ДАСТУРАМАЛ БАРОИ КОМИССИЯҲОИ ИНТИХОБОТӢ ҶИҲАТИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚҲОИ ШАХСОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД ДАР ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

рохнамои маъюбон

Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «14» июли соли 2020, №93 тасдиқ карда шудаааст

 

ДАСТУРАМАЛ БАРОИ КОМИССИЯҲОИ ИНТИХОБОТӢ ҶИҲАТИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚҲОИ ШАХСОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД ДАР ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

МУҚАДДИМА

Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ уҳдадориҳои худро дар самти ҳимоя ва таъмини ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд иҷро намуда, моҳи марти соли 2018 ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон ҳамроҳ шудааст.

Бо мақсади таъмини ҳуқуқи маъюбон дар интихобот, фароҳам овардани шароити мусоид барои изҳори ақидаи онҳо тавассути ширкат дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин Дастурамалро барои комиссияҳои интихоботӣ ҷиҳати таъмини шароитҳои зарурии инфрасохторӣ ва ташкилӣ баҳри таъмини ширкати шахсони имконияташон маҳдуд дар интихобот таҳия ва тасдиқ намуда, барои корбарӣ дастур медиҳад.

 

ТАЪМИНИ ҲУҚУҚИ ШАХСОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД ДАР ИНТИХОБОТ

Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон ҳамроҳ шуд.

Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон ба принсипҳои умумӣ, аз қабили эҳтироми қадру қимати хоси инсон, соҳибихтиёрии шахсии ӯ, аз ҷумла озодии интихоби шахсӣ ва мустақилият; бетабъизӣ; пурра ва бо самар ҷалб намудану ҳамроҳ шудани маъюбон ба ҷомеа; эҳтиром намудани махсусияти маъюбон ва ба сифати як ҷузъи гуногуншакли қисми башар пазируфтани онҳо; баробарии имкониятҳо; дастрасӣ ва баробарии мардону занони маъюб асос ёфтааст.

Моддаи 29 Конвенсия дар бораи таъмини иштироки маъюбон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ давлатҳои аъзоро вазифадор менамояд, ки:

– иштироки бевосита ё тавассути намояндагони озодона интихобнамудаи худ дар қатори дигарон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ самаранок ва ҳаматарафа иштирок карда тавонистани маъюбонро тавассути ҳуқуқу имконияти овоз додану интихоб шудан таъмин намоянд;

– мувофиқат, дастрасӣ ва барои фаҳмиш ва истифода осон будани тартибот, бино ва маводи овоздиҳиро барои онҳо таъмин намоянд;

– ҳуқуқи иштироки маъюбонро дар овоздиҳии пинҳонӣ таъмин намуда, барои истифодаи технологияҳои ёрирасони муосир ва биноҳои мувофиқ мусоидат намоянд;

– изҳори озоди иродаи маъюбонро ҳамчун интихобкунанда кафолат дода, бо хоҳиши онҳо барои расонидани кумак ҳангоми овоздиҳӣ аз ҷониби шахсони интихобкардаи онҳо мусоидат намоянд.

 

ТАЪМИНИ  ҲУҚУҚҲОИ ИНТИХОБОТИИ ШАХСОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД

Таъмини ҳуқуқҳои интихоботии шахсони имконияташон маҳдуд аз ҷониби комиссияҳои интихоботӣ имконият медиҳад:

-ҳуқуқи интихоботии умумӣ, ки принсипи конститутсионӣ мебошад, амалӣ карда шавад;

– дастрасӣ ва имконияти баробар барои ҳамаи интихобкунандагон таъмин карда шавад;

– табъиз вобаста ба имконияти ҷисмонӣ аз байн бурда шавад;

– ба қишри осебпазир имконият дода шавад, ки дар раванди қабули қарор ширкат варзад.

 

Вобаста ба талаботи муқарраршуда комиссияи ҳавзавии интихобот вазифадор аст:

– бо ташкилотҳои ҷамъиятии шахсони имконияташон маҳдуд ва ё филиалҳои онҳо дар ҳудуди ҳавза ҳамкорӣ намояд;

– руйхати шахсони имконияташон маҳдудро тавассути ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон, сохторҳои Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маҳал, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дастрас намояд;

– дар бинои ҳавза шароити зарурии инфрасохториро барои шахсони имконияташон маҳдуд муҳайё созад;

– ҳангоми тақсимоти вазифаҳо як нафар аз узви комиссияи ҳавзавиро махсус барои масъалаи назорати таъмини ҳуқуқи интихоботии шахсони имконияташон маҳдуд вазифадор намояд.

Комиссияи участкавии интихобот дар самти таъмини ҳуқуқи интихоботии шахсони имконияташон маҳдуд вазифадор аст:

– руйхати шахсони имконияташон маҳдудро омода ва эҳтиёҷоти ҷисмонии онҳоро муайян намояд;

–  дархости хаттӣ ё шифоҳии шахсони имконияташон маҳдудро дар бораи овоздиҳӣ дар хона на камтар аз даҳ рӯз пеш аз овоздиҳӣ қабул намояд;

– дар ҳолате, ки агар шахси номбурда дар рӯзи интихобот дар маҳалли истиқомати худ вобаста ба зарурати пешомада, аз ҷумла сафар ба дигар минтақа ё хориҷи кишвар, сафар бо мақсадҳои дигари шахсӣ ба берун аз ҳудуди ҳавзаи интихобот,  ба монанди табобат, саёҳат ва муҳоҷират, ки имконияти ба таъхир гузоштани онро надорад,  ҳоҳиши шахси имконияташ маҳдудро дар бораи овоздиҳии пешакӣ муайян кунад ва ба ӯ фаҳмонида диҳад, ки тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 5 рӯз то интихобот ба бинои комиссияи участкавии интихобот омада, бо пур кардани варақаи интихобот овоз диҳад;

– дар сурате, ки интихобкунанда – шахси имконияташ маҳдуд дар давраи байни пешниҳоди руйхати интихобкунандагон барои шиносоии умумӣ ва рӯзи овоздиҳӣ, яъне дар давоми 15 рӯз то овоздиҳӣ, ҷойи буду боши худро таѓйир диҳад (ба табобат ё санатория равад), комиссияи участкавӣ бо дархости ӯ ва бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташ ба интихобкунанда шаҳодатномаи ҳуқуқи овоздиҳӣ диҳад;

– барои ташкили пандусҳо дар участкаи интихоботӣ ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва роҳбари ташкилоте, ки бино дар ихтиёри ӯ мебошад, муроҷиат намояд;

– кабинаи алоҳидаро дар участкаи интихоботӣ ҷиҳозонида, андозаи зарурии миз ва меъёри зарурии равшаниро дар дохили кабинаи овоздиҳӣ таъмин намояд;

– аз ҳисоби узви комиссияи участкавӣ ва волонтёрон шахсони мутасаддиро барои кумак расонидан ҳангоми наздик шудан ба участка, ворид шудан ба участкаи интихоботӣ, кабинаи овоздиҳӣ ва гусели шахси имконияташ маҳдуд вазифадор намояд;

– бо дархости шахси имконияташ маҳдуд шахси беѓараз ва холисро барои кумак намудан дар пур кардани бюллетен ҷалб намояд;

– бе дархост ва розигии шахси дорои имконияташ маҳдуд шахсони холисро ҷалб накунад ва махфияти овоздиҳии ӯро таъмин намояд;

– арзу шикояти шахси имконияташ маҳдудро оид ба масъалаҳои вобаста ба интихобот қабул ва сари вақт баррасӣ кунад.

ХУЛОСА

Амалӣ намудани вазифаҳои дар назди комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот вобаста ба таъмини ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд дар интихобот гузошта шудаанд, иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбонро таъмин карда, баҳри иштироки фаъолонаи онҳо дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед