Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2019 №16 «Дар бораи ташкил кардани ҳавзаҳои интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

 

Мувофиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон      қ а р о р    м е к у н а д:

Ба қароргоҳи баъзе аз 41 ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботӣ, ки бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2019 №16 «Дар бораи ташкил кардани ҳавзаҳои интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил карда шудаанд, тағйироти зерин ворид карда шаванд:

Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Шаҳринав №6

қароргоҳ – бинои шуъбаи маорифи ноҳия, ноҳияи Шаҳринав, Ҷамоати деҳоти Шаҳринав, кўчаи И. Сомонӣ 137;

Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Фархор №34

қароргоҳ – бинои шуъбаи маорифи ноҳия, ноҳияи Фархор, шаҳраки Фархор, кўчаи Ҳофизи Шерозӣ 4.

 

 

Раиси Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Б. Худоёрзода

 

Котиби Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Н. Самадзода

 

ш. Душанбе, 27 декабри соли 2019,

№ 29

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед