Санаи 21 декабри соли 2024 таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа бо қарори дахлдори Комиссия барои мусоидат ва татбиқи дурусти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот намуна ва шакли ҳуҷҷатҳо барои гузаронидани интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоатҳо тасдиқ гардиданд.
Мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ субъекти раванди интихобот ба ҳисоб мераванд. Иштироки онҳо далели ба таври шаффофу ошкоро баргузор гардидани интихобот маҳсуб меёбад. Ҷиҳати мусоидат ба фаъолияти муназзам ва мутобиқ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа Тартибҳои пешбарӣ ва иштироки мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд.
Бо мақсади баррасии саривақтии арзу шикоятҳо дар раванди интихобот гурӯҳи кории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин масъала ташкил гардид.
Ҳамчунин ҷиҳати риоя ва татбиқи якхелаи қонунгузории интихобот барои раисони комиссияҳои участкавии интихобот Роҳнамо оид ба тартиби ҳисобкунии овозҳои интихобкунандагон дар интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ муҳокима ва тасдиқ карда шуд.
Дар ҷараёни ҷаласаи Комиссияи марказӣ дар заминаи масъалаҳои зикргардида муҳокимаҳо сурат гирифта, аъзои Комиссия оид ба моҳият ва аҳаммияти қарорҳои қабулшуда фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома доранд.