Дар бораи рад кардани бақайдгирии Усмонзода С.У. номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Демократи Тоҷикистон
Мувофиқи моддаҳои 12 ва 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуҷҷатҳои номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Саидҷаъфар Усмонро, ки аз ҷониби Ҳизби Демократи Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, баррасӣ намуда, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
Бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Саидҷаъфар Усмон, ки аз ҷониби Ҳизби Демократи Тоҷикистон пешбарӣ гардидааст, бинобар ҷавобгӯй набудани фоизи имзоҳои ҷамъоваришуда ба талаботи қисми сеюми моддаи 65 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми чоруми моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда шавад.
Раиси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода
Котиби Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Самадзода
ш. Душанбе, 13 сентябри соли 2020,
№ 128