Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2019 №16 «Дар бораи ташкил кардани ҳавзаҳои интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

 

Мувофиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дар асоси пешниҳоди Раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 6 январи соли 2020 №2 Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон    қ а р о р    м е к у н а д:

  1. Қароргоҳи ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Сомонӣ №8, ки бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2019 №16 «Дар бораи ташкил кардани ҳавзаҳои интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

“қароргоҳ – бинои шуъбаи суғуртаи  давлатии ноҳия, ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати шаҳраки Сомониён, кӯчаи Турдиев – 23”.

  1. Ҳамин қарор дар сомонаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шавад.

Раиси Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Б. Худоёрзода

 

Котиби Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Н. Самадзода

 

ш. Душанбе, 16 январи соли 2020,

№ 40

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед