Ахбори фишурда

Ба номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳодатномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд

 

 

16 сентябри соли 2020 таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии  Тоҷикистон /КМИР/ Бахтиёр Худоёрзода маросими супоридани Шаҳодатномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номзадҳои бақайдгирифташуда сурат гирифт.

Шаҳодатномаҳо ба номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Рустам Барот, Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқ, Эмомалӣ Раҳмон, Раҳматзода Рустам ва Абдуллоев Мироҷ Санонович дар фазои тантанавӣ супорида  шуданд.

Корҳои ташкилӣ барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рӯзи 11 октябри соли 2020 таъин гардидааст, идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед