Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, №882 интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба 2 марти соли 2025 таъйин гардидааст. Интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 28 марти соли 2025 таъйин гардидааст.
6 декабри соли 2024 таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласаи Комиссияи марказӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои вобаста ба интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷаласаи мазкур Нақшаи тақвимии чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва гузаронидани интихобот тасдиқ гардид, ки он масъалаҳои ташкил ва баргузор намудани интихоботро дар ҳамаи зинаҳои мақомоти намояндагӣ дар бар гирифтааст.
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Коммисияи марказӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 41 ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ҳамчунин, дар ҷаласа як қатор санадҳои дастурӣ барои комиссияҳои поёнии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамалҳои намунавӣ барои комиссияҳои интихоботии вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо, аз он ҷумла «Дастурамали Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дастурамали Комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тартиби пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳое, ки аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ шудаанд», «Тартиби пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳои бо роҳи худпешбарӣ пешниҳодшуда» ва ғайра баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо риояи талаботи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон, инчунин фароҳам овардани шароити баробар барои субъектҳои раванди интихобот ҳамаҷиҳата мусоидат хоҳад кард.