Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ

Дар бораи тасдиқи Дастур оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеаи

шаҳрвандӣ дар раванди интихоботи Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мувофиқи муқаррароти моддаи 4 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ”, моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади ошкоро, шаффоф ва ба таври демократӣ гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ   қ а р о р   м е к у н а д:

  1. Дастур оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад. (замима мегардад).
  2. Ҳамин Дастур барои иҷро ба комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шавад.

 

 

 

Раиси Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                Б. Худоёрзода

 

Котиби Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                 Н.Самадзода

 

ш. Душанбе, 24 августи соли 2020,

№113

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед