10 сентябри соли 2020 таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласаи навбатии Комиссия баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ки ба рӯзи 11 октябри соли 2020 таъин гардидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласаи Комиссияи марказӣ масъалаҳои шакл ва ҳаҷми ягонаи Плакати иттилоотии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини шароити баробар барои онҳо дар раванди интихобот (ташвиқоти пешазинтихоботӣ), мушаххас кардани ҳайати комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалб намудани коршиносони соҳаи интихобот дар давраи тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Бо қарори Комиссияи марказӣ шакл ва ҳаҷми ягонаи Плакати иттилоотии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Ин плакатҳоро Комиссияи марказӣ чоп карда, барои иттилоотонии интихобкунандагон дар бораи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як ҳавза ва участкаи интихобот дастрас менамояд. Ҳамзамон ҷиҳати фароҳам овардани шароити баробар барои номзадҳо дар раванди интихобот қарор қабул карда шуд.
Барои таъмини фаъолияти бомароми комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳодҳои раисони баъзе аз ноҳияҳо ба ҳайати комиссияҳои ҳавзавӣ таѓйирот ворид карда шуд.
Доир ба масъалаи охирин Комиссияи марказӣ қарори дахлдор қабул намуд.
Корҳои ташкилӣ барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рӯзи 11 октябри соли 2020 таъин гардидааст, идома доранд.