Дар бораи комиссия

ҚҶТ ДАР БОРАИ КМИР (т)

ҚОНУНИИ ҶУМҲУРИИ   ТОҶИКИСТОН

 

 

 

ДАР БОРАИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ

ВА  РАЪЙПУРСИИ   ҶУМҲУРИИ   ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019, №7, мод. 471)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Комиссия) мақоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раъйпурсии умумихалқиро ташкил мекунад ва мегузаронад, ба низоми комиссияҳои интихоботӣ роҳбарӣ мекунад, инчунин ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоатро назорат карда, риоя ва татбиқи якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ва раъйпурсиро таъмин менамояд.
  2. Комиссия мақоми дастаҷамъӣ буда, ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои худ мустақил мебошад, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор ҳисоботдиҳанда намебошад.
  3. Комиссия шахси ҳуқуқӣ буда, дорои суратҳисоб ва ҳисобҳои дигар, муҳру бланкҳо бо ифодаи номи худ ва тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

 

Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти Комиссия

Комиссия дар фаъолияти худ принсипҳои демократии низоми интихобот ва раъйпурсиро амалӣ намуда, барои изҳори озодонаи иродаи интихобкунандагон ва раъйдиҳандагон шароити мусоид фароҳам меорад.

 

Моддаи 4. Ошкорбаёнӣ дар фаъолияти Комиссия

  1. Комиссия фаъолияти худро ба таври шаффоф амалӣ менамояд. Ҷаласаҳои Комиссия ошкоро гузаронида шуда, барои аҳли ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма дастрас мебошанд.
  2. Комиссия дар бораи ҳайат ва қароргоҳи худ, ҷаласаҳо ва қарорҳои дар онҳо қабулгардида, инчунин чорабиниҳое, ки мегузаронад, дар воситаҳои ахбори омма иттилоъ медиҳад.

 

Моддаи 5. Макони ҷойгиршавии Комиссия

  1. Макони ҷойгиршавии Комиссия  пойтахти  Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мебошад.
  2. Дар бинои Комиссия Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.

 

БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАЪСИС ВА ҲАЙАТИ КОМИССИЯ

 

Моддаи 6. Тартиби таъсис ва ҳайати Комиссия

  1. Комиссия дар ҳайати 7 нафар аъзо, аз ҷумла раис, муовин ва 5 нафар аъзо бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешавад.
  2. Котиби Комиссия аз ҳисоби аъзои он дар ҷаласаи Комиссия интихоб карда мешавад.
  3. Узви Комиссия чун қоида бояд дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ё сиёсатшиносӣ бошад.

 

Моддаи 7. Муҳлати ваколати узви Комиссия

Муҳлати ваколати узви Комиссия 7 сол мебошад.

 

Моддаи 8. Узвият дар Комиссия

  1. Узви Комиссия шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ў аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 соли охир истиқомати доимӣ дошта, забони давлатиро донад.
  2. Шаҳрвандони зерин ба ҳайати Комиссия интихоб шуда наметавонанд:

– номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– номзадҳо ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– номзадҳо ба вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоат;

– узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоат;

– узви ҳизби сиёсӣ;

– шахсони боэътимоди номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба узви Маҷлиси миллӣ, ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ;

– шаҳрвандоне, ки суд қобилияти амали онҳоро маҳдуд ё онҳоро ғайри қобили амал эътироф кардааст;

– ходимони касбии иттиҳодияҳои динӣ;

– шаҳрвандоне, ки барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркардаашон доғи судӣ доранд, инчунин шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шудаанд ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудаанд;

– нафақагири давлати хориҷӣ.

  1. Шаҳрванде, ки узви ҳизби сиёсӣ мебошад, дар ҳолате номзад ба аъзои Комиссия пешниҳод мегардад, ки бо тартиби муқарраргардида узвияташро дар ҳизби сиёсӣ қатъ намуда бошад.

 

БОБИ 3. ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ КОМИССИЯ, РАИС,

МУОВИН, КОТИБ ВА УЗВИ КОМИССИЯ

 

Моддаи 9. Ваколатҳои Комиссия

Комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:

– интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раъйпурсии умумихалқиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва мегузаронад;

– ба низоми комиссияҳои интихоботӣ роҳбарӣ мекунад;

– ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоатро назорат мекунад;

– ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба интихобот ва раъйпурсӣ таъмин менамояд;

– риояи принсипҳои раванди интихобот ва раъйпурсиро, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, таъмин менамояд;

– татбиқи якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ва раъйпурсиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад;

– шакли бюллетенҳои овоздиҳии интихобот ва раъйпурсиро муқаррар менамояд;

– дар доираи ваколатҳои худ барои татбиқи дуруст ва якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ дастур ва тавзеҳоти ҳатмӣ қабул мекунад;

– мушоҳидони байналмилалиро аз давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия менамояд ва ба онҳо шаҳодатномаи шакли муқарраршударо месупорад;

– барои аъзои комиссияҳои интихоботӣ ва комиссияҳои раъйпурсӣ конференсияҳо, семинарҳо ва машғулиятҳои омўзишӣ ташкил мекунад;

– дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ташкил ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ чорабиниҳои дахлдорро мегузаронад;

– барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии интихобкунандагон, раъйдиҳандагон ва иштирокчиёни дигари маъракаҳои интихоботӣ ва раъйпурсӣ чорабиниҳои зарурӣ ташкил менамояд;

– натиҷаҳои интихобот ва раъйпурсиро ҷамъбаст ва онҳоро эълон мекунад;

– ваколатҳои дигарро, ки қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамояд.

 

Моддаи 10. Ваколатҳои раиси Комиссия

  1. Раиси Комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:

– ба фаъолияти Комиссия ва дастгоҳи он роҳбарӣ менамояд;

– ҷаласаҳои Комиссияро даъват менамояд ва дар онҳо раисӣ мекунад, рўзномаи ҷаласаро барои баррасӣ ва тасдиқи Комиссия пешниҳод менамояд;

– ба қарорҳо ва протоколҳои Комиссия имзо мегузорад;

– иҷрои қарорҳои қабулкардаи Комиссияро назорат менамояд;

– ба муовини раис ва аъзои Комиссия супоришҳои хаттӣ ва шифоҳӣ медиҳад;

– баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро, ки ба Комиссия ворид мегарданд, таъмин менамояд;

– намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои дигар ва шахсони алоҳидаро барои иштирок кардан дар ҷаласаҳои Комиссия даъват менамояд;

– Комиссияро дар муносибатҳо бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар, шахсони мансабдор, созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ намояндагӣ мекунад;

– кормандони дастгоҳи Комиссияро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

– ваколатҳои дигарро, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, амалӣ менамояд.

  1. Раиси Комиссия дар доираи ваколатҳои худ оид ба масъалаҳои фаъолияти Комиссия ва дастгоҳи он фармоиш ва амрҳо қабул менамояд.
  2. Дар ҳолати ваколатҳояшро амалӣ карда натавонистани раиси Комиссия ё холӣ будани вазифаи раис ваколатҳои раисро муовини раиси Комиссия амалӣ менамояд.

 

Моддаи 11. Ваколатҳои муовини раиси Комиссия

  1. Муовини раиси Комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:

– уҳдадориҳои алоҳидаро, ки аз ваколатҳои Комиссия бармеоянд, иҷро менамояд;

– иҷрои дастуру супоришҳои раисро дар доираи ваколатҳои худ таъмин мекунад;

– ваколатҳои дигарро, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, амалӣ менамояд.

  1. Дар ҳолати ваколатҳояшро амалӣ карда натавонистани муовини раиси Комиссия ё холӣ будани вазифаи муовини раис ваколатҳои ўро котиби Комиссия амалӣ менамояд.

 

Моддаи 12. Ваколатҳои котиби Комиссия

Котиби Комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:

– корҳои омодагиро ба ҷаласаҳои Комиссия анҷом медиҳад ва аъзои Комиссияро бо маводи баррасишаванда таъмин мекунад;

– протоколҳои ҷаласаҳои Комиссияро тартиб медиҳад ва ба онҳо имзо мегузорад;

– супоришҳои раиси Комиссияро иҷро мекунад;

– роҳбари дастгоҳи Комиссия мебошад;

– ваколатҳои дигарро, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, амалӣ менамояд.

 

Моддаи 13. Ҳуқуқу уҳдадориҳои узви Комиссия

  1. Узви Комиссия дорои ҳуқуқу уҳдадориҳои зерин мебошад:

– ба рўзномаи ҷаласаи Комиссия таклиф пешниҳод намояд, вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда фикру ақидаҳои худро изҳор намуда, дар музокираҳо иштирок кунад;

– дар ҷаласаҳои Комиссия иштирок намуда, дар қабули қарорҳо беғаразона овоз диҳад;

– дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои дигар вобаста ба ташкил ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ, инчунин масъалаҳои дигаре, ки ба ваколати Комиссия дохиланд, иштирок намояд;

– аз рўи тақсимот вазифаҳои гузошташударо иҷро намояд;

– супоришҳои Комиссия, раис ва муовини раисро оид ба назорати кори комиссияҳои интихоботӣ ва комиссияҳои раъйпурсӣ иҷро намояд;

– бо супориши Комиссия ва раиси Комиссия муроҷиатҳоро баррасӣ намуда, аз натиҷаи он ба Комиссия гузориш диҳад;

– ваколатҳои дигарро, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, амалӣ намояд.

  1. Узви Комиссия ҳуқуқ надорад дар ташвиқу тарғиби пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ва дар раъйпурсӣ вобаста ба масъалаи гузошташуда иштирок намояд.

 

Моддаи 14. Фаъолияти меҳнатии узви Комиссия

  1. Раис, муовини раис ва аъзои Комиссия мансаби давлатии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
  2. Раис, муовини раис ва аъзои Комиссия дар асоси касбӣ ва доимӣ фаъолият менамоянд. Онҳо, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омўзгорӣ, наметавонанд вазифаи дигареро ишғол кунанд ва бо соҳибкорӣ машғул шаванд.
  3. Музди меҳнати раис, муовини раис ва аъзои Комиссия аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  4. Ба раис, муовини раис ва аъзои Комиссия тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 45 рўзи тақвимӣ рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда дода мешавад.
  5. Нафақаи раис, муовини раис ва аъзои Комиссия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
  6. Кафолатҳои моддӣ ва иҷтимоии раис, муовини раис ва аъзои Комиссия, таъминот ва хизматрасонии тиббию иҷтимоии онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 15. Бозхонди раис, муовини раис ва аъзои Комиссия

  1. Раис, муовини раис ва аъзои Комиссия дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда мешаванд.
  2. Раис, муовини раис ва аъзои Комиссия бо асосҳои зерин пеш аз муҳлат бозхонд карда мешаванд:

– ариза дар бораи бо хоҳиши худ даст кашидан аз узвият;

– қатъ гаштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;

– барои истиқомати доимӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан;

– мувофиқат накардан ба талаботи моддаи 8 Қонуни мазкур;

– эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд нисбати  ў;

– бо қарори суд бедарак ғоибшуда ё фавтида эълон гардидани ў;

– бе сабабҳои узрнок иштирок накардан дар ҷаласаҳои Комиссия;

– иштирок кардан дар тарғибу ташвиқи пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ва масъалаи дар раъйпурсӣ гузошташуда, инчунин ошкор гардидани ғаразнокии ў дар масъалаҳои баррасишаванда;

– бо сабаби  вазъи саломатӣ ё сабабҳои дигари узрнок муддати дуру дароз (на камтар аз чор моҳ пай дар пай) уҳдадориҳои худро иҷро накардани ў;

– риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

– бо сабаби ба кори дигар гузаштан;

– дар ҳолати вафоти ў.

  1. Ҳангоми ба вуҷуд омадани асосҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда, то баррасии масъалаи пеш аз муҳлат бозхонд намудани раис, муовини раис ва аъзои Комиссия ваколатҳои онҳо бо қарори Комиссия боз дошта мешаванд.

 

БОБИ 4. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯ

 

Моддаи 16. Ташкили фаъолияти Комиссия

Фаъолияти Комиссия тибқи Қонуни мазкур, санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастури Комиссия, инчунин санадҳое, ки Комиссия қабул кардааст, ташкил карда мешавад.

 

Моддаи 17. Шакли фаъолияти Комиссия

  1. Фаъолияти Комиссия дар шакли ҷаласаҳо сурат мегирад. Дар ҷаласаҳо масъалаҳое, ки ба ваколати Комиссия дохиланд, мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
  2. Ҷаласаҳои Комиссия аз рўи зарурат ва дар давраи интихобот ва раъйпурсӣ на камтар аз як маротиба дар як моҳ гузаронида мешаванд.
  3. Ҷаласаҳои Комиссия дар сурати ҳузур доштани на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Комиссия баргузор мегарданд.

 

Моддаи 18. Қарорҳои Комиссия

  1. Комиссия аз рўи натиҷаи баррасии масъалаҳо қарор қабул намуда, иҷрои онро назорат мекунад.
  2. Қарори Комиссия бо овоздиҳии ошкоро ва тарафдории аз нисф зиёди аъзои Комиссия қабул карда мешавад. Дар сурати баробар будани овозҳо, овози раисикунандаи ҷаласа ҳалкунанда мебошад.

 

Моддаи 19. Иҷрои қарорҳои Комиссия

  1. Иҷрои қарорҳои Комиссия, ки дар доираи ваколаташ қабул шудаанд, барои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои дигар ва шахсони мансабдор, номзадҳо, интихобкунандагон, ҳамчунин барои ҳамаи комиссияҳои интихобот ва раъйпурсӣ ҳатмӣ мебошанд.
  2. Нисбат ба қарори Комиссия бо тартиби муқарраргардида ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ рўзи баъди қабули он шикоят кардан мумкин аст.
  3. Комиссия ҳуқуқ дорад, ки доир ба масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои дигар, шахсони мансабдор муроҷиат кунад ва онҳо уҳдадоранд, ки онро баррасӣ карда, ба Комиссия дар муҳлати на дертар аз се рўз ҷавоб диҳанд.

 

Моддаи 20. Тартиби пешниҳоди муроҷиатҳо ба Комиссия

Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба Комиссия аз рўи масъалаҳои ба ваколатҳои он дахлдошта муроҷиат намоянд. Муроҷиатҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, санадҳои қонунгузорӣ дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баррасӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 21. Уҳдадориҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкил ва баргузории интихобот ва раъйпурсӣ

Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд дар ташкил ва баргузории интихобот ва раъйпурсӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссия мусоидат намоянд.

 

Моддаи 22. Уҳдадориҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ташкил ва баргузории интихобот ва раъйпурсӣ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ташкил ва баргузории интихобот ва раъйпурсӣ уҳдадоранд:

дар муҳлат ва тартиби муқаррарнамудаи Комиссия маълумоти дахлдорро оид ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои дахлдор истиқомат карда, ҳуқуқи интихоб кардан ва раъй доданро доранд, пешниҳод намоянд;

– барои комиссияҳои дахлдори интихоботӣ ва раъйпурсӣ ҷойҳои мувофиқро барои ҷойгиршавӣ ва баргузории интихобот ва раъйпурсӣ ҷудо намоянд;

– комиссияҳои дахлдори интихобот ва раъйпурсиро бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намоянд;

– ба комиссияҳои дахлдори интихоботӣ барои баргузории вохўрии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон, инчунин вохўрии гурўҳҳои таблиғотиро оид ба масъалаҳои дар раъйпурсӣ гузошташуда бо овоздиҳандагон толорҳои дахлдор ва ҷойи мувофиқ ҷудо намоянд;

– бо тартиби муқарраргардида номзадҳоро ба аъзои комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ ва раъйпурсӣ, инчунин комиссияҳои участкавии интихоботӣ ва раъйпурсӣ пешниҳод намоянд;

– уҳдадориҳои дигарро, ки дар қонунҳои конститутсионӣ оид ба интихобот ва раъйпурсӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, иҷро намоянд.

 

БОБИ 5. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОМИССИЯ

 

Моддаи 23. Ҳамкорӣ бо мақомот оид ба интихобот дар давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои (ассотсиатсияҳои) байналмилалӣ

  1. Комиссия метавонад бо мақомот оид ба интихобот дар давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои (ассотсиатсияҳои) байналмилалӣ оид ба масъалаҳои интихобот ҳамкорӣ намояд.
  2. Комиссия бо тартиби муқарраргардида метавонад ба созмонҳои (ассотсиатсияҳои) байналмилалии соҳавӣ ҳамроҳ шавад.

 

Моддаи 24. Иштироки узви Комиссия дар ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ

Узви Комиссия бо тартиби муқарраргардида метавонад ба сифати мушоҳиди байналмилалӣ дар ташкил ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсии давлатҳои хориҷӣ иштирок намояд.

 

БОБИ 6. ДАСТГОҲИ КОМИССИЯ ВА ТАЪМИНОТИ

МОДДИЮ МОЛИЯВИИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯ

 

Моддаи 25. Дастгоҳи Комиссия

  1. Барои таъмини фаъолияти Комиссия дастгоҳи Комиссия таъсис дода мешавад.
  2. Кормандони дастгоҳи Комиссия хизматчиёни давлатӣ мебошанд.
  3. Дастгоҳи Комиссия тибқи Низомномаи он таъминоти ташкилӣ-методӣ, иттилоотӣ-таҳлилӣ ва моддӣ-техникии фаъолияти Комиссияро амалӣ менамояд. Комиссия Низомномаи Дастгоҳи Комиссияро тасдиқ менамояд.
  4. Сохтор ва шумораи воҳидҳои кории дастгоҳи Комиссия бо пешниҳоди раиси Комиссия аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 26. Маблағгузории фаъолияти Комиссия

  1. Маблағгузории фаъолияти Комиссия аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  2. Дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар сатри алоҳида маблағҳои зарурии таъмини фаъолияти Комиссия пешбинӣ карда мешавад.
  3. Молу мулке, ки барои фаъолияти Комиссия зарур аст, дар идоракунии оперативии Комиссия буда, моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 27. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 28. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            Эмомалӣ Раҳмон

 

19 июли соли 2019

№1642