ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ

Санаи 7 январи соли 2025 таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказӣ баргузор гардид.

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Комиссияи марказӣ дар хусуси таъсиси комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои бисёрмандатии интихобот қабул қарда шуд. Тибқи қарори болозикр панҷ комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1, вилояти Суғд №2, вилояти Хатлон №3, шаҳри Душанбе №4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 таъсис дода шуданд.

Дар ҷаласа Дастурамал барои комиссияҳои интихобот ҷиҳати мусоидат  ба шахсони имконияташон маҳдуд дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва тасдиқ карда шуд. Ҳадафи қабули Дастурамали мазкур мусоидат ба татбиқи ҳуқуқи интихоботии шахсони имконияташон маҳдуд, аз он ҷумла ташкили инфрасохтори дастрас ва ҳуҷраҳои алоҳидаи овоздиҳӣ маҳсуб мешаванд.

Дар ҷараёни  ҷаласаи Комиссияи марказӣ як қатор масъалаҳои дигари ташкилӣ низ мавриди  муҳокима дода шуда, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдори  Комиссияи марказӣ қабул гардид.

Корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланди ташкилию  сиёсӣ баргузор намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома доранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед