Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ

Дар бораи баргардонидани гарави интихоботӣ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Солиҳов З.С.-ро, дар бораи ба ӯ баргардонидани гарави интихоботии супоридааш ва маводҳои дахлдорро омӯхта муайян кард:

Солиҳов З.С. номзадиашро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Файзобод №11 пешбарӣ намуда, 23 январи соли 2020 бо расиди № 12455708 маблағи гарави интихоботиро ба миқдори 5800 сомонӣ дар шуъбаи БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Файзобод супоридааст.

Комиссияи ҳавзавии интихобот бо қарори худ аз 5 феврали соли 2020 №7 бақайдгирии номзадии Солиҳов З.С.-ро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад кардааст.

Асоснокии ҳамин қарори комиссияи ҳавзавӣ мавриди баҳс намебошад.

Мувофиқи талаботи моддаи 321 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пеш аз бақайдгирӣ ва баъди аз тарафи комиссияи ҳавзавии дахлдори интихобот муайян намудани мувофиқат кардани номзад ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории интихобот ӯ аз маблағи шахсии худ ба суратҳисоби махсуси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва шуъбаҳои он гарави интихоботиро месупорад.

Аз рӯи ҳуҷҷатҳои дар парванда мавҷудбуда, аз ҷумла расиди №12455708 дида мешавад, ки Солиҳов З.С. то муайян намудани мувофиқати ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба талаботи қонунгузории интихобот маблағи гарави интихоботиро супоридааст. Маблағи мазкур 29 январи соли 2020 ба суратҳисоби махсуси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст.

Азбаски Солиҳов З.С. маблағи гарави интихоботиро то ба талаботи қонунгузории интихобот муайян гардидани мутобиқати ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамуда пардохт намудааст, ин ҳолат барои баргардонидани маблағи гарави интихоботӣ асос мебошад.

Бо дарназардошти чунин ҳолат ва дастрасии модаҳои 12, 20 ва 321 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кард:

  1. Маблағи гарави интихоботӣ ба миқдори 5800 сомонӣ, ки 23 январи соли 2020 бо расиди № 12455708 ба БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Файзобод пардохт гардидааст ва он ба суратҳисоби махсуси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст, ба Солиҳов Завқибек Саидаминович баргардонида шавад.
  2. Нусхаи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Файзобод №11 ва Солиҳов Завқибек Саидаминович барои маълумот ирсол карда шавад.
  3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, БДА ҶТ “Амонатбонк” ва муҳосиботи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба Солиҳов Завқибек Саидаминович баргардонидани маблағи гарави интихоботӣ вазифадор карда шаванд.
  4. Нисбат ба қарори Комиссия ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ рӯзи баъди қабули он шикоят кардан мумкин аст.

Раиси Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                       Б. Худоёрзода

Котиби Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                       Н. Самадзода

ш.Душанбе, «13» феврали соли 2020,

№59

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед