14 сентябри соли 2020 таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласаи навбатии Комиссия баргузор гардид, ки дар он масъалањои марбут ба ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон ки ба рӯзи 11 октябри соли 2020 таъин гардидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласаи Комиссияи марказӣ масъалањои рад кардани бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон, бақайдгирии шахсони боэътимоди номзадњо ба мансаби Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон ва мушаххас кардани њайати комиссияњои њавзавӣ мавриди муњокима қарор гирифтанд.
Мувофиқи моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумњурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон” ба Комиссияи марказӣ қарорњои дахлдор дар бораи пешбарии номзад аз ҷониби Њизби Демократи Тоҷикистон барои маълумот ворид гардида буд.
Ба њолати 13 сентябри соли 2020 мувофиқи моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумњурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон” барои баррасӣ ва бақайдгирии номзад ба Комиссияи марказӣ њуҷҷатњои дахлдор аз ҷониби Њизби Демократи Тоҷикистон ворид гардиданд. Комиссияи марказӣ њуҷҷатњои воридгардидаи номзадро мавриди омӯзиш қарор дода, бинобар ба талаботи қисми сеюми моддаи 65 Конститутсия ва қисми чоруми моддаи 24 Қонуни конститутсионии болозикр ҷавобгӯй набудани њуҷҷатњо бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон, Усмонзода Саидҷаъфар Усмон, ки аз ҷониби Њизби Демократи Тоҷикистон пешбарӣ гардидааст, рад намуд.
Мувофиқи моддаи 28 Қонуни конститутсионӣ Комиссияи марказӣ шахсони боэътимоди номзадњо ба мансаби Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон Латифзода Рустам Барот, Ѓаффорзода Абдуњалим Розиқ, Эмомалӣ Рањмон, Абдуллоев Мироҷ Санонович ва Рањматзода Рустамро дар асоси рӯйхати пешнињоднамудаи онњо ба қайд гирифт. Шахсони бақайдгирифташуда ба номзадњо ба мансаби Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон дар гузаронидани маъракаи интихоботӣ ёрӣ мерасонанд, манфиатњои онњоро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, комиссияњои интихоботӣ њифз мекунанд.
Вобаста ба масъалаи охирин қарори Комиссия қабул карда шуд.
Корњои ташкилӣ барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рӯзи 11 октябри соли 2020 таъин гардидааст, идома доранд.