Дар бораи ташкил кардани ҳавзаҳои интихобот оид
ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи моддаҳои 8 ва 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
- Барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳудудҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботии зерин ташкил карда шаванд:
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ФИРДАВСӢ № 1
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Фирдавсӣ пурра;
қароргоҳ – бинои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, кӯчаи Н.Қарабоев – 42/2;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 76 816 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ № 2
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Исмоили Сомонӣ пурра;
қароргоҳ– бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, хиёбони Исмоили Сомонӣ 1/1;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 53 570 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ШОҲМАНСУР № 3
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Шоҳмансур пурра;
қароргоҳ – бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, хиёбони Рӯдакӣ-17;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 70 135 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ СИНО № 4
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Сино пурра;
қароргоҳ – бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев, хиёбони Сино – 43;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 147 489 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ВАҲДАТ № 5
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – шаҳри Ваҳдат пурра;
қароргоҳ–бинои Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Сомониён- 4;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 196 608 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ РОҒУН № 6
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – шаҳри Роғун пурра;
қароргоҳ – бинои Меҳмонхонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, кӯчаи Сохтмончиён – 54;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 23 683 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ТУРСУНЗОДА № 7
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – шаҳри Турсунзода пурра;
қароргоҳ – бинои Хонаи фарҳанги шаҳр, кӯчаи М.Турсунзода – 145;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 165 221 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ВАРЗОБ № 8
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Варзоб пурра;
қароргоҳ – бинои Дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия, Ҷамоати деҳоти Варзоб – Қалъа, деҳаи Варзоб;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 52 000 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ РАШТ № 9
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Рашт пурра;
қароргоҳ – бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт, Ҷамоати шаҳраки Ғарм, кӯчаи И.Сомонӣ – 42;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 67 672 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ НУРОБОД № 10
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Нуробод пурра;
қароргоҳ – бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14, шаҳраки Дарбанд, кӯчаи Рӯдакӣ – 12;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 40 123 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ РӮДАКӢ № 11
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Рӯдакӣ пурра;
Қароргоҳ – бинои филиали Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” дар ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён, кӯчаи Турдиев – 23;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 273 889 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ САНГВОР № 12
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Сангвор пурра;
қароргоҳ – бинои Кохи фарҳанги ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Тавилдара, кӯчаи Исмоили Сомонӣ – 1;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 12 024 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ТОҶИКОБОД № 13
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Тоҷикобод пурра;
қароргоҳ – бинои Маркази фароғатии ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод, кӯчаи И.Сомонӣ – 42;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 24 606 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ФАЙЗОБОД № 14
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Файзобод пурра;
қароргоҳ – бинои Филармонияи халқии ноҳия, кӯчаи И.Сомонӣ – 54;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 58 006 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ҲИСОР № 15
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Ҳисор пурра;
қароргоҳ – бинои Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор, Ҷамоати шаҳраки Ҳисор, хиёбони Ҳабибулло Назаров – 2;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 171 616 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ЛАХШ № 16
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Лахш пурра;
қароргоҳ – бинои Муассисаи алоқаи почтавии ноҳия, шаҳраки Ваҳдат, кӯчаи Сомониён – 62;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 25 666 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ШАҲРИНАВ № 17
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Шаҳринав пурра;
қароргоҳ – бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав, кӯчаи И.Сомонӣ – 117;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 79 803 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ХОРУҒ № 18
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – шаҳри Хоруғ пурра;
қароргоҳ – бинои Раёсати кишоварзии ВМКБ, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ш.Шоҳтемуров – 121;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 17 921 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ВАНҶ № 19
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Ванҷ пурра;
қароргоҳ – бинои Ҷамоати деҳоти Маҳмаддулло Абдуллоев, кӯчаи Исмоили Сомонӣ – 10;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 13 044 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ДАРВОЗ № 20
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Дарвоз пурра;
қароргоҳ – бинои бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Дарвоз, кӯчаи Шоҳмансур – 34;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 13 023 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ИШКОШИМ № 21
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Ишкошим пурра;
қароргоҳ – бинои рӯзномаи «Зиндагӣ», Ҷамоати деҳоти Рустамбек Юсуфбеков, кӯчаи Мирзо Бобоков – 1;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 12 621 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ МУРҒОБ № 22
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Мурғоб пурра;
