Мулоқоти Раиси Комиссия бо намояндагони ДНДҲИ/САҲА (10.12.19)
10 декабри соли 2019 Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 ба рӯзи 1 марти соли 2020 таъин гардидааст, бо ҳайати арзёбии ниёзи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ДНДҲИ/САҲА мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи интихобот, омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳое, ки ба қонунгузории интихоботӣ ворид гардидаанд, ҳамкории мутақобилаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ДНДҲИ/САҲА) табодули назар карданд.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ба намояндагони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба чорабиниҳои омодагии тоинтихоботие, ки аз ҷониби Комиссия бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ амалӣ гардиданд, ёдовар шуд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки дар ин давра Комиссия дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор курси омода намудани коршиносон оид ба масъалаҳои интихобот ба роҳ монда, бо иштироки онҳо барои аҳолии кишвар семинарҳои омӯзишӣ баргузор намуд. Хотиррасон гардид, ки дар семинари омӯзишӣ талаботи қонунгузории интихоботӣ ва дигар паҳлӯҳои муҳими ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихобот шарҳ дода шуданд. Зикр гардид, ки чорабинии мазкур дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ду марҳила аз моҳи май то моҳи декабри соли ҷорӣ баргузор карда шуд. Инчунин аз ҷониби Комиссия як зумра дастурамалу тартибҳо таҳия, тасдиқ ва чоп гардид. Раиси Комиссия инчунин таъкид намуд, ки дар давраи омодагии тоинтихоботӣ сомонаи Комиссия такмил дода шуда, дар он санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи интихобот, қарору, нақша, ахбори расмӣ ва дигар санадҳои дахлдори Комиссия ҷойгир карда шудаанд.
Бо мақсади шаффоф ва ошкоро гузаронидани интихобот дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар бораи иштирок намудани мушоҳидони байналмилалӣ аз ҳамин ниҳод дар интихобот, инчунин оид ба масъалаҳои марбут ба тавсеаи хамкорӣ дар заминаи санадҳои байналмилалии вобаста ба интихобот, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, мубодилаи афкор намуданд.