҳои интихобкунандагонро доир ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ҳисоб мекунад.
  8. Интихобот дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ он гоҳ баргузорнашуда ҳисобида мешавад, ки дар он камтар аз нисфи интихобкунандагони ба рўйхат дохилшуда иштирок карда бошанд. Вобаста ба масъалаи мазкур Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунад.
  9. Ҳизбҳои сиёсие, ки камтар аз 5 фоизи овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккардаро гирифтаанд, аз гирифтани мандати вакилӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ маҳрум мегарданд.
  10. Ҳизбҳои сиёсие, ки ба тарафдории онҳо 5 фоиз ва зиёда аз он овоздиҳандагони дар интихобот иштироккарда овоз додаанд, мувофиқи қоидаи пешбиникардаи бандҳои 71, 72 ва 73 ҳамин Дастурамал миқдори мандати вакилӣ мегиранд.
  11. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ маҷмўи овозҳои интихобкунандагонро, ки ба тарафдории ҳизбҳои сиёсӣ дода шудааст ва он 5 фоиз ва зиёда аз он овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ иштироккардаро ташкил медиҳад, ҳисоб мекунад. Маҷмўи овозҳои интихобкунандагон ба 22 (шумораи мандатҳои вакилон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ) тақсим карда мешавад. Натиҷаи ҳосилшуда миқдори овозҳое мебошад, ки барои як мандати вакилӣ лозим аст. Баъд миқдори овозҳое, ки ҳар як ҳизби сиёсии дар тақсимоти мандати вакилӣ иштироккарда гирифтааст, ба миқдори овозҳое, ки барои як мандати вакилӣ лозим, тақсим карда мешавад. Натиҷаи ҳосилшуда шумораи мандатҳои вакилие мебошад, ки рўйхати дахлдори номзадҳо мегирад.
  12. Агар баъд аз ин мандатҳои тақсимнашуда боқӣ монанд, онҳо дуюмбора тақсим карда мешаванд. Мандатҳои тақсимнашуда яктоӣ ба ҳизбҳои сиёсие дода мешаванд, ки бақияи овозҳои гирифтаи онҳо зиёд аст.
  13. Дар сурати баробар будани миқдори овозҳо афзалият ба ҳамон рўйхати номзадҳое дода мешавад, ки ба онҳо шумораи зиёдтари овозҳои интихобкунандагон дода шудааст. Агар шумораи овозҳои интихобкунандагон баробар бошад, афзалият ба ҳамон рўйхати номзадҳое дода мешавад, ки он пештар ба қайд гирифта шудааст.
  14. Тақсимоти мандати вакилӣ дар байни номзадҳо аз рўи рўйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи тартиби ҷойгиркунии онҳо дар рўйхат, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ онро тасдиқ намудааст, сурат мегирад. Аз ҳар рўйхати номзадҳо вакилоне бароварда мешаванд, ки онҳо аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот ба Маҷлиси намояндагон интихоб шудаанд. Дар ин ҳолат мандати вакилӣ ба номзадҳо ба тартиби навбаташон дар рўйхат дода мешавад.
  15. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ протоколро дар бораи тақсимоти мандатҳои вакилӣ дар байни ҳизбҳои сиёсӣ аз рўи ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тартиб медиҳад.
  16. Ба протокол дохил карда мешаванд:

а) шумораи интихобкунандагони ҳавза, ки ба рўйхат дохил карда шудаанд;

б) шумораи интихобкунандагоне, ки ба рўйхат илова шудаанд;

в) шумораи бюллетенҳои интихобот, ки комиссияҳои ҳавзавии интихобот гирифтаанд;

г) шумораи бюллетенҳои интихобот, ки ба интихобкунандагони пешакӣ овоздода дода шудааст;

д) шумораи бюллетенҳои аз ҳисоб баровардашуда;

е) шумораи бюллетенҳое, ки ба интихобкунандагон дар участкаҳои интихобот дар рўзи овоздиҳӣ дода шудаанд;

ж) шумораи бюллетенҳо дар қуттии овоздиҳӣ;

з) шумораи бюллетенҳои эътиборноки интихобот;

и) шумораи бюллетенҳои беэътибор донисташуда;

к) шумораи овозҳои интихобкунандагон, ки ба тарафдории ҳизби сиёсии ба бюллетенҳои овоздиҳӣ дохилгардида овоз додаанд;

л) шумораи овозҳои интихобкунандагон, ки ба муқобили ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ овоз додаанд.

