Дар бораи муайян намудани ҳаҷми маблағе, ки комиссияҳои интихоботӣ ба хазинаи интихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот номзад пешбарӣ намудаанд, ҷудо менамоянд

Дар бораи муайян намудани ҳаҷми маблағе, ки комиссияҳои интихоботӣ ба хазинаи интихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот номзад пешбарӣ намудаанд, ҷудо менамоянд

 

Мувофиқи моддаҳои 9 ва 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон    қ а р о р   м е к у н а д:

  1. Ба хазинаи интихоботии ҳар як номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳавзаи якмандатии интихобот ба қайд гирифта шудааст, ба миқдори 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шавад.
  2. Ба хазинаи интихоботии ҳар як ҳизби сиёсӣ, ки рўйхати номзадҳояш дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба қайд гирифта шудааст, ба миқдори 50000 (панҷоҳ ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шавад.
  3. Маблағҳо ба хазинаи интихоботии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ аз банди 2.2.1.9. сметаи хароҷотҳо, ки барои тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ҷудо карда шавад.
  4. Аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мутасаддиёни Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) назорати истифодаи мақсадноки маблағҳоро анҷом диҳанд.
  5. Иҷрои қарори мазкур ба зиммаи иҷрокунандаи вазифаи сармуҳосиби дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Ҷурахон Иброҳимович вогузор карда шавад.

 

Раиси Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Б. Худоёрзода

 

Котиби Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Н. Самадзода

 

ш.Душанбе, «16» декабри соли 2019, №23

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед