Санаи 16 январи соли 2025 таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласаи Комиссияи марказӣ баргузор гардид.
Санаи 16 январи соли 2025 марҳилаи пешбарии рӯйхати номзадҳо ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва номзадҳо ба вакилӣ дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид. Вобаста ба ин дар ҷаласаи Комиссияи марказӣ масъалаи мутобиқати пешбарии рӯйхати номзадҳо аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Тартиби пешбарии рӯйхати номзадҳо ба талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ дониста шуда, бо қарори Комиссияи марказӣ рӯйхати номзадҳои пешбаринамудаи Ҳизби Аграрии Тоҷикистон дар ҳайати 13 номзад, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон дар ҳайати 13 номзад, Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар ҳайати 4 номзад, Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон дар ҳайати 6 номзад, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар ҳайати 6 номзад, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳайати 28 номзад тасдиқ карда шуд.
Бо мақсади огоҳонӣ ва шиносоӣ пайдо намудани интихобкунандагон бо нафарони мувофиқи рӯйхати номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ пешбаригардида ва дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот ба қайд гирифта шуда, бо қарори Комиссияи марказӣ шакли Плакати иттилоотии рӯйхати номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботӣ тасдиқ карда шуданд.
Ҳамчунин бо қарорҳои дахлдори Комиссияи марказӣ барои таъмини шароити баробар барои ҳамаи номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ шакл ва ҳаҷми Плакати ягонаи ташвиқотии рӯйхати номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботӣ, инчунин тартиби истифодаи воситаҳои ахбори омма аз ҷониби онҳо дар ин раванд тасдиқ карда шуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои дигари ташкилӣ ҳам мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома доранд.