Дар бораи муқаррар намудани шакл ва ҳаҷми ягонаи Лавҳаи даромадгоҳ ва Овезаи гўшаи интихоботӣ барои ҳавза ва участкаҳои интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
- Барои ҳавзаҳо ва участкаҳои интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лавҳаи даромадгоҳ ба андозаи 300 см х 100 см, ранги сафед барои ҳавзаи интихобот ва ранги кабуди осмонӣ барои участкаи интихобот муқаррар карда шавад (замимаи 1).
- Барои ҳавзаҳо ва участкаҳои интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Овезаи гўшаи интихоботӣ ба андозаи 230 см х 150 см, ранги кабуди осмонӣ муқаррар карда шавад (замимаи 2).
- Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мутасаддиёни Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилояти Суѓд, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) гузошта шавад.
Раиси Комиссияи марказии
Интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода
Котиби Комиссияи марказии
Интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Самадзода
ш.Душанбе, «14» июли соли 2020, № 98