Санаи 13 январи соли 2025 таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказӣ баргузор гардид.
Ҷиҳати мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаффоф ва ошкоро баргузор намудани интихобот, таъмини шароити баробар барои ҳамаи субъектҳое, ки дар раванди интихобот иштирок мекунанд ва муайян намудани тартиб ва василаҳои гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботӣ қарори Комиссияи марказӣ дар бораи тасдиқи Қоидаҳои гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзад пешбарӣ намудаанд, баррасӣ ва қабул гардид. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ташвиқоти пешазинтихоботӣ баъди бақайдгирии номзад оғоз ёфта, як шабонарӯз пеш аз интихобот қатъ мегардад.
Ҳамзамон Комиссияи марказӣ бо қарорҳои дахлдор Тартибҳоро дар бораи ташкили хазинаи интихоботӣ, истифодабарии он аз ҷониби номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсие, ки ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ номзад пешбарӣ намудаанд, баррасӣ ва тасдиқ кард.
Ҷиҳати инъикоси ҳамаҷонибаи интихоботи дарпешистода, дастрас намудани маълумоти саривақтӣ, саҳеҳ ва ошкоро ба интихобкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори Комиссияи марказӣ оид ба бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Қайд гардид, ки воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ баъди бақайдгирӣ ҳуқуқи инъикоси раванди интихоботро пайдо мекунанд.
Корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома доранд.