ЛАТИФЗОДА РУСТАМ БАРОТ
27 ноябри соли 1960 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз соли 2014 вазифаи Раиси Ҳизби Аграрии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.
Истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Аз ҷониби Ҳизби Аграрии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.
ҒАФОРЗОДА АБДУҲАЛИМ РОЗИҚ
24 декабри соли 1951 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз соли 2004 вазифаи Раиси Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.
Истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби 7 фарзанд.
Аз ҷониби Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
5 октябри соли 1952 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз соли 1998 вазифаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.
Истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби 9 фарзанд.
Аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.
РАҲМАТЗОДА РУСТАМ
24 сентябри соли 1960 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз соли 2019 вазифаи Раиси Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.
Истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Аз ҷониби Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.
АБДУЛЛОЕВ МИРОҶ САНОНОВИЧ
15 августи соли 1948 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз соли 2017 то имрӯз вазифаи Раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.
Истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.
Аз ҷониби Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.