  1. Ба протокол инҳо илова карда мешаванд:

а) номи ҳизби сиёсӣ, ки ба тақсимоти мандатҳои вакилӣ ҳуқуқ дорад;

б) насаб, ном ва номи падари вакилони интихобшуда аз ҳар як рўйхати номзадҳо.

  1. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар мавриде, ки агар ягон ҳизби сиёсӣ ба меъёри панҷфоиза ноил нагардида бошад, мандатҳои вакилиро доир ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тақсимнашуда ҳисоб мекунад.
  2. Дар ин маврид Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот интихоботи такрорӣ таъйин мекунад.

  1. ОВОЗДИҲИИ ТАКРОРӢ БА МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
  2. Агар дар ҳавзаи якмандатии интихобот зиёда аз ду номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон баовозмонда ягонтои онҳо интихоб нашуда бошад, комиссияи ҳавзавии интихобот қарор қабул мекунад, ки оид ба ду номзаде, ки аз ҳама бештар овоз гирифтаанд, овоздиҳии такрорӣ гузаронида шавад. Комиссияи ҳавзавии интихобот аз хусуси ин қарораш ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ хабар дода, ҳамчунин интихобкунандагони ҳавзаро огоҳ менамояд. Овоздиҳии такрорӣ дар ҳавзаи интихобот дар давоми на дертар аз ду ҳафта дар ҳудуди ҳамон участкаҳои интихобот ва аз рўи ҳамон рўйхати интихобкунандагон ва мувофиқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешавад.
  3. Ҳамон номзад вакили Маҷлиси намояндагон интихобшуда ҳисоб меёбад, ки дар вақти овоздиҳии такрорӣ аз номзади дигар, дар сурaти дар овоздиҳӣ иштирок кардани беш аз нисфи шумораи интихобкунандагони ба  рўйхат  дохилгардида,  миқдори  зиёдтари  овози интихобкунандагонро гирифтааст.
  4. Агар ҳангоми овоздиҳии такрорӣ яке аз номзадҳо бо ягон сабаб хориҷ шавад, овоздиҳӣ барои як номзад гузаронида мешавад. Дар айни ҳол ба номзад барои вакил шуданаш зарур аст, ки зиёда аз нисфи овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштирокдоштаро гирад.
  5. Дар вақти овоздиҳии такрорӣ комиссияи участкавии интихобот овоздиҳиро ҳар вақт тамомшуда эълон карда метавонад, ба шарте ки ҳамаи интихобкунандагони ба рўйхат дохилшуда овоз дода бошанд.

  1. БАҚАЙДГИРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
  2. Комиссияи ҳавзавии дахлдори интихобот баъди имзои протоколи ҷамъбасти натиҷаи интихобот дар ин бора ба номзади интихобгардида хабар медиҳад.
  3. Ба вакилоне, ки дар натиҷаи тақсимоти мандатҳо аз рўи рўйхати номзадҳо интихоб шудаанд, аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ин бора хабар дода мешавад.
  4. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ баъди ба таври расмӣ дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор намудани натиҷаи интихобот дар муддати 3 рўз вакилони интихобгардидаро ба Маҷлиси намояндагон ба қайд мегирад.
  5. Агар дар рафти интихобот ё ҳангоми ҳисоби овозҳо ва ё муайян намудани натиҷаи интихобот қонун риоя нашуда бошад, ки он барои муайян намудани номзади ғолиб таъсир дошта бошад, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ метавонад интихоботро дар ҳавзаи дахлдори интихобот беэътибор шуморад. Нисбати қарор дар бораи беэътибор донистани интихобот дар ҳавзаи дахлдори интихобот ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ рўз шикоят кардан мумкин аст.
  6. Агар интихобот дар участкаҳои алоҳида беэътибор дониста шуда бошад, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ натиҷаи овоздиҳӣ дар ин участкаҳо аз натиҷаи умумии интихобот хориҷ карда мешавад, ба шарте, ки бе онҳо интихобот дар маҷмўъ баргузоршуда ҳисоб карда шавад.

XII. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

  1. Мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, корхонаю муассиса, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар иҷрои ваколатҳояшон ёрӣ расонанд, маълумоти барояшон заруриро дастраси онҳо кунанд. Комиссияи ҳавзавии интихобот ҳуқуқ дорад, ки аз рўи масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ба мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ба корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, ба мансабдорон муроҷиат кунад ва онҳо уҳдадоранд, ки масъалаи ба миён гузошташударо баррасӣ карда, ба комиссияи ҳавзавии интихобот дар муҳлати на дертар аз се рўз ҷавоб диҳанд.
  2. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии комиссияи ҳавзавии интихобот вобаста ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ мешавад.
  3. Шакли ҳисоботи молиявии комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба маблағи воридшуда ва харҷшударо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  4. Раис, муовини раис, котиб ё дигар узви комиссияи ҳавзавии интихобот бо қарори комиссия дар давраи тайёрӣ ва гузаронидани интихобот аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ва ё хидматӣ метавонанд озод бошанд. Дар ин сурат музди миёнаи меҳнат дар ҷои кори асосии ў нигоҳ дошта мешавад ё музди миёнаи меҳнаташ бо тартиби муқарранамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағе, ки барои гузаронидани интихобот ҷудо карда мешавад, пардохт мегардад.
  5. Фаъолияти комиссияҳои ҳавзавии интихобот баъди интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон қатъ мегардад.

 

 

Замимаи 1

ба банди 62 Дастурамали комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нусхаи №

 

ҲАВЗАИ ЯКМАНДАТАИ ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«     » _____________ соли 20__

 

ПРОТОКОЛИ №

ДАР БОРАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ

 

Дар ҳавзаи интихоботии _____________________________________№ ____

                                                        (номи ҳавза)

  1. Шумораи интихобкунандагоне, ки ба рўйхати интихобкунандагон дохил карда шудаанд _______________________________________________________________________

  1. Шумораи интихобкунандагоне, ки ба рўйхат илова шудаанд _______________________________________________________________________________

3.Шумораи бюллетенҳои интихобот, ки комиссияи ҳавзавии интихобот гирифтааст _______________________________________________________________________________

  1. Шумораи бюллетенҳои интихобот, ки ба интихобкунандагони пешакӣ овоздода дода шудааст ________________________________________________________________________
  2. Шумораи бюллетенҳои аз ҳисоб бароварда шуда _________________________________

________________________________________________________________________________

  1. Шумораи бюллетенҳое, ки ба интихобкунандагон дода шудаанд___________________

________________________________________________________________________________

  1. Шумораи бюллетенҳо дар қуттии овоздиҳӣ ______________________________________

________________________________________________________________________________

  1. Шумораи бюллетенҳои эътиборноки интихобот _________________________________

________________________________________________________________________________

  1. Шумораи бюллетенҳое, ки беэътибор дониста шудаанд____________________________

________________________________________________________________________________

  1. Шумораи овозҳои интихобкунандагон, ки ба номзадҳо дода шудаанд:

Насаб, ном ва номи падари номзад  ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумораи овозҳо ба тарафдории номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумораи овозҳо ба муқобили номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
     
     
     
     
     
  1. Шумораи овозҳои интихобкунандагон, ки ба муқобили ҳамаи номзадҳо дода шудаанд _______________________________________________________________________

Раиси комиссия _______________________________________________

                                      ( насаб, ном ва номи падар)                                        имзо

Муовини раиси комиссия_______________________________________

                                      ( насаб, ном ва номи падар)                                        имзо

Котиби комиссия______________________________________________

                                      ( насаб, ном ва номи падар)                                        имзо

Аъзои  комиссия_______________________________________________

                                      ( насаб, ном ва номи падар)                                        имзо

_________________________________________           _________________

_________________________________________           _________________

_________________________________________           _________________

_________________________________________           _________________

_________________________________________           _________________

_________________________________________           _________________

_________________________________________           _________________

_________________________________________           _________________

_________________________________________           _________________

Ҷ.М.                                                                       «___»______________ соли 20__

                                                          (санаи тартиб додани протокол)

     ЭЗОҲ:

Протокол бо фикру мулоҳизаи аъзои комиссия (агар бошанд), арзу шикоятҳо ва қарорҳои вобаста ба онҳо қабулшуда фавран ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ супорида мешавад.

Нусхаи протокол бо рўйхати шахсони боэътимод, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма то ба анҷом расидани кори комиссия дар дасти котиби комиссия нигоҳ дошта мешавад.

Замимаи 2

ба банди 62 Дастурамали комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нусхаи №

 

 

ҲАВЗАИ ЯГОНАИ УМУМИҶУМҲУРИЯВИИ ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«     » _____________ соли 20__

 

ПРОТОКОЛИ №

ДАР БОРАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ

 

Дар ҳавзаи интихоботии _____________________________________№ ____

                                                        (номи ҳавза)

  1. Шумораи интихобкунандагоне, ки ба рўйхати интихобкунандагон дохил карда шудаанд_______________________________________________________________________

  1. Шумораи интихобкунандагоне, ки ба рўйхат илова шудаанд _______________________________________________________________________________

3.Шумораи бюллетенҳои интихобот, ки комиссияи ҳавзавии интихобот гирифтааст _______________________________________________________________________________

  1. Шумораи бюллетенҳои интихобот, ки ба интихобкунандагони пешакӣ овоздода дода шудааст ________________________________________________________________________
  2. Шумораи бюллетенҳои аз ҳисоб бароварда шуда _________________________________

________________________________________________________________________________

  1. Шумораи бюллетенҳое, ки ба интихобкунандагон дода шудаанд___________________

________________________________________________________________________________

  1. Шумораи бюллетенҳо дар қуттии овоздиҳӣ ______________________________________

________________________________________________________________________________

  1. Шумораи бюллетенҳои эътиборноки интихобот _________________________________

________________________________________________________________________________

  1. Шумораи бюллетенҳое, ки беэътибор дониста шудаанд____________________________

________________________________________________________________________________

  1. Шумораи овозҳои интихобкунандагон, ки ба ҳизбҳои сиёсӣ дода шудаанд:

Номи ҳизби сиёсӣ Шумораи овозҳо ба тарафдории ҳизби сиёсӣ Шумораи овозҳо ба муқобили ҳизби сиёсӣ
     
     
     
     
     
     
     
  1. Шумораи овозҳои интихобкунандагон, ки ба муқобили ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ дода шудаанд ______________________________________________________________________

Раиси комиссия _______________________________________________

                                      ( насаб, ном ва номи падар)                                        имзо

Муовини раиси комиссия______________________________________

                                      ( насаб, ном ва номи падар)                                        имзо

Котиби комиссия_____________________________________________

                                      ( насаб, ном ва номи падар)                                        имзо

Аъзои  комиссия_____________________________________________

                                      ( насаб, ном ва номи падар)                                        имзо

_________________________________________          _________________

_________________________________________          _________________

_________________________________________          _________________

_________________________________________          _________________

_________________________________________          _________________

_________________________________________          _________________

_________________________________________          _________________

_________________________________________          _________________

_________________________________________          _________________

 

Ҷ.М.                                                                       «___»______________ соли 20__

                                                          (санаи тартиб додани протокол)

     ЭЗОҲ:

Протокол бо фикру мулоҳизаи аъзои комиссия (агар бошанд), арзу шикоятҳо ва қарорҳои вобаста ба онҳо қабулшуда фавран ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ супорида мешавад.

Нусхаи протокол бо рўйхати шахсони боэътимод, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма то ба анҷом расидани кори комиссия дар дасти котиби комиссия нигоҳ дошта мешавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед