Дар бораи таъин кардани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Рӯдакӣ №9 ва Данғара №36
Мутобиқи моддаҳои 12 ва 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориљшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Рӯдакӣ №9 ва Данғара №36 рӯзи 14 августи соли 2022 таъин карда шавад.
Раиси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода
Котиби Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Самадзода
ш. Душанбе, 8 июни соли 2022,
№ 165