13 сентябри соли 2020 таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласаи навбатии Комиссия баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ки ба рӯзи 11 октябри соли 2020 таъин гардидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласаи Комиссияи марказӣ масъалаҳои бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Мувофиқи моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Комиссияи марказӣ қарорҳои дахлдор дар бораи пешбарии номзадҳо аз ҷониби Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Федератсияи Иттифоқҳои қасабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва Ҳизби Демократи Тоҷикистон барои маълумот ворид гардида буданд.
Ба ҳолати 10 сентябри соли 2020 мувофиқи моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои баррасӣ ва бақайдгирии номзадҳо ба Комиссияи марказӣ ҳуҷчатҳои дахлдор аз ҷониби Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ворид гардиданд.
Комиссияи марказӣ ҳуҷҷатҳои воридгардидаи номзадҳоро мувофиқи талаботи Конститутсия ва Қонуни конститутсионии болозикр мавриди омӯзиш қарор дода, номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Латифзода Рустам Барот, ки аз ҷониби Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқ, ки аз ҷониби Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раҳматзода Рустам, ки аз ҷониби Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон ва Абдуллоев Мироҷ Санонович, ки аз ҷониби Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон пешбарӣ гардидаанд, ба қайд гирифт.
Корҳои ташкилӣ барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рӯзи 11 октябри соли 2020 таъин гардидааст, идома доранд.