Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”

ҚКҶТ ДАР БОРАИ ВММВХ

 

 

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОН БА МАҶЛИСҲОИ

МАҲАЛЛИИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1999, № 12, мод. 298; с.2007, №5, мод.353; с.2012,№8, мод.813; с.2014, №7, қ.1, мод.383; №11, мод.640; с.2017, №5, қ.1, мод.269; с.2019, №7, мод. 461)

  1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Принсипҳои асосии интихобот

Интихобот ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати панҷ сол гузаронида мешавад. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 11. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи

                     интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии

                     вакилони халқ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087), (ҚКҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)

 

Моддаи 2. Ҳуқуқи умумии интихобот

Интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия умумӣ аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзи интихобот синнашон ба 18 расидааст, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро доранд.

Шахсоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан надоранд.

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт вакили беш аз ду мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ буда наметавонад. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 3. Ҳуқуқи баробари интихобот

Интихобкунандагон дар асоси ҳуқуқи баробар дар интихобот иштирок мекунанд ва ҳар кадоми онҳо як овоз доранд. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 4. Ҳуқуқи бевоситаи интихобот

Вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз тарафи шаҳрвандон мустақиман интихоб карда мешаванд.

 

Моддаи 5. Овоздиҳии пинҳонӣ

Овоздиҳӣ дар интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ озодона ва пинҳонӣ мебошад. Назорат ба изҳори иродаи интихобкунандагон манъ аст.

 

Моддаи 6. Ошкорбаёнӣ ҳангоми тайёрӣ ва гузаронидани интихобот

Таёйрӣ ва гузаронидани интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз тарафи комиссияҳои интихобот ошкоро сурат мегирад ва дар воситаҳои ахбори омма инъикос мегардад.

Комиссияҳои интихобот ба шаҳрвандон аз кори худ, аз таъсиси ҳавзаҳо ва участкаҳои интихобот, ҳайат, ҷою соати корашон ва аз рӯйхати интихобкунандагон хабар медиҳанд.

Комиссияҳои интихобот натиҷаи бақайдгирии номзадҳоро ба вакилӣ, шарҳи ҳоли номзадҳои бақайдгирифта, натиҷаи овозҳои гирифтаи ҳар номзад ва ҷамъбасти интихоботро ба маълумоти шаҳрвандон мерасонанд. Дар маҷлисҳои комиссияҳои интихобот, дар бинои овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот ва ҳангоми ҳисобкунии овозҳо як нафари намоянда (нозир) аз ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро ба вакилӣ пешниҳод кардаанд, шахсони боэътимоди номзадҳои мустақил, намояндаҳои матбуот, телевизион ва радио ҳузур дошта метавонанд. Ваколатҳои онҳо бояд бо ҳуҷҷатҳои дахлдор тасдиқ карда шуда бошанд.

Ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро ба вакилӣ пешбарӣ кардаанд, дар бораи намояндагони худ камаш панҷ рӯз пеш аз интихобот ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот хабар медиҳанд.

Ба рафти овоздиҳӣ ва ба фаъолияти комиссияҳои интихобот дахолат кардани намояндагон ва нозирон мумкин нест. Онҳо метавонанд бо иҷозати раиси комиссияи дахлдори интихобот савол диҳанд ва шарҳи онро талаб намоянд, диққати аъзоёни комиссия ва ҳозиронро ба роҳ ёфтани вайронкунии Қонуни конститутсионии мазкур ҷалб созанд.

Воситаҳои ахбори омма рафти тайёрии интихобот ва гузаронидани он, инчунин қарорҳои комиссияҳои интихоботиро инъикос мекунанд. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

  1. ҲАВЗАҲО ВА УЧАСТКАҲОИ ИНТИХОБОТ

 

Моддаи 7. Ташкил кардани ҳавзаҳои интихобот

Барои интихоботи вакилон миқдори зерини ҳавзаҳои ҳудудии интихобот ташкил карда мешаванд:

ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе – на бештар аз 70 ҳавзаи интихобот;

ба Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр, ноҳия – на бештар аз 40 ҳавзаи интихобот.

Аз ҳар ҳавзаи интихобот як вакил ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ, интихоб карда мешавад.

Миқдори ҳавзаҳои интихоботро барои интихоботи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба ҳадди меъёри муқарраркардаи ҳамин Қонун Маҷлиси дахлдор бо назардошти шумораи интихобкунандагон, ҳудуд ва шароити дигари маҳаллӣ муқаррар менамояд.

Ҳавзаҳои интихоботро комиссияи дахлдори интихоботи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳр, ноҳия одатан бо шумораи баробари интихобкунандагон ташкил медиҳад. Ҳудуди ҳавзаҳои интихобот бо назардошти сохтори ҳудудии вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо бо ризоияти раисони дахлдор муайян карда мешавад.

Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботро, ки дар он ҳудуд ва шумораи интихобкунандагон зикр ёфтааст, комиссияи дахлдори интихобот на дертар аз 15 рӯзи баъди таъин гардидани интихобот чоп мекунад. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 8. Тартиб ва меъёри ташкил кардани участкаҳои интихобот

Участкаҳои интихобот бо назардошти ҳудуди шаҳру ноҳияҳо, ноҳияҳои шаҳр бо мақсади муҳайё сохтани шароити муносиб барои интихобкунандагон ташкил карда мешаванд.

Участкаҳои интихобот дар санаторияву хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва табобатгоҳҳои дигари доимӣ, дар ноҳияҳои дурдасту душворгузари маҳаллӣ, маҳалли сукунати шаҳрвандон ташкил шуда метавонанд. Ин участкаҳои интихобот ба ҳавзаҳои интихоботи маҳалли ҷойгиршавии онҳо дохил мешаванд.

Участкаҳои интихобот аз тарафи комиссияҳои интихоботи шаҳр, ноҳия бо пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳо ташкил карда мешаванд.

Участкаҳои интихобот на дертар аз рӯзи бисту панҷуми баъди таъин гардидани интихобот ташкил карда мешаванд. Дар ноҳияҳои дурдаст ва душворгузар участкаҳои интихобот дар ҳамон мӯҳлат, дар мавридҳои истисно бошад, панҷ рӯз пеш аз интихобот ташкил карда мешаванд.

Участкаҳои интихобот одатан бо шумораи на камтар аз 20 нафар ва на бештар аз 3000 нафар интихобкунанда ташкил карда мешавад.

Бинои овоздиҳии ҳар участкаи интихоботро раиси шаҳру ноҳия муайян мекунад.

Комиссияи интихоботи шаҳру ноҳия участкаи интихоботро рақамгузорӣ мекунад ва ҳудуди ҳар участкаи интихоботро бо зикри маҳалли комиссияи участкавии интихобот ва бинои овоздиҳӣ ба интихобкунандагон хабар медиҳад.

 

III. КОМИССИЯИ ИНТИХОБОТ

 

Моддаи 9. Системаи комиссияҳои интихобот

Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, комиссияҳои зерини интихобот таъсис дода мешаванд:

комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят;

комиссияи шаҳрии интихобот оиди интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе;

комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр;

комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқӣ ноҳия;

комиссияҳои ҳавзавии интихобот;

комиссияҳои участкавии интихобот.

Роҳбарии умумӣ, назорати ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 10. Ташкили комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ,

                     ноҳиявии интихобот

Комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ бо пешниҳоди раиси вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор на дертар аз рӯзи даҳуми баъди таъин гардидани интихобот дар ҳайати 7-13 аъзои комиссия ташкил менамоянд. (ҚКҶТ аз 27.11.14с.№1133) (ҚКҶТ аз 19.07.19 с., №1640)

Раис, муовини раис ва котиби комиссия аз ҷумлаи аъзоёни он дар аввалин маҷлиси он интихоб карда мешаванд. Комиссияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот дар бораи ҳайат, нишони ва рақамҳои телефони худ дар нашрияҳои маҳаллӣ маълумот чоп мекунад.