қароргоҳ – бинои Бахши Агентии омор дар ноҳияи Мурғоб, Ҷамоати шаҳраки Мурғоб, кӯчаи Сомонӣ – 1;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 10 121 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ РОШТҚАЛЪА № 23
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Роштқалъа пурра;
қароргоҳ – бинои Мактаби мусиқии ноҳияи Роштқалъа, кӯчаи Сохтмончиён – 22;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 11 237 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ РӮШОН № 24
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Рӯшон пурра;
қароргоҳ – бинои Нозироти андози ноҳияи Рӯшон, Ҷамоати деҳоти Рӯшон, кӯчаи Ленин – 16;
шумораи интихобкунандагон – 13 786 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ШУҒНОН № 25
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Шуғнон пурра;
қароргоҳ – бинои Корхонаи фаръии давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» – и ноҳияи Шуғнон, Ҷамоати деҳоти Поршинев, шаҳраки Ваҳдат;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 18 413 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ХУҶАНД № 26
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – шаҳри Хуҷанд пурра;
қароргоҳ – бинои Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Исмоили Сомонӣ – 36а;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 103 685 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ИСФАРА № 27
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – шаҳри Исфара пурра;
қароргоҳ – бинои Маркази адлия дар шаҳр, кӯчаи Марказӣ – 39;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 162 105 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ КОНИБОДОМ № 28
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – шаҳри Конободом пурра;
қароргоҳ – бинои Коллеҷи технологии ба номи А.Қаҳҳоров, кӯчаи Исмоили Сомонӣ – 208;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 135 154 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ГУЛИСТОН № 29
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – шаҳри Гулистон пурра;
қароргоҳ – бинои Мактаби санъати шаҳри Гулистон, кӯчаи Истиқлол – 44а;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 24 162 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ПАНҶАКЕНТ № 30
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – шаҳри Панҷакент пурра;
қароргоҳ – бинои Маҷмааи эҷодӣ – фарҳангии ба номи Лоиқ Шералӣ, хиёбони Рӯдакӣ – 126;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 174 561 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ИСТИҚЛОЛ № 31
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – шаҳри Истиқлол пурра;
қароргоҳ– бинои Литсейи касбии техники №29, кӯчаи Турсунзода–7;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 9 715 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ИСТАРАВШАН № 32
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – шаҳри Истаравшан пурра;
қароргоҳ – бинои Маркази адлия дар шаҳри Истаравшан, хиёбони Исмоили Сомонӣ;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 162 856 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ БӮСТОН № 33
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – шаҳри Бӯстон пурра;
қароргоҳ – бинои шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон, кӯчаи В.Опланчук – 6;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 19 657 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ АЙНӢ № 34
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Айнӣ пурра;
қароргоҳ – бинои Китобхонаи системаи марказонидашудаи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, Ҷамоати деҳоти Айнӣ, кӯчаи Рудакӣ – 21;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 43 849 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ АШТ № 35
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Ашт пурра;
қароргоҳ – бинои Муассисаи давлатии вилоятии «Театри мусиқӣ – драмавии ба номи М.Воҳидов», шаҳраки Шайдон, кӯчаи И.Сомонӣ – 24;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 101 279 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ № 36
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пурра;
қароргоҳ – бинои Муассисаи вилоятии давлатии «Қасри маданияти Арбоб», Ҷамоати деҳоти Унҷӣ, кӯчаи Ленин – 106;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 214 547 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ДЕВАШТИЧ № 37
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Деваштич пурра;
қароргоҳ – бинои Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, шаҳраки Ғончӣ, кӯчаи Исмоили Сомонӣ – 22;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 102 546 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ЗАФАРОБОД № 38
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Зафаробод пурра;
қароргоҳ – бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод, шаҳраки Зафаробод, кӯчаи Байналмилал – 15;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 41 708 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ № 39
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ пурра;
қароргоҳ – бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон;
шумораи интихобкунандагон – 14 987 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ МАСТЧОҲ № 40
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Мастчоҳ пурра;
қароргоҳ – бинои Литсейи касбии саноатию кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ, кӯчаи С.Акрамов – 2;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 75 310 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ СПИТАМЕН № 41
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Спитамен пурра;
қароргоҳ – бинои Китобхонаи марказии ноҳия ба номи Камоли Хуҷандӣ, Ҷамоати шаҳраки Навкат, кӯчаи Спитамен – б/р;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 74 299 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ҶАББОР РАСУЛОВ № 42
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ ноҳияи Ҷаббор Расулов пурра;
қароргоҳ – бинои Қасри фарҳанги «Гулистон», Ҷамоати шаҳраки Меҳробод, кӯчаи Ленин – б/р;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 81 397 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ШАҲРИСТОН № 43
Ҳудуди ҳавзаи интихобот – ноҳияи Шаҳристон пурра;
қароргоҳ – бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон, Ҷамоати деҳоти Шаҳристон, кӯчаи Истаравшан – 16;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 24 737 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ БОХТАР № 44
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – шаҳри Бохтар пурра;
қароргоҳ – бинои меҳмонхонаи Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон кӯчаи Б.Ғафуров – 27;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 49 994 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ КӮЛОБ № 45
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – шаҳри Кӯлоб пурра;
қароргоҳ – бинои Китобхонаи марказӣ ба номи С.Айнӣ, кӯчаи И.Сомонӣ – 72;
шумораи пешакии интихобкунандагон –108 910 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ НОРАК № 46
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – шаҳри Норак пурра;
қароргоҳ – бинои Қасри фарҳанги шаҳр, кӯчаи Калижнюк – 7;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 30 976 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ЛЕВАКАНТ № 47
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – шаҳри Левакант пурра;
қароргоҳ – бинои Раёсати молияи шаҳр, кӯчаи Борбад – 19;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 26 479 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ БАЛҶУВОН № 48
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Балҷувон пурра;
қароргоҳ – бинои бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 17 389 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ НОСИРИ ХУСРАВ № 49
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Носири Хусрав пурра;
қароргоҳ – бинои шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳия, Ҷамоати деҳоти «Фирӯза», деҳаи Баҳор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 21 807 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ КӮШОНИЁН № 50
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Кӯшониён пурра;
қароргоҳ – бинои Раёсати молияи ноҳия, кӯчаи Сино – 3;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 122 678 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ВАХШ № 51
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Вахш пурра;
қароргоҳ – бинои идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия, Ҷамоати шаҳраки Вахш, кӯчаи Абдуманон Шоев – 32а;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 100 185 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ВОСЕЪ № 52
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Восеъ пурра;
қароргоҳ – бинои шуъбаи маорифи ноҳия, кӯчаи И.Сомонӣ – 35;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 106 894 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ХУРОСОН № 53
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Хуросон пурра;
қароргоҳ – бинои Ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳия, кӯчаи И.Сомонӣ – 2;
шумораи пешакии интихобкунандагон –65 365 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ДАНҒАРА № 54
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Данғара пурра;
қароргоҳ – бинои Маркази татбиқи лоиҳаҳои обёрии заминҳои водии Данғара, кӯчаи Марказӣ – 34;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 96 033 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ЁВОН № 55
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Ёвон пурра;
қароргоҳ – бинои Ҷамоати шаҳраки Ёвон, ошёнаи дуюм, кӯчаи М.Турсунзода – 42;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 115 681 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ҚУБОДИЁН № 56
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Қубодиён пурра;
қароргоҳ – бинои бахши фарҳанги ноҳия, кӯчаи И.Сомонӣ – 238;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 104 483 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ № 57
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пурра;
қароргоҳ – бинои Кинотеатри ба номи М.Горкий, шаҳраки Балх, кӯчаи Румӣ – 33;
шумораи пешакии интихобкунандагон –101 244 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ҶАЙҲУН № 58
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Ҷайҳун пурра;
қароргоҳ – бинои Литсейи касбии техникии №34, кӯчаи Борбади Марвазӣ – 24;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 67 242 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ МИР САЙИД
АЛИИ ҲАМАДОНӢ № 59
Ҳудуди ҳавзаи интихобтӣ – ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пурра;
қароргоҳ – бинои Маркази дастгирии рушди истеъдодҳои шуъбаи маорифи ноҳия, шаҳраки Москва, кӯчаи Закариёи Розӣ – 5;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 78 895 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ МӮЪМИНОБОД № 60
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Мӯъминобод пурра;
қароргоҳ – бинои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия, кӯчаи И.Сомонӣ;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 47 772 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ПАНҶ № 61
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Панҷ пурра;
қароргоҳ – бинои Варзишгоҳи марказии ноҳия, кӯчаи Лоҳутӣ – 16;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 49 559 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ТЕМУРМАЛИК № 62
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Темурмалик пурра;
қароргоҳ – бинои Қасри фарҳанги ноҳия, кӯчаи И.Сомонӣ – 49;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 33 597 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ФАРХОР № 63
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Фархор пурра;
қароргоҳ – бинои шуъбаи маорифи ноҳия, кӯчаи Ҳ.Шерозӣ – 4;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 83 437 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ХОВАЛИНГ № 64
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Ховалинг пурра;
қароргоҳ – бинои бахши асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ноҳия, кӯчаи Исмоили Сомонӣ;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 27 377 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ № 65
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ пурра;
қароргоҳ – бинои шуъбаи маорифи ноҳия, кӯчаи Сомониён – 17;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 89 005 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ДӮСТӢ № 66
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Дӯстӣ пурра;
қароргоҳ – бинои раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳия, кӯчаи А.Рудакӣ;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 52 729 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ШАҲРИТУС № 67
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Шаҳритус пурра;
қароргоҳ – бинои Қасри фарҳанги ноҳия, кӯчаи И.Сомонӣ;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 59 016 нафар.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН № 68
Ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – ноҳияи Шамсиддини Шоҳин пурра;
қароргоҳ – бинои шуъбаи маорифи ноҳия, деҳаи Шӯрообод;
шумораи пешакии интихобкунандагон – 28 151 нафар.
- Шумораи пешакии умумии интихобкунандагон дар ҷумҳурӣ 4 900 545 нафар.
Раиси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода
Котиби Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Самадзода
шаҳри Душанбе, 7 августи соли 2020, № 102