Дар бораи тартиби истифодаи воситаҳои ахбори омма дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ

Мувофиқи моддаҳои 37 ва 39  Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи телевизион ва  радиошунавонӣ» Комиссияи марказии  интихобот  ва раъйпурсии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  қ а р о р   м е к у н а д:

  1. Барои истифодаи телевизион ва радиои давлатӣ    –

– Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, Муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо», Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина», радиои «Тоҷикистон», радиои  «Овози тоҷик», радиои «Садои Душанбе», радиои «Фарҳанг» ва телевизиону радиоҳои давлатии маҳаллӣ ба ҳар як ҳизби сиёсӣ то 40 дақиқа ва ба ҳар як номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихобот то 20 дақиқа ройгон вақти эфирӣ ҷудо карда шавад.

  1.   Барои ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихобот дар матбуоти давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ  чопи ройгони маводи ташвиқотӣ дар ҳаҷми то 8 саҳифаи дуинтервалии компютерӣ, шрифти 14 муқаррар карда шавад.
  2.   Ҳизбҳои сиёсии бақайдгирифташуда ва номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки рӯйхати номзадҳоро пешниҳод намудаанд, ки  бо  қарори  Комиссияи

 

марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2019, №5 тасдиқ шудааст, маводи ташвиқотиро дар воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар асоси шартнома чоп кунанд.

  1.   Маводи ташвиқотии ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуот  таҳти унвони «Интихоботи вакилони халқ – 2020» нашр карда шаванд.
  2. Истифодаи маблағҳо барои ташвиқоти пешазинтихоботии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар интихобот иштирок мекунанд, аз  ҳадди нишондиҳандаҳое, ки моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян кардааст, набояд зиёд бошад.
  3.   Қарори мазкур барои иҷро ба ҳамаи ташкилотҳои дахлдор новобаста аз шакли моликият ирсол карда шавад.

 

 

Раиси Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии  Тоҷикистон                             Б. Худоёрзода

 

Котиби Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии  Тоҷикистон                                   Н. Самадзода

ш. Душанбе, «16» декабри соли 2019,

№ 24

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед