Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ

Дар бораи муқаррар намудани шакл ва ҳаҷми ягонаи Плакати ташвиқотии рӯйхати номзадҳо ва номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

        Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон    қ а р о р   м е к у н а д:

  1. Муқаррар карда шавад, ки дар тамоми ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ Плакатҳои рангаи ташвиқотӣ барои рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ набояд аз ҳаҷми варақи форматаш А2 зиёд бошад ва ҳар як номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ набояд аз ҳаҷми варақи форматаш А3 зиёд бошад.
  2. Дар Плакати ташвиқотии рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ фишурдаи барномаи пешазинтихоботии ҳизби сиёсӣ ва расми ҳар номзади пешбаришуда мутобиқи рӯйхат дар ҳаҷми 6х9 бо зикри насаб, ном ва номи падар, сол ва ҷойи таваллуд, мансаб (шуғл), ҷои кор ва истиқомат маълумот дарҷ карда шавад.
  3. Дар Плакати ташвиқотии ҳар як номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи якмандатии интихобот маълумот дар бораи тарҷимаи ҳол, расми ҳаҷмаш 9х12 ва барномаи пешазинтихоботии номзад сабт карда шавад.
  4. Дар Плакати ташвиқотии чопшуда адади нашри он ва суроғаи ташкилоте, ки онро чоп намудааст, дарҷ карда шавад.
  1. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи раисони комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

 

Раиси Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Б. Худоёрзода

 

Котиби Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                    Н. Самадзода

 

ш.Душанбе, «27» декабри соли 2019,

№31

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед