24 августи соли 2020 таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласаи навбатии Комиссия баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ки ба рӯзи 11 октябри соли 2020 таъин гардидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласаи Комиссияи марказӣ намуна ва шакли ҳуҷҷатҳо барои гузаронидани интихоботи дарпешистода, ташкили гуруҳҳои корӣ оид ба таъмини фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ, оид ба баррасии арзу шикоятҳо, оид ба санҷиши асолати имзоҳои ба тарафдории номзадҳои пешбаришуда ҷамъоваригардида, таъсиси маркази Матбуотии Комиссия, Тартиби муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили участкаҳои интихобот дар давлатҳои хориҷӣ масъалагузорӣ карда шуданд. Дар баробари ин Роҳнамоҳо оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, барои кормандони милитсия ҷиҳати таъмини бехатарии раванди интихобот ва барои волонтёрон дар интихоботи президентӣ баррасӣ гардиданд.
Бо қарори Комиссияи марказӣ намуна ва шакли ҳуҷҷатҳо тасдиқ гардиданд, ки онҳо аз ҷониби комиссияҳои поёнии интихоботӣ барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда мешаванд. Дар баробари ин аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳои мухталиф гуруҳҳои кории Комиссияи марказӣ оид ба таъмини фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ, оид ба санҷиши асолати имзоҳои ҷамъоваришуда ба тарафдории номзади пешбаришуда таъсис дода шуданд. Дар баробари ин барои баррасии ҳаматарафа ва саривақтии арзу шикоятҳои ба раванди интихобот дахлдошта гуруҳи кории мустақил амал мекунад. Маркази Матбуотии Комиссия ва Тартиби ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ тасдиқ гардиданд, ки онҳо ба тақвияти таъмини шафоф ва ошкоро будани маъракаи муҳимми сиёсии дарпешистода мусоидат мекунанд. Ҳамчунин бо қарори Комиссияи марказӣ дар 29 давлати хориҷӣ дар назди сафоратхонаҳо, намояндагиҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 участкаи интихоботӣ ташкил карда шуданд.
Корҳои ташкилӣ барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рӯзи 11 октябри соли 2020 таъин гардидааст,идома дорад.