карори ташкили ташвикоти пешазинтихоботи
Дар бораи тасдиқи Тартиби ташкили ташвиқоти
пешазинтихоботии номзадҳо ба мансаби Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи моддаҳои 27 ва 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади таъмини шароити баробар барои номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили ташвиқоти пешазинтихоботӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
- Дастурамали ташкили ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
- Ҳамин Дастурамал барои иҷро ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шавад.
Раиси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
ҶумҳурииТоҷикистон Б. Худоёрзода
Котиби Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Самадзода
ш.Душанбе, «14» июли соли 2020, № 92