Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2019 №16 «Дар бораи ташкил кардани ҳавзаҳои интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мувофиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дар асоси пешниҳоди Раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 30 декабри соли 2019 №1014 Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
Қароргоҳи ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Рӯдакӣ №9, ки бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2019 №16 «Дар бораи ташкил кардани ҳавзаҳои интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Рӯдакӣ №9
қароргоҳ – бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32, ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти “Россия”, деҳаи Қуштеппа.
Раиси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода
Котиби Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Самадзода
ш. Душанбе, 3 январи соли 2020,
№ 34