Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ

карори дастурамали маъюбон

Дар бораи тасдиқи Дастурамал барои комиссияҳои интихоботӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд дар интихоботи Президенти ҶумҳурииТоҷикистон

 

Мувофиқи моддаҳои 1, 2 ва 3 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳўрии Тоҷикистон  қ а р о р  м е к у н а д:

  1. Дастурамал барои комиссияҳои интихоботӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Ҳамин Дастурамал барои иҷро ба комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шавад.
  3. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи муовини Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода А.С. гузошта шавад.

Раиси Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                  Б. Худоёрзода

Котиби Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                  Н.Самадзода

ш.Душанбе, «14» июли соли 2020, № 93

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед