Ахбори фишурда

5 феврали соли 2020 таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласаи Комиссия баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои идомаи омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рӯзи 1 марти соли 2020 таъин гардидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷаласа қайд гардид, ки яке аз масъалаҳои муҳими раванди омодагӣ ба интихобот ин масъалаи бақайдгирии рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар доираи муҳлатҳои пешбинигардидаи моддаи 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», пас аз омӯзиши ҳаматарафаи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи ҳизбҳои сиёсӣ бо қарорҳои дахлдори худ рӯйхати номзадҳоро аз

Ҳизби Аграрии Тоҷикистон дар ҳайати 13 нафар,

Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар,

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳайати 26 нафар,

Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар,

Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар ҳайати 4 нафар,

Ҳизби Сосиал-Демократи Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар

Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар ба қайд гирифт.

Инчунин дар ҷаласа қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар бораи аккредитатсияи миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳайати 8 нафар ва аз Ҷумҳурии Беларус дар ҳайати 2 нафар мушоҳиди байналмилалӣ қабул гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед