карори меъёри намояндагии мвх шнтч
Дар бораи меъёри намояндагӣ, тартиби ташкил ва гузаронидани Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба пешбарӣ намудани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
- Меъёри намояндагӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба пешбарӣ намудани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби як намоянда аз ҳар панҷ вакили Маҷлиси вакилони халқи ҳар як шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ муқаррар карда шавад.
- Намояндагони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр ва ноҳия дар иҷлосияҳои ин Маҷлисҳо интихоб карда мешаванд. Тартиби овоздиҳиро иҷлосия муайян мекунад. Вакиле, ки ба тарафдории ў аз нисф зиёди вакилони дар иҷлосия иштироккарда овоз додаанд, намояндаи интихобшуда ҳисобида мешавад.
- Дар қарори иҷлосияи Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр ва ноҳия қайд карда шавад, ки намояндагони ҳамин маҷлис дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ оид ба пешбарӣ намудани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудаанд. Дар қарор бояд насаб, ном ва номи падар, вазифа ва ҷои кори ҳар як намоянда нишон дода шавад.
- Даъват ва гузаронидани иҷлосияи Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба интихоби намояндаҳо мувофиқи қисми чоруми моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” фавран тавсия карда шавад. Қарори иҷлосияи Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати на дертар аз се рўз баъди баргузор шудани маҷлис расонида шавад.
- Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба пешбарӣ кардани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди дар аксари шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида шудани иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқ дар шаҳри Ваҳдат даъват карда мешавад. Иҷлосия дар сурати иштироки на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии намояндагони интихобшуда салоҳият дорад. Ҳар як намоянда бо шаҳодатномаи вакилӣ дар ҷаласа иштирок менамояд.
- Иҷлосияи намояндагони вакилон аз шумораи намояндагон раис ва котибро интихоб менамояд. Дар иҷлосия раиси интихобшуда раисӣ мекунад. Тамоми масъалаҳои дар иҷлосия баррасишаванда бо аксарияти овозҳои шумораи умумии намояндагони вакилони иштирокдошта қабул мегардад. Қарор дар бораи пешбарӣ намудани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Қарорро раисикунандаи иҷлосия имзо мегузорад.
- Танзими тадорукоти марбут ба омодагӣ ва гузаронидани Маҷлиси намояндагони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба зиммаи раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузошта шавад.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самадзода Н.А. ва узви Комиссия Азизова М.Б. гузошта шавад.
Раиси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода
Котиби Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Самадзода
ш. Душанбе, 14 июли соли 2020, № 100