Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ

Дар бораи тартиби истифодаи воситаҳои ахбори омма дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз ҷониби номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Мувофиқи моддаҳои 27 ва 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади таъмини шароити баробари истифодаи воситаҳои ахбори омма дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ барои номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р  м е к у н а д:

  1. Дар телевизион ва радиои давлатӣ – Шабакаи аввали телевизиони «Тоҷикистон», Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина», Муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо»,  радиои «Тоҷикистон», радиои «Овози тоҷик», радиои «Садои Душанбе», радиои «Фарҳанг»  ва телевизиону радиоҳои давлатии маҳаллӣ ба ҳар як номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то 40 дақиқа ва барои шахсони боэътимоди онҳо (як нафарӣ аз ҳар номзад) то 20 дақиқа вақти эфири ройгон ҷудо карда шавад.
  2. Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад вақти муқарраршудаи ройгони эфириро ба воситаи яке аз шахсони боэътимоди худ истифода намояд.
  3. Барои номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуоти давлатии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ чопи ройгони маводи иттилоотӣ дар ҳаҷми то 12 саҳифаи дуинтервалии компютерӣ, шрифти 14 муқаррар карда шавад.
  4. Маводи ташвиқотии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуот таҳти унвони «Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2020» нашр карда шаванд.
  5. Ҳамин қарор ҷиҳати иҷрои банди 1 ва 2 ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шавад.
  6. Қарор барои иҷрои бандҳои 3 ва 4 ба рўзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии давлатӣ фиристода шавад.
  7. Ҳамин қарор ҷиҳати иҷрои банди 4 ба Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» фиристода шавад.

 

 

 

  1. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимӣ Н.Ю. вогузор карда шавад.

 

 

Раиси Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Б. Худоёрзода

 

Котиби Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       Н. Самадзода

 

ш. Душанбе, «14» июли соли 2020, № 94

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед