Ахбори фишурда
Имрўз, 16 декабри соли 2019, масъалаҳои омодагӣ ба интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонваба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 ба рӯзи 1 марти соли 2020 таъйин гардидааст, дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Комиссия Худоёрзода Бахтиёр Тавар баргузор гардид, баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласа як зумра масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, аз қабили ташкили Маркази матбуоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, муқаррар намудани тартиби истифодаи воситаҳои ахбори омма дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз ҷониби номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, ташкили гурӯҳи кории Комиссия оид ба баррасии арзу шикоятҳо,тасдиқ намудани «Роҳнамо» барои кормандони милитсия ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласаи Комиссия зикр гардид, ки Маркази матбуоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо мақсади инъикоси пурра ва ҳама ҷонибаи раванди омодагӣ ва баргузории интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Тартиби истифодаи воситаҳои ахбори омма дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз ҷониби номзадҳо ба вакилӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки аз ҷониби Комиссия таҳия шудааст, барои ҳар як ҳизби сиёсӣ то 40 дақиқа ва барои номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихобот то 20 дақиқа вақти эфири ройгонро дар шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ пешбинӣ намудааст. Тибқи Тартиби мазкур ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар матбуоти давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳуқуқ доранд то 8 саҳифаи дуинтервалии компютерӣ бо шрифти 14 ба таври ройгон маводи ташвиқотӣ чоп намоянд. Дар Тартиби мазкур инчунин дигар ҳолатҳои истифода бурдани воситаҳои ахбори омма пешбинӣ гардидааст.
Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо мақсади баррасӣ ва ҳаллу фасли саривақтии арзу шикоятҳо, ки дар давраи омодагӣ ва баргузории интихобот метавонанд аз ҷониби иштирокчиёни раванди интихобот ба КМИР ворид гарданд, гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Инчунинҷиҳатирасониданиёрииамалӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар давраи омодагӣ ва баргузории интихоботи дарпешистода мутахассисон, олимони соҳаи ҳуқуқва дигар соҳаҳо ба сифати коршинос ҷалб карда шуданд.
Дар ҷаласа инчунин Роҳнамои таҳиякардаи Комиссия барои кормандони милитсия қабул гардид. Бояд тазаккур дод, ки роҳнамои мазкур барои мусоидати кормандони милитсия ба комиссияҳои дахлдори интихоботӣ дар раванди интихобот ва дахолат накардан ба ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон равона шудааст.
Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ масъалаҳои дигари ташкили кори комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.