 

Моддаи 11. Ваколатҳои комиссияи вилоятӣ, шаҳрӣ,

                     ноҳиявии интихобот

Комиссияи интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия:

– ба иҷрои Қонуни конститутсионии мазкур дар ҳудуди дахлдор назорат менамояд, татбиқи якхелаи онро таъмин мекунад ва оид ба масъалаҳои ташкили интихобот тавзеҳот медиҳад; (ҚКҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)

– оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия мувофиқан ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил медиҳад, онҳоро номгузорӣ ва рақамгузорӣ мекунад;

– комиссияҳои ҳавзавии интихоботро ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ташкил медиҳад ва дар бораи маҳалли ҷойгиршавии онҳо маълумот чоп мекунад;

– кори комиссияҳои дахлдори интихоботро танзим мекунад, тартиби ба ҳайати онҳо дохил намудани тағйиротро муайян менамояд, метавонад мустақилона ё бо пешниҳоди прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия қарорҳои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботро дар сурате, ки хилофи Қонуни конститутсионии мазкур бошанд, бекор кунад;

– ба номзадҳо барои иштирок дар маъракаи интихобот шароити баробарро таъмин менамояд;

– маблағро ба комиссияҳои интихобот тақсим менамояд, бо биною нақлиёт ва воситаҳои алоқа таъмин кардани комиссияҳои интихоботро назорат мекунад ва дигар масъалаҳои таъминоти моддию техникии интихоботро баррасӣ менамояд;

– аз рӯи шакли муқаррарнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тайёр намудани бюллетенҳои интихоботро ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, руйхати интихобкунандагон, протоколҳои комиссияҳои интихобот, варақаҳои интихоботӣ, мӯҳри худ, дигар ҳуҷҷатҳои интихоботро таъмин мекунад;

– аз комиссияҳои ҳавзавии интихобот протоколҳои қайди номзадҳоро ба вакилӣ гирифта, хамчунин протоколҳои натиҷаи интихоботи вакилони Маҷлиси дахлдорро дар бораи ҳайати номзадҳои вакилони аз қайд гузаштаи Маҷлиси дахлдор ахбор чоп мекунад;

– ахбори намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро оид ба масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мешунавад;

– вакилони интихобшударо ба қайд мегирад, натиҷаи интихоботи Маҷлиси дахлдори вакилони халқро ҷамъбаст мекунад, дар матбуот оиди ҷамъбасти интихобот хабар ва рӯйхати вакилони интихобгардидаро чоп мекунад;

– масъалаҳои гузаронидани овоздиҳӣ ва интихоботи такрориро ҳаллу фасл менамояд;

– интихоботи вакилон ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқро ба ҷои вакилони хориҷгардида таъин мекунад ва мегузаронад;

– арзу шикоятҳоро аз хусуси қарору амали комиссияҳои дахлдори интихобот дида мебарояд ва аз рӯи онҳо қарор қабул мекунад;

– ба бойгонӣ супоридани ҳуҷҷатҳои вобаста ба ташкилу гузаронидани интихоботро таъмин мекунад;

– ваколатҳои дигареро, ки Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 12. Ташкили комиссияи ҳавзавии интихобот

Комиссияи ҳавзавии интихобот аз тарафи комиссияҳои дахлдори вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот бо пешниҳоди раиси вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор на дертар аз 55 рӯз пеш аз интихобот дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва на камтар аз 8 аъзо ташкил карда мешавад. (ҚКҶТ аз 27.11.14с.№1133) (ҚКҶТ аз 19.07.19 с., №1640)

 

Моддаи 13. Ваколатҳои комиссияи ҳавзавии интихобот

Комиссияи ҳавзавии интихобот:

– иҷрои талаботи Қонуни конститутсионии мазкурро дар ҳудуди ҳавзаи интихобот назорат мекунад;

– ба интихобкунандагон дар бораи маҳалли участкаҳои интихобот хабар медиҳад;

– ба номзадҳо барои иштирок дар маъракаи интихоботи шароити баробарро таъмин мекунад;

– номзадҳои ба вакилӣ пешбаригардида, шахсони боэътимоди онҳоро ба қайд мегирад ва ба онҳо шаҳодатномаи дахлдор медиҳад;

– барои ташкили вохӯриҳои номзадҳо ба вакилӣ ва интихобкунандагон мусоидат мекунад;

– ахбори комиссияҳои участкавӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, роҳбарони ташкилотҳо, ҳамчунин мақомоти иттиҳодияҳои ҷамъиятиро вобаста ба масъалаҳои тайёрии интихобот ва гузаронидани он мешунавад;

– аз тарафи комиссияҳои участкавии интихобот тартиб додан ва барои шиносоии умум пешниҳод кардани рӯйхати интихобкунандагонро назорат менамояд;

– матни бюллетени интихоботро аз рӯи ҳавзаи интихобот тасдиқ мекунад ва участкаҳои интихоботро бо бюллетенҳои интихобот таъмин менамояд;

– натиҷаи интихоботи ҳавзаро муқаррар ва ба комиссияи дахлдори вилоятӣ, шаҳрӣ ноҳиявии интихобот месупорад;

– натиҷаи интихоботро оид ба ҳавзаи интихобот муқаррар ва чоп карда, ба вакили интихобшуда шаҳодатнома медиҳад;

– овоздиҳии такрорӣ ва интихоботи такрорӣ, ҳамчунин интихоботи вакилонро ба ивази вакилони хориҷшуда ташкил менамояд;

– арзу шикоятҳоро аз хусуси қарорҳо ва фаъолияти комиссияҳои участкавии интихобот баррасӣ намуда, доир ба онҳо қарорҳо қабул мекунад;

– ваколатҳои дигарро тибқи Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 14. Ташкил кардани комиссияи участкавии интихобот

Комиссияи участкавии интихоботро комиссияи шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот 45 рӯз пеш аз интихобот дар ҳайати 5-19 аъзо, аз ҷумла раис, муовини раис, котиб ташкил мекунад. Агар комиссия дар ҳайати 7 нафар ташкил шавад, раис ва котиб интихоб карда мешавад.

Дар сурати зарурат ҳайати аъзои комиссияи интихобот метавонад зиёд ва кам шавад.

 

Моддаи 15. Ваколатҳои комиссияҳои участкавии интихобот

Комиссияи участкавии интихобот:

– рӯйхати интихобкунандагони участкаро тартиб медиҳад;

– интихобкунандагонро бо рӯйхати иитихобкунандагон шинос мекунад, аризаҳоро дар бораи саҳву ғалатҳои рӯйхат қабул ва баррасӣ менамояд ва масъалаи ба он дохил намудани тағйироти дахлдорро ҳал мекунад;

– аз интихобкунандагоне, ки дар рӯзи интихобот барои дар ҷои истиқомат будан ва дар овоздиҳӣ иштирок кардан имконият надоранд, лифофаҳои сарбастаи дорои варақаҳои интихоботро қабул мекунад;

– аҳолиро дар бораи маҳалли воқеъгаштаи комиссияи участкавии интихобот, вақти кори он, инчунин рӯзи интихобот ва ҷои овоздиҳӣ хабардор мекунад;

– бинои овоздиҳӣ ва қуттиҳои интихобот ва дигар таҷҳизоти интихоботро тайёр мекунад;

– овоздиҳиро дар рӯзи интихобот дар участкаи интихобот ташкил менамояд;

– овозҳои дар участкаи интихобот додашударо ҳисоб мекунад;

– арзу шикоятҳоро доир ба масъалаҳои тайёрӣ ба интихобот ва ташкили овоздиҳӣ баррасӣ карда, оид ба онҳо қарорҳо қабул мекунад;

– ваколатҳои дигарро тибқи Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 16. Узвият дар комиссияҳои интихобот

Узви комиссияи интихобот ҳангоми иҷрои ваколатҳояш бояд бетараф ва холис бошад, набояд дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ иштирок кунад, супоришҳои онро иҷро намояд ва дар тарғибу ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ширкат варзад (ҚКҶТ аз 19.07.19 с., №1640).

Узви комиссияро аз руи аризаи шахсияш, ҳамчунин дар ҳолати маҳрум шудан аз ваколатҳояш аз иҷрои вазифа озод кардан мумкин аст.

Дар ҳолати талабҳои ҳамин Қонунро риоя накардан ва мудом ба вазифаҳои худ беэътиноӣ намудани узви комиссия ҳуқуқи аз ваколатҳояш маҳрум кардани ӯ ба мақоме тааллуқ дорад, ки ин комиссияро таъсис додааст.

Дар сурати зарурат узви нави комиссияи интихобот мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонун таъйин карда мешавад.

Номзад ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, узви комиссияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот, инчунин комиссияи ҳавзавӣ ё участкавии интихобот, ки овоздиҳиро дар ҳамон ҳавза ё участкаи интихоботӣ ташкил мекунад, буда наметавонад.

Як шахс метавонад узви танҳо як комиссияи интихобот бошад. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 17. Ташкили кори комиссияҳои интихобот

Раис, муовини раис ва котиби комиссияи интихобот дар маҷлиси якуми комиссияи дахлдор интихоб карда мешаванд.

Маҷлиси комиссияи интихобот дар сурате салоҳиятдор мебошад, ки дар маҷлис на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати комиссия иштирок намояд. Қарори комиссия ба тариқи овоздиҳии ошкоро бо овози аксарияти ҳайати умумии аъзои хузурдоштаи комиссия қабул карда мешавад. Аъзои комиссия, ки бо қарори он розӣ нестанд, ҳуқуқ доранд ақидаи махсуси худро баён намоянд, ки он дар шакли хаттӣ ба протокол замима карда мешавад. Дар сурати баробарии овозҳо овози раис ҳалкунанда мебошад. (ҚКҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)

Комиссияҳои интихоботӣ дар фаъолияти худ ба ҳеҷ мақомоти давлатӣ вобаста нестанд. Иҷрои қарори комиссияи интихобот, ки дар доираи ваколати он қабул шудааст, барои комиссияҳои поёнии интихобот, ҳамчунин мақомоти дахлдори маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳо ҳатмӣ мебошад.

Мақомоти давлатӣ ва мақомоти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба комиссияи интихобот барои амалӣ гардонидани ваколатҳояшон кӯмак расонанд, маълумотҳои барои корашон зарурро муҳайё намоянд.

Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ барои тайёри ва гузаронидани интихобот биноҳо, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва маводи заруриро ройгон ба ихтиёри комиссияҳои интихобот вогузор менамоянд.

Биноҳо ва таҷхизоти корхонаҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои кори комиссияҳои интихобот дар асоси иҷора аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ истифода бурда мешаванд.

Комиссияи интихобот хуқуқ дорад оид ба масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва мақомоти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ба ташкилотҳо, шахсони мансабдор муроҷиат намояд ва онҳо вазифадор ҳастанд, ки масъалаи ба миён гузоштаро баррасӣ намуда, дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз ба комиссияи интихобот ҷавоб диҳанд. (ҚКҶТ аз 30.05.2017 с., №1412)

Раис, муовини раис, котиб ё дигар аъзои комиссияи интихобот бо қарори он дар давраи тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мумкин аст аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматӣ озод карда шаванд, ки дар ин ҳол маоши миёнаи онҳо аз ҳисоби маблағи барои гузаронидани интихобот ҷудокарда дода мешавад.

Комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот баъд аз он, ки Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ваколатҳои вакилонро оид ба ҳавзаҳои дахлдори интихоботӣ тасдиқ кард, фаъолияти худро катъ менамоянд.

Комиссияи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, комиссияҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ фаъолияти худро баъд аз интихоб шудани вакилон аз ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ ба Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ қатъ менамояд. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 18. Баррасии шикоят аз қарори комиссияҳои интихобот

Мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро ба вакилӣ пешбарӣ намудаанд, номзадҳо ба вакилӣ, шахсони боэътимод, нозирон ва интихобкунандагон аз қарори комиссияи интихобот дар давоми даҳ рӯзи баъд аз қабули қарор ба комиссияи болоии интихобот ё суд шикоят карда метавонанд. Шикоят бояд дар давоми се рӯзи баъд аз расиданаш ва агар то рӯзи интихобот камтар аз шаш руз монда бошад, фавран баррасӣ карда шавад.

 

IV. РӮЙХАТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 

Моддаи 19. Рӯйхати интихобкунандагон ва тарзи тартиб додани он

Рӯйхати интихобкунандагон доир ба ҳар кадом участкаи интихобот тартиб дода мешавад ва ба он раис ва котиби комиссияи участкавии интихобот имзо мекунанд. Барои иштирок дар кори тартиб додани рӯйхат комиссияи участкавии интихобот метавонад намояндагони аҳли ҷамъиятро ҷалб намояд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ интихобкунандагонро ба ҳисоб мегиранд ва ба комиссияҳои участкавии интихобот дар бораи интихобкунандагони сокини ҳудуди дахлдор маълумотро барои тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон медиҳанд. (ҚКҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)

Рӯйхати интихобкунандагон – хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ мебошанд, инчунин аъзои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар интихобкунандагон, агар онҳо дар маҳалли ҷойгиршавии қисмҳои ҳарбӣ зиндагӣ кунанд, дар асоси маълумоти пешниҳодкардаи командирони қисмҳои ҳарбӣ тартиб дода мешавад. Хизматчиёни ҳарбие, ки берун аз қисмҳои ҳарбӣ зиндагӣ мекунанд, дар асосҳои умумӣ дар ҷои истиқомат ба рӯйхати интихобкунандагон дохил карда мешаванд.

Рӯйхати интихобкунандагон дар он участкаҳои интихобот, ки дар хонаҳои истироҳат, санаторияҳо, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатии доимӣ ташкил шудаанд, дар асоси маълумоти пешниҳодкардаи роҳбарони ҳамин муассисаҳо тартиб дода мешавад. Фамилияи интихобкунандагон дар рӯйхати интихобкунандагон бо тартибе, ки барои ташкили овоздиҳӣ осон аст, зикр мешавад.

Ба рӯйхат фамилия, ном, номи падар, санаи таваллуд ва нишонии ҳар интихобкунанда дохил карда мешавад. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 20. Тартиби ба рӯйхати интихобкунандагон дохил

                      кардани шаҳрвандон

Ба рӯйхати интихобкунандагон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот ё дар рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, дар вақти тартиб додани рӯйхат дар ҳудуди ҳамон участкаи интихобот доимӣ ё муваққатан зиндаги мекунанд ва барои иштирок намудан дар овоздиҳӣ ҳуқуқ доранд, дохил карда мешаванд.

Ҳар интихобкунанда танҳо ба як рӯйхати интихобкунандагон дохил шуда метавонад.

Интихобкунандае, ки дар ҳудуди участкаи мазкури интихобот зиндаги мекунад ва бо сабабе ба руйхати иловагӣ дохил нашудааст, бо қарори комиссияи участкавии интихобот ба рӯйхати иловагӣ дохил карда мешавад. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087), (ҚКҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)

 

Моддаи 21. Шиносонидани шаҳрвандон бо рӯйхати

                     интихобкунандагон ва ҳуқуқи шикоят кардан

                     аз ғалати рӯйхати интихобкунандагон

Рӯйхати интихобкунандагон барои шиносшавии умум 15 рӯз пеш аз интихобот ва дар участкаҳои интихоботие, ки дар санаторияҳо ва хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатии доимӣ ташкил шудаанд, дар маҳалҳои дурдаст ва душворгузар ду рӯз пеш аз интихобот пешниҳод карда мешаванд. Комиссияи участкавии интихобот интихобкунандагонро аз маҳал ва вақти шиносои бо рӯйхат огоҳ мекунад.

Ба шаҳрвандон имконият дода мешавад, ки дар бинои комиссияи участкавии интихобот бо рӯйхати интихобкунандагон шинос шуда, дурустии тартиб дода шудани онро тафтиш намоянд.

Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар хусуси ба рӯйхат дохил нашудан, нодуруст дохил кардан ё аз рӯйхат баровардан, инчунин саҳву хатоҳои дар рӯйхат ҷойдошта шикоят намоянд. Ариза дар бораи ҷой доштани саҳву хатоҳои дар рӯйхати интихобкунандагон ҷойдошта аз ҷониби комиссияи участкавии интихобот баррасӣ карда мешавад. Комиссияи участкавии интихобот вазифадор аст аризаро дар мӯҳлати на дертар аз ду рӯзи то интихобот ва дар рӯзи интихобот фавран дида баромада, ба рӯйхат ислоҳоти зарурӣ ворид намояд ё ба аризадиҳанда нусхаи қарори асоснокро дар бораи рад гардидани аризааш супорад. Аз хусуси қарори қабулнамудаи Комиссияи участкавии интихобот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст. Қарори суд қатъист. Комиссияи участкавии интихобот тибқи қарори суд ба рӯйхати интихобкунандагон ислоҳ ворид менамояд. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 22. Таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон ҳангоми

                      иваз кардани маҳалли истиқомат

Дар давраи баъди барои шиносоии умум пешниҳод намудани рӯйхати интихобкунандагон ва то рӯзи интихобот интихобкунандае, ки рӯзи интихобот имконияти дар ҷои истиқомат будан надорад (ҳангоми дар сафари хизмати будан, ба муассисаҳои табобати рафтан ва дигар сабабҳо) ҳуқуқ дорад бо пешниҳоди паспорт ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташ аз комиссияи участкавии интихоботи маҳалли истиқоматаш варақаи интихобот талаб кунад, қарори қабулнамудаашро дар лифофаи сарбаста ба комиссияи участкавии интихобот супорад. Комиссияи участкавии интихобот дар ин хусус ба рӯйхати интихобкунандагон қайди дахлдор карда, таърихашро нишон медиҳад. Ба лифофаи накушода дар ҳузури интихобкунанда мӯҳр гузошта мешавад. Комиссияи участкавии интихобот барои нигоҳдории лифофа масъул аст.

 

  1. V. ПЕШБАРИИ НОМЗАДҲО БА ВАКИЛӢ ВА БА ҚАЙД ГИРИФТАНИ НОМЗАДҲО

 

Моддаи 23. Таъйин кардани интихоботи вакилон

Интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия одатан дар як вақт аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон камаш 75 рӯз пеш аз хатми мӯҳлати ваколати вакилон таъйин карда мешавад.

Дар бораи рӯзи интихобот на дертар аз се рӯзи баъди таъйин кардани он дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма хабар дода мешавад. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 24. Ҳуқуқи пешбарӣ кардани номзадҳо ба вакилӣ

Барои пешбарӣ намудани номзадҳои вакилони халқ ба Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳамчунин шаҳрвандон аз тариқи худпешбарӣ ҳуқуқ доранд.

Интихобот ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе ба тартибе гузаронида мешавад, ки барои Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятӣ пешбинӣ шудааст.

Барои пешбарӣ намудани номзадҳои вакилони халқ ба Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳамчунин шаҳрвандон аз тариқи худпешбарӣ ҳуқуқ доранд. Ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд шахсонеро, ки аъзои ҳизби сиёсӣ нестанд, ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ номзад пешниҳод намоянд.

Ҳизби сиёсӣ ба шарте, ки аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраркардаи Қонун ба қайд гирифта шуда бошад, номзадро ба вакилӣ пешбарӣ карда метавонад. (ҚКҶТ аз 26.07.14с., № 1087)

 

Моддаи 25. Тартиби пешбарии номзадҳо ба вакилӣ

Пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакили 50 рӯз пеш аз интихобот оғоз ёфта, 35 рӯз то интихобот хатм мегардад.

Пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо аз тарафи мақомоти шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ (конференсияҳо, пленумҳо) сурат мегирад.

Пешбарии номзадҳо ба Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрию ноҳиявӣ аз тарафи мақомоти дахлдори шаҳрию ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ (конференсияҳо, пленумҳо) сурат мегирад.

Аз мақомоти ҳизбҳои сиёсии шаҳрию ноҳиявӣ як нафари номзад ба вакилии маҷлиси вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба ҳар як ҳавзае, ки дар ҳудуди шаҳр, ноҳия воқеъанд, пешбарӣ карда мешавад.

Тартиби хостагирии номзадҳоро худи хизбҳои сиёсӣ муайян мекунанд.

Дар бораи пешбарии номзад ба вакилӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ протокол тартиб дода мешавад.

Дар бораи қарори қабулшуда ба номзад ба вакилӣ дар мӯҳлати ду рӯз хабар дода мешавад.

Дар сурати худпешбарӣ номзад имзои сад нафар интихобкунандагонро аз ҳавзаи мазкур бо якҷоягии ариза пешниҳод менамояд. (ҚКҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)

 

Моддаи 26. Талабот аз номзадҳо ба вакилӣ

Ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо номзадии шахсе пешниҳод карда мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, забони давлатиро донад, дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор кор ва ё зиндагӣ кунад. (ҚКҶТ аз 30.05.2017 с. №1412) (ҚКҶТ аз 1.08.12с.№898)

Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо, прокурорҳо, роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва муовинони онҳо, роҳбарони сохторҳои ҳудудии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва муовинони онҳо, инчунин роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар як вақт вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи дахлдор буда наметавонанд ва ба шарте ҳамчун номзад ба қайд гирифта мешаванд, ки дар аризаи худ ҳангоми вакил интихоб шудан аз вазифа рафтанашонро изҳор карда бошанд. (ҚКҶТ аз 27.11.14с.№1133)

Ходимони касбии ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои динӣ баъди истеъфо аз вазифаашон ба қайд гирифта мешаванд.

Шаҳрвандони зерин ҳуқуқи ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ номзад шуданро надоранд:

-шаҳрвандоне, ки ба талаботи муқарраркардаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии мазкур ҷавоб дода наметавонанд; (ҚКҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)

-шаҳрвандоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд ва ё бо қарори суд дар муассисаҳои табобати маҷбурӣ мебошанд;

– хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшуну сохторҳои ҳарбӣ, вазорату идораҳо, ки дар онҳо Қонун хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти гумрук ва Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 -шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои барқасдонаи вазнин ва махсусан вазнин маҳкум шудаанд, новобаста аз гузаштани мӯҳлат ва бардошта шудани доғи судиашон;

– шаҳрвандоне, ки доғи судиашон бардошта нашудааст ;

– шахсоне, ки шаҳрвандиашон қатъ гардидааст ё шаҳрвандии давлати дигарро соҳиб шудаанд; (ҚКҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)

– шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои ба муқобили асосҳои сохти конститусионӣ ва амнияти давлат ва дигар ҷиноятҳои барқасдонаи вазнин ва ё махсусан вазнин аз тарафи мақомоти таҳқиқу тафтишот гумонбар шудаанд ё нисбати онҳо кофтуков эълон карда шудааст, ба истиснои иштироккунандагони муқовимати сиёсию низомӣ, ки нисбати онҳо авф татбиқ карда шудааст. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 27. Бақайдгирии номзадҳо ба вакилӣ

Комиссияи ҳавзавии интихобот номзадҳоро, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ ё ба таври худпешбарӣ пешниҳод шудаанд ба қайд мегирад.

Бақайдгирии номзадҳо ба вакилӣ 35 рӯз пеш оғоз ёфта, 20 рӯз пеш аз интихобот ба охир мерасад.

Қарор дар бораи бақайдгирии номзадҳо ба вакилӣ дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зерин қабул карда мешавад:

қарори мақоми шаҳрӣ, ноҳиявии ҳизби сиёсӣ дар бораи пешбарӣ кардани номзадҳо ба вакилӣ;

ариза дар бораи аз вазифа рафтан дар сурати вакил интихоб шуданашон барои шахсоне, ки дар қисми дуюми моддаи 26-и ҳамин Қонун зикр ёфтаанд.

Комиссияи ҳавзавии интихобот дар бораи ба қайд гирифтани номзадҳо ба вакилӣ протокол тартиб дода, онро ҳамроҳи аризаи номзад ба вакилӣ, ки розӣ шудааст номзадиаш дар ҳамон ҳавзаи интихобот ба овоз монда шавад, ба комиссияи дахлдори вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот пешниҳод мекунад.

Ҳамаи номзадҳо ба вакилӣ, ки бо риояи талаботи ҳамин Қонун пешбарӣ шудаанд, ҳатман бояд ба қайд гирифта шаванд. Дар сурати рад шудани бақайдгирии номзад, комиссияи дахлдори интихобот вазифадор аст, ки дар давоми як шабонарӯз ба номзад ва ҳизби сиёсӣ нусхаи қарори комиссияи интихоботро бо баёни асосҳои радкунӣ пешниҳод намояд. Аз хусуси рад карда шудани бақайдгирии номзад ба вакилӣ ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзад ба вакилӣ пешбарӣ намудаанд ва номзади мустақил дар мӯҳлати се рӯз ба комиссияи интихоботии болои шикоят карда метавонанд.

Номзад ба вакилӣ аъзои комиссияи дахлдори интихоботии вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, инчунин комиссияҳои ҳавзавӣ ё участкавии интихобот, ки овоздиҳиро дар ҳамон ҳавзаи интихобот ташкил мекунанд, буда наметавонад. Шахсе, ки номзад ба вакилӣ пешбарӣ шудааст ва аъзои яке аз ин комиссияҳо мебошад, аз вақти ба қайд гирифта шудани номзадиаш ба вакилӣ аз вазифаи аъзои комиссия озод карда мешавад.

Комиссияи ҳавзавии интихобот на дертар аз рӯзи чоруми баъди ба қайд гирифтани номзадҳо ба вакилӣ дар бораи бақайдгирӣ бо нишон додани ному насаб, соли таваллуд, вазифа (шуғл), хизбият, ҷои кор ва истиқомати ҳар кадом номзад ба вакилӣ ахбор нашр менамояд.

Номзадҳои ба вакилии дар яке аз ҳавзаҳои интихоботи Маҷлиси маҳаллӣ ба қайд гирифташуда дар дигар ҳавзаи интихобот, аз ҷумла дар сурати пас гирифтани номзадиашон дар ҳавзаи интихоботие, ки аввал ба қайд гирифта шуда буданд, барои бақайдгирӣ ба ҳавзаи дигари интихобот пешниҳод шуда наметавонанд.

Ба ҳар кадоми номзади ба қайд гирифташуда, комиссияи ҳавзавии интихобот дар давоми се рӯзи баъди ба қайд гирифтан шаҳодатнома месупоранд. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 28. Бекор кардани қарори пешбарии номзад ба вакилӣ.

                     Номзадии худро пас гирифтани номзад

Мақоми ҳизбӣ сиёсӣ, ки номзад ба вакилӣ пешбарӣ кардааст, ҳуқуқ дорад ҳар вақт то интихобот қарори худро дар бораи пешбарии номзад ба вакили бекор кунад. Қарор дар хусуси ин масъала бо тартибе, ки барои пешбарии номзад ба вакилӣ пешбинӣ шудааст, қабул карда, ба комиссияи дахлдори ҳавзавии интихобот пешниҳод карда мешавад.

Номзад ба вакилӣ ҳар вақт то интихобот номзадии худро пас гирифта, бо ариза дар ин бора ба комиссияи дахлдори ҳавзавии интихобот муроҷиат карда метавонад.

Комиссияи интихоботие, ки номзадро ба вакилӣ ба қайд гирифтааст, дар бораи бекор кардани қарори пешбарии номзад ба вакилӣ ё дар бораи аз номзадӣ даст кашидани номзад ба маълумоти аҳолии ҳавзаи интихобот, мақоми ҳизби сиёсӣ, ки номзад ба вакилиро пешбарӣ намудааст ва номзади мустақил мерасонад.

 

Моддаи 29. Тартиби пешбарии номзадҳо ба ҷои номзадҳои хориҷшуда

Дар сурати хориҷ шудани номзадҳо ба вакилӣ баъди итмоми мӯҳлати қайди номзадҳо ба вакилӣ, агар дар ҳавзаи интихоботӣ дигар номзадҳо набошанд, комиссияи ҳавзавии интихобот бо иҷозати комиссияи дахлдори интихоботии вилояти, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ба мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ ва интихобкунандагони ҳавзаи интихоботӣ муроҷиат намуда, таклиф мекунад, ки номзадҳои нав ба вакилӣ пешбарӣ карда шаванд.

Дар сурати понздаҳ рӯз пеш аз cap шудани интихобот хориҷ шудани номзадҳо ба вакилӣ интихоботи вакил аз ҳавзаи дахлдори интихобот дар давоми ду моҳи баъди интихоботи асосӣ гузаронида мешавад.

 

Моддаи 30. Бюллетени интихобот

Ба бюллетени интихобот бо тартиби алифбо ному насаби номзад ба вакилӣ, соли таваллуд, ҳизбият, вазифа (шуғл), ҷои кор ва истиқомат, мақоме, ки ӯро номзад ба вакилӣ пешбарӣ намудааст, нишон дода мешавад. Ба бюллетени интихобот баъд аз рӯйхати номзадҳо сатри алоҳида бо ифодаи «муқобили ҳамаи номзадҳо» нишон дода мешавад. Бюллетенҳои интихобот ба забони давлатӣ, инчунин бо қарори комиссияи дахлдори интихоботи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ бо забонҳое, ки аксарияти кулли аҳолии ҳавзаи интихоботӣ истифода мебаранд, чоп карда мешавад. (ҚКҶТ аз 27.11.14с.№1133)

Комиссияҳои участкавии интихобот бюллетенҳоро аз комиссияи ҳавзавӣ на дертар аз се рӯзи то интихобот мегиранд. Додану гирифтани бюллетенҳоро раис ё моувини раис ё котиби комиссияи дахлдори ҳавзавӣ ва участкавӣ бо имзои худ тасдиқ менамоянд.

Биное, ки бюллетенҳои интихобот мавҷуданд, муҳр зада, барои посбонӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ супорида мешавад.

 

  1. КАФОЛАТ БА ФАЪОЛИЯТИ НОМЗАДҲО БА ВАКИЛӢ

 

Моддаи 31. Ҳуқуқи номзад ба вакилӣ барои иштирок дар

                     маъракаи пешазинтихоботӣ

Номзадҳо ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллӣ аз вақти пешбарӣ шудани онҳо дар маъракаи пешазинтихоботӣ дар асоси шартҳои баробар иштирок менамоянд. Номзадҳо ба вакилӣ ҳуқуқ доранд дар маҷлисҳою машваратҳои пешазинтихоботӣ ва дигар маҷлисҳо иштирок намоянд, тавассути матбуот, телевизион ва радио баромад кунанд.

Мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, роҳбарони ташкилотҳо ва мақомоти ташаббускори ҷамъятӣ вазифадоранд, ки барои ташкили вохӯриҳо бо интихобкунандагон, ба даст овардани маълумотномаю хабарномаҳо ба номзад ба вакилӣ кӯмак намоянд. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 32. Барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилӣ

Номзад ба вакилӣ метавонад бо барномаи фаъолияти ояндаи хеш баромад намояд. Барномаи номзад ба вакилӣ набояд мухолифи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Номзад ба вакилӣ дар сурати интихоб шуданаш дар назди интихоботкунандагон барои иҷрои барномаи пешазинтихоботияш масъул аст. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087), (ҚКҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)

 

Моддаи 33. Шахсони боэътимоди номзад ба вакилӣ

Номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят метавонад то се ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳриву нохиявӣ то ду нафар шахси боэътимод дошта бошад, ки онҳо дар гузаронидани маъракаи интихоботӣ ба ӯ ёрӣ мерасонанд. Барои вакил интихоб шуданаш ташвиқот мебаранд, дар муносибат бо мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, интихобкунандагон ва комиссияҳои интихоботӣ манфиатҳои ӯро ҳимоя менамоянд.

Номзад ба вакилӣ шахсони боэътимодро ихтиёран муайян мекунад, дар бораи онҳо ба комиссияи ҳавзавии интихобот барои ба қайд гирифтанашон хабар медиҳад. Комиссияи интихобот баъди ба қайд гирифтани шахсони боэътимод ба онҳо шаходатнома медиҳад. Номзад ба вакилӣ хуқуқ дорад, ки шахсони боътимоди худро ҳар вақт то оғози интихобот иваз намояд. Шахси боэътимод наметавонад, ки узви ягон комиссияи ҳавзавии интихобот бошад. Шахсони боэътимод ҳангоми маҷлисҳои пешазинтихоботӣ бо ҳоҳиши номзадҳо ба вакилӣ метавонанд аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматиашон озод бошанд, ки дар ин ҳол музди миёнаи корашон аз ҳисоби маблағи барои интихобот ҷудокарда пардохта мешавад. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087), (ҚКҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)

 

Моддаи 34. Ташвиқоти пешазинтихоботӣ

Ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз рӯзи бақайдгирии номзад оғоз гардида, як шабонарӯз пеш аз овоздиҳӣ қатъ мегардад.

Ба ҳизбҳои сиёсӣ, ки ба вакилӣ номзад пешниҳод намудаанд ва ба намояндагони номзадҳои мустақил ҳуқуқ дода мешавад, ки ба тарафдории номзадҳои худ бе мамоният ташвиқот баранд, ҳамчунин барои гузаронидани маҷлису гирдиҳамоиҳо биноҳои таҷҳизонидашуда ва барои ташвиқоти пешазинтихоботӣ воситаҳои ахбори омма ҷудо намоянд. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсӣ, кафолат дода мешавад, ки хислатҳои сиёсӣ, корӣ ва шахсии номзадҳоро ба вакилӣ озодона ва ҳаматарафа муҳокима намоянд, ҳамчунин онҳо ҳуқуқ доранд, ки дар маҷлисҳо, матбуот, радио ва телевизион ба тарафдорӣ ё зидди номзадҳо ташвиқот баранд. (ҚКҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)

Номзадҳо ба вакилӣ ҳуқуқ доранд воситаҳои ахбори оммаро бо асосҳои баробар истифода баранд, вохӯриҳои худро бо интихобкунандагон дар шакли барои ҳар ду ҷониб мувофиқ ташкил намоянд. Комиссияи участкавии интихобот якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои гузаронидани вохӯриҳо мусоидат намуда, дар бораи вақту маҳалли баргузории вохӯриҳо ба интихобкунандагон хабар медиҳанд.

Ба ташвиқоти пешазинтихоботӣ мубоҳисаҳо амали хос буда, бояд ҳодисаҳои беэҳтиромӣ нисбати ин ё он номзад ба вакилӣ роҳ дода нашавад.

Ташвиқот дар рӯзи интихобот манъ аст. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 35. Барои иштирок дар маъракаи интихобот аз вазифаҳои

                     хизматӣ ё истеҳсолӣ озод кардани номзадҳо ба вакилии

                     Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Номзад ба вакилӣ баъди ба қайд гирифта шудан дар вақти гузаронидани вохӯриҳо бо интихобкунандагон, баромад кардан дар маҷлисҳои пешазинтихоботӣ, гирдиҳамоиҳо, аз тариқи телевизион ва радио, аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ва хизматӣ озод карда мешавад, ки дар ин ҳол маоши миёнаи ӯ аз ҳисоби маблағи барои гузаронидани интихобот ҷудо карда, пардохта мешавад. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 36. Ба бе пул сафар кардани номзад ҳақ доштани

                     номзад ба вакилӣ

Номзад ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баъди аз қайд гузаштан хуқуқ дорад бо тамоми намудҳои нақлиёти давлатии мусофиркаш (ба истиснои таксӣ) дар ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ бе пул сафар кунад. Номзад ба вакилӣ, ки берун аз ҳудуди ҳавзаи интихобот зиндагӣ мекунад, барои ба ҳавзаи интихобот сафар кардан ва аз он ҷо ба манзил баргаштан ҳамин гуна ҳуқуқ дорад. (ҚКҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)

 

Моддаи 37. Дахлнопазирии номзад ба вакилӣ

Номзад ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро ба истиснои дастгир намудани ӯ ҳангоми содири ҷиноят, бе розигии комиссияи дахлдори интихоботи вилоят, шаҳр, ноҳия ба ҷавобгирии ҷиноӣ кашида, ҳабс карда ё худ гирифтори чораҳои ҷазои маъмурие, ки суд муайян кардааст, шуда наметавонад.

 

VII. ТАРТИБИ ОВОЗДИҲӢ ВА ҶАМЪБАСТИ

НАТИҶАҲОИ ИНТИХОБОТ

 

Моддаи 38. Вақт ва ҷои овоздиҳӣ

Дар интихоботи вакилон дар Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот аз соати 6 то соати 20 вақти маҳаллӣ гузаронида мешавад. Комиссияи участкавӣ вақту ҷойи овоздиҳиро ба интихобкунандагон 10 рӯз пеш аз интихобот хабар медиҳад. Дар участкаҳои интихобот, ки дар санаторияву хонаҳои истироҳат, беморхона, муолиҷагоҳҳои дигари доимӣ, ҳамчунин дар маҳалҳои дурдаст ва душворгузар ташкил карда шудаанд, комиссияи участкавии интихобот метавонад овоздиҳиро ҳар вақте, ки ҳамаи интихобкунандагони рӯйхатшуда овоз дода бошанд тамом шуда эълон намояд.

 

Моддаи 39. Ташкили овоздиҳӣ

Интихобкунандагон дар биноҳои махсусе овоз медиҳанд, ки бо теъдоди кофии ҳуҷра ё хонаҳои барои овоздиҳии пинхонӣ таҷҳизонида, ҷои додани бюллетенҳои интихобот  муайян карда, куттиҳои интихобот гузошта шудаанд.

Қуттиҳои интихобот  тавре гузошта мешаванд, ки ҳангоми наздашон омадани овоздиҳандагон бояд ҳатман аз ҳуҷра ва хонаҳои овоздиҳии пинҳонӣ гузаранд.

Комиссияи участкавии интихобот барои ташкили овоздиҳӣ, махфӣ доштани изҳори хоҳиши интихобкунандагон таҷҳизонидани бино ва риоя шудани тартиботи зарурӣ масъул мебошад.

Раиси комиссияи интихоботи рӯзи интихобот пеш аз оғози овоздиҳӣ дар ҳузури ҳамаи аъзои комиссия куттиҳои интихоботро аз назар гузаронида, онҳоро сурғуҷ мекунад ё муҳр мезанад.

Ҳар интихобкунанда шахсан худаш овоз медиҳад. Ба ҷои шахси дигар овоз додан манъ аст. Додани зиёда аз як бюллетен ба интихобкунанда манъ аст. Бюллетенҳои интихоботро ба интихобкунандагон комиссияи дахлдори интихобот дар асоси рӯйхати интихобкунандагони участкаи интихобот баъди нишон додани паспорт ё шаҳодатномаи дигари тасдиқкунандаи шахсияти интихобкунанда медиҳад.

Ҳар интихобкунанда бюллетени интихоботӣ гирифта, дар рӯйхати интихобкунандагон дар муқобили фамилияи худ имзо мекунад.

 

Моддаи 40. Тартиби овоздиҳӣ

Бюллетенҳои интихоботро интихобкунандагон дар ҳуҷра ё хонаи овоздиҳии пинҳонӣ пур мекунанд. Ҳангоми пур кардани бюллетен ғайр аз шахси овоздиҳанда ҳозир будани каси дигар манъ аст. Интихобкунандае, ки бюллетенро шахсан худаш пур карда наметавонад, ҳуқуқ дорад бо хости худаш ғайр аз узви комиссияи интихобот ҳар каси дигарро ба ҳуҷра ё хонаи овоздиҳӣ даъват кунад. Интихобкунанда дар бюллетени интихобот дар квадрати холӣ дар муқобили насаб, ном ва номи падари номзад, ки ба тарафдориаш овоз медиҳад, аломати ҷамъ «+» мегузорад. Дар мавриди зидди ҳамаи номзадҳо овоз додан интихобкунанда дар квадрати холии сатри «муқобили ҳамаи номзадҳо» аломати ҷамъ «+» мегузорад. Бюллетени пуркардаашро интихобкунанда ба қуттии интихобот меандозад. Ба интихобкунандагоне, ки бинобар вазъи саломатӣ ва дигар сабабҳо ба бинои овоздиҳӣ шахсан ҳозир шуда наметавонанд, комиссияи участкавии интихобот мувофиқи хоҳиши онҳо ба яке аз аъзоёни комиссия супориш медиҳад, ки овоздиҳиро дар ҷои истиқомати ҳамин интихобкунандагон ташкил намоянд, ки дар ин бора дар рӯйхати интихобкунандагон қайд карда мешавад. Интихобкунандагоне, ки бо ягон сабаб ба рӯйхати интихобкунандагон дохил карда нашудаанд, дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дар маҳалли истиқоматиашон ба замимаи рӯйхати интихобкунандагон дохил мешаванд. (ҚКҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)

 

Моддаи 41. Ҳисоб кардани овозҳо дар участкаи интихоботӣ

Баъди тамом шудани овоздиҳӣ, пеш аз кушодани қуттиҳои овоздиҳӣ дар ҳузури аъзоёни комиссияи участкавӣ лифофаҳои сарбаста ва варақаҳои овоздиҳӣ ба қуттӣ партофта мешаванд.

Комиссияи участкавии интихобот ҳамаи бюллетенҳои интихоботии истифоданашударо ҳисоб ва ботил  мекунад.

Қуттиҳои овоздиҳӣ аз тарафи комиссияи участкавии интихоботӣ дар ҳузури ҳамаи аъзои он баъди аз тарафи раиси комиссия тамомшуда эълон гардидани овоздиҳӣ кушода мешаванд. Кушодани куттиҳои овоздиҳӣ то хатми овоздиҳӣ манъ аст.

Ҳисобкунии овозҳо дар участкаи интихобот алоҳида – алоҳида аз рӯи ҳавзаҳои интихобот оид ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ва ҳар номзад ба вакилӣ гузаронида мешавад.

Комиссияи участкавии итихобот мувофиқи рӯйхати интихобкунандагон шумораи умумии интихобкунандагони участка, ҳамчунин шумораи интихобкунандагонеро, ки бюллетен гирифтаанд, муқаррар мекунад. Дар асоси бюллетенҳо ва варақаҳои дар қуттиҳои интихоботӣ буда, комиссия муқаррар менамояд: шумораи умумии интихобкунандагони дар овоздиҳӣ ширкатварзида; шумораи овозҳои ба тарафдории ҳар номзад ба вакилӣ ва шумораи овозҳои ба муқобили вай додашуда; шумораи овозҳои «муқобили ҳамаи номзадҳо» додашуда теъдоди бюллетенҳою варақаҳое, ки беэътибор дониста шудаанд. Аз рӯи фамилияҳои шаҳрвандоне, ки интихобкунандагон иловатан ба бюллетен ва варақаҳо дохил намудаанд, овозҳо ҳисоб карда намешаванд.

Бюллетенҳои интихоботии намунааш ғайри муқаррарӣ, ҳамчунин бюллетенҳою варақаҳое, ки дар онҳо ҳини овоздиҳӣ беш аз як боқӣ мондааст, беэътибор дониста мешаванд. Ҳангоми пайдо гардидани шубҳа оид ба ҳаққонӣ будан ё набудани бюллетену варақаи интихобот масъала аз ҷониби комиссияи участкавии интихобот бо роҳи овоздиҳӣ ҳал мегардад.

Натиҷаи ҳисоби овозҳо дар маҷлиси комиссияи участкавии интихобот баррасӣ гардида, ба протокол дохил мешавад, ки онро раис, котиб ва аъзои комиссия имзо намуда, он ба комиссияи дахлдори ҳавзавии интихобот фиристода мешавад. (ҚКҶТ аз 27.11.14с.№1133)

 

Моддаи 42. Муқаррар кардани натиҷаи интихобот дар ҳавза

Дар асоси протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот, комиссияи ҳавзавии интихобот инҳоро муайян месозад:  шумораи умумии интихобкунандагони ҳавза; шумораи интихобкунандагоне, ки бюллетенҳо ва варақаҳои интихоботӣ гирифтаанд; шумораи интихобкунандагони дар овоздиҳӣ ширкатварзида; миқдори овозҳое, ки “ба тарафдори” ва миқдори овозҳое, ки “ба муқобили” ҳар номзад ба вакилӣ дода шудаанд; шумораи овозҳое, ки «муқобили ҳамаи номзадҳо» дода шудаанд; теъдоди бюллетенҳо ва варақаҳои беэътибор донисташуда. (ҚКҶТ аз 27.11.14с.№1133)

Он номзад ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, ки дар интихобот аз нисф зиёди овозҳои интихобкунандаҳои дар овоздиҳӣ ширкатварзидаро гирифтааст, интихобгардида дониста мешавад.

Комиссияи ҳавзавии интихобот аз сабаби дар рафти интихобот ё ҳангоми ҳисобкунии овозҳо роҳ додан ба вайрон карда шудани ҳамин Қонун метавонад интихоботро беэътибор донад.

Интихобот барпонашуда дониста мешавад, агар дар он камтар аз нисфи интихобкунандагони ба рӯйхати интихобкунандагон дохилшуда иштирок карда бошанд, ҳамчунин агар ҳамаи номзадҳо ба вакилӣ хориҷ шуда бошанд.

Натиҷаҳои интихобот дар ҳавзаи интихобот дар маҷлиси ҳавзавии интихобот муқаррар гардида, ба протокол дохил карда мешавад. Протокол аз ҷониби раис, котиб ва аъзои комиссия ба имзо расида, ба комиссияи дахлдори интихоботии вилоят, шаҳр ва ноҳия фиристода мешавад.

Комиссияи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия аз натиҷаи ниҳоии интихобот дар ҳавзаи интихоботии дахлдор ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 43. Бақайдгирии вакилон

Комиссияи интихоботии вилоят, шаҳр ва ноҳия дар асоси протоколҳои комиссияҳои интихобот, ки ба онҳо расидаанд, вакилони интихобшударо мутобиқан ба қайд мегирад.

Агар дар рафти интихобот ё ҳангоми ҳисоби овозҳо ва ё муайян намудани натиҷаи интихобот ба вайронкунии Қонуни конститутсионии мазкур роҳ дода шуда бошад, комиссияи интихобот метавонад интихоботро беэътибор донад ва вакилро ба қайд нагирад. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 44. Чоп кардани натиҷаи интихоботи вакилон

Комиссияи дахлдори интихобот дар бораи натиҷаи интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони ҳалқи вилоят, шаҳр ва ноҳия хабар ва рӯйхати вакилони интихобшударо дар муддати на дертар аз ҳафт рӯзи баъди интихобот бо тартиби алифбо ва бо зикри фамилия, ном ва номи падар, вазифа (шуғл), ҳизбият, ҷои кор ва истиқомати вакил, ҳавзаи интихобот, ки ӯ интихоб шудааст, дар матбуот чоп мекунад. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 45. Шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакил

Комиссияи ҳавзавии интихобот баъди дар матбуот чоп кардани рӯйхати вакилоне, ки комиссияи дахлдори интихобот ба қайд гирифтааст, ба ҳар вакилӣ интихобшуда шаҳодатнома дар хусуси интихоб гардидани ӯ медиҳад.

Пас аз он ки Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ваколатҳои вакилони интихобшударо тасдиқ менамояд, ба онҳо ба ҷои шаҳрдатнома дар хусуси вакил интихоб шуданашон шаҳодатномаи вакилӣ дода мешавад. Ба  вакил ҳамчунин нишони дахлдори сарисинагӣ дода мешавад.

Шакл ва намуди шаҳодатномаи вакилӣ ва нишони сарисинагии дахлдорро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

VIII. ОВОЗДИҲИИ ТАКРОРӢ, ИНТИХОБОТИ ТАКРОРӢ ВА ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОН БА ҶОИ ВАКИЛОНИ ХОРИҶШУДА. ИНТИХОБОТ ДАР ВОҲИДҲОИ МАРЗИЮ МАЪМУРИИ  НАВТАШКИЛ

 

Моддаи 46. Овоздиҳии такрорӣ

Агар дар ҳавзаи интихоботӣ номзадии беш аз ду кас барои вакил шудан ба овоз монда шуда бошад ва ҳеҷ яке аз онҳо интихоб нагардида бошад, комиссияи ҳавзавии интихобот дар хусуси овоздиҳии такрорӣ дар ҳавза оид ба ду номзад ба вакилӣ, ки овозҳои бештар гирифтаанд, қарор қабул менамояд. Комиссияи ҳавзавӣ дар бораи ин қарор ба комиссияи дахлдори интихобот, ба интихобкунандагони ҳавза хабар медиҳад. Овоздиҳии такрорӣ дар ҳавзаи интихоботӣ дар муҳлати на дертар аз ду ҳафта бо риояи талаботи ҳамин Қонун дар ҳамон участкаҳои интихобот ва аз рӯи ҳамон рӯйхатҳои интихобкунандагон гузаронида мешавад.

Он номзад ба вакилӣ, ки ҳангоми овоздиҳии такрорӣ нисбат ба номзади дигар миқдори бештари овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккардаро соҳиб шудааст, интихобшуда ҳисоб меёбад, ба шарте, ки дар овоздиҳӣ на камтар аз нисфи интихобкунандагони дар рӯйхатҳо дохилбуда иштирок карда бошанд.

Агар ҳангоми овоздиҳии такрорӣ яке аз номзадҳо бо сабабе хориҷ шавад, овоздиҳӣ аз рӯи як номзад сурат мегирад. Зимнан, барои интихоб шудан ба номзад лозим аст, ки беш аз нисфи овозҳои шумораи интихобкунандагони дар овоздиҳӣ ширкатварзидаро гирад.

Ҳангоми овоздиҳии такрорӣ комиссияи участкавии интихобот метавонад овоздиҳиро кадом соате набошад, тамомшуда эълон намояд, ба шарте, ки ҳамаи интихобкунандагони ба рӯйхат дохилшуда овоз дода бошанд.

 

Моддаи 47. Интихоботи такрорӣ

Агар дар ҳавзаи интихобтӣ номзадии на бештар аз ду кас барои вакил шудан ба овоз монда шуда бошад ва ҳеч яке аз онҳо интихоб нагардида бошад, ё интихобот дар ҳавзаи интихоботӣ барпонашуда ё беэътибор дониста шуда бошад ва ё овоздиҳии такрорӣ имкон надода бошад, ки вакили интихобшуда муайян гардад, комиссияи дахлдори интихобот ба комиссияи ҳавзавии интихобот супориш медиҳад, ки дар ҳавзаи интихобот интихоботи такрорӣ гузаронад. Дар ин ҳолат вай метавонад дар бораи зарурати гузаронидани интихоботи такрории комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихбот дар ҳайати нав қарор қабул  намояд. Овоздиҳӣ дар ҳамон участкаҳои интихобот ва мувофиқи рӯйхатҳои интихобкунандагон, ки барои интихоботи асосӣ тартиб дода шуда буданд, гузаронида мешавад.

Интихоботи такрорӣ дар муҳлати на дертар аз ду моҳ баъд аз интихоботи асосӣ гузаронида мешавад. Ташкили комиссияҳои интихоботӣ, бақайдгирии номзадҳо ба вакилӣ ва тадбирҳои дигар мувофиқи тартиби муқарраркардаи ҳамин Қонун сурат мегиранд.

Номзаде, ки дар рафти интихоботи асосӣ миқдори зарурии овозҳоро соҳиб нашудааст, наметавонад дар интихоботи такрорӣ дар ин ҳавза дубора чун номзад пешбарӣ шавад. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 48. Гузаронидани интихоботӣ вакилон ба ивази

                     вакилони хориҷшуда

Дар сурати аз ҷониби Маҷлиси дахлдори вакилони халқ беэътибор дониста шудани ваколатҳои вакилони алоҳида, бо сабабҳои дигар пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколатҳои вакилон дар ҳавзаи дахлдори интихобот дар мӯҳлати се моҳи баъд аз хориҷ шудани вакил интихоботи дигар гузаронида мешавад. Интихобот аз тарафи Маҷлиси дахлдори вакилони халқ на дертар аз ду моҳи пеш аз гузаронидани он таъин гардида, бо риояи талабҳои ҳамин Қонун ташкил карда мешавад. Дар ин ҳолат, комиссияи ҳавзавии интихобот 50 рӯз пеш, комиссияҳои участкавӣ як моҳ пеш аз интихобот таъсис гардида, бақайдгирии номзадҳо ба вакилӣ як моҳ қабл аз интихобот ба охир мерасад.

Дар сурати камтар аз як сол қабл аз хатми мӯҳлати ваколатҳои Маҷлиси даҳлдори вакилони халқ хориҷ шудани вакил интихоботи вакили дигар ба ивази вакили хориҷшуда гузаронида намешавад.

 

Моддаи 481. Интихобот дар воҳидҳои марзию маъмурии навташкил

Интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар воҳидҳои марзию маъмурии навташкил дар сурате гузаронида мешавад, ки даъвати Маҷлиси маҳаллӣ вобаста ба иштирок надоштан ва ё шумораи ками вакилони Маҷлиси вакилони халқи дахлдор, ки ба ҳайати воҳиди марзию маъмурии навташкил дохил мешаванд, ғайриимкон аст.

Интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз тарафи комиссияҳои интихоботии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ на дертар аз ду моҳи баъди ташкил шудани воҳиди марзию маъмурӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур гузаронида мешавад. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 49. Маблағгузории интихобот

Маблағгузории ташкил ва гузаронидани интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ихтиёрӣ гузаронидани интихоботро маблағгузорӣ намоянд. Ин маблағ барои истифода дар ташкил ва гузаронидани интихобот аз ҷониби комиссияҳои интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ қабул карда мешавад.

Назорати истифодаи маблағе, ки ба комиссияи интихоботии дахлдор ҷудо шудааст, инчунин назорат оид ба воридшавӣ ва сарчашмаҳои маблағгузориро комиссияи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ амалӣ менамояд. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 50. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи

                     Қонуни конститутсионии мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚКҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 51. Дар бораи аз эътибор сокит дониста шудани Қонуни

                     Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботӣ вакилон

                     ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»

Аз рӯзи мавриди амал қарор додани ин Қонуни конститутсионӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисхои маҳаллии вакилони халқ» (Ахборӣ Шӯроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 23-24) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

       

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе,  10 декабри соли 1999,

№ 858

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, № 12, мод. 299)

 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ба муносибати қабули ҳамин Қонуни конститутсиони таклифҳо пешниҳод намояд;

карорҳои худро бо ҳамин Қонуни конститутсиони мутобиқ намояд.

 

 

Раиси Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      С. РАҶАБОВ

ш. Душанбе,  10 декабри соли 1999,

№ 859

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед