Ахбори фишурда – Мулоқоти Раиси КМИР бо мушоҳидони байналмилалӣ аз ДНДҲИ/САҲА

17 феврали соли 2020 Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии  Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо таҳти  роҳбарии Пол Эберхард мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои тайёрӣ ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода табодули назар карданд.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар дар ҷараёни сӯҳбат аз рафти омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олӣ, ки то имрӯз аз ҷониби Комиссия амалӣ гаштаанд, ёдовар шуда,  қайд намуд, ки Комиссия дар асоси талаботи қонунгузории интихоботии кишвар барои субъектони иштирокчии раванди интихобот тамоми шароити баробарро ҷиҳати рақобати солими сиёсӣ муҳаё намудааст.

Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки имрӯзҳо дар тамоми ҷумҳурӣ маъракаи тарғиботӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ дар шакли вохӯрӣ бо интихобкунандагон ва баромадҳо аз тариқи телевизион, радио ва матбуоти даврӣ муташаккилона идома дошта, иштирокчиёни он ба интихобкунандагон барномаҳои пешазинтихоботии худро муаррифӣ намуда истодаанд.

Роҳбари ҳайати мушоҳидони байналмилали аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Пол Эберхард фаъолияти анҷомдодаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро дар самти корбарӣ бо занон, ҷавонон ва шахсони дорои имконияти маҳдуд бо хушнудӣ пазируфта, онро дар раванди омодагӣ ба интихобот мусбӣ арзёбӣ намуд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳор намуданд, ки фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ дар баргузории интихоботи шаффоф ва ошкоро мусоидат менамояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед