Санаи 27 декабри соли 2024 таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа нахуст масъалаи ташкили ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Тибқи қарори Комиссияи марказӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ таъсис дода шуд.
Бо мақсади ҷалби васеи шаҳрвандон, ба хусус ҷавонон ба раванди интихобот, боло бурдани сатҳи маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва фарҳанги интихоботии онҳо қарори дахлдори Комиссияи марказӣ дар хусуси нимаи дуюми феврали соли 2025 дар тамоми ҷумҳурӣ ташкил ва баргузор намудани Рӯзи интихобкунандаи ҷавон қабул гардид.
Бо мақсади таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандони кишвар дар хориҷи мамлакат бо қарори Комиссияи марказӣ дар назди сафоратхонаҳо, консулгариҳо ва намояндагии Тоҷикистон дар 28 давлати дунё 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шуд. Бо мақсади ташкили ҳамкории судманди мақомоти милитсия ва комиссияҳои интихоботӣ дар раванди интихобот Роҳнамо барои кормандони милитсия қабул карда шуд.
Ҷиҳати танзими фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ, ки бо мақсади мушоҳидаи раванди интихобот ба кишвар ташриф меоваранд ва таъмини шароити мусоиди фаъолият барои онҳо гурӯҳи кории Комиссияи марказӣ таъсис дода шуд, ки ба он намояндагони як қатор вазорату идораҳо шомил гаштанд.
Дар ҷаласа аъзои Комиссияи марказӣ инчунин масъалаҳои дигари ташкилиро баррасӣ ва муҳокима намуда, оид ба ҳар яки онҳо қарори дахлдор қабул намуданд.
Корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома доранд.