Санаи 17 декабри соли 2024 таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказӣ Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказӣ тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ 41 комиссияи ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил карда шуд.
Бо мақсади мусоидат ба субъектони интихобот, ошкоро ва шаффоф баргузор шудани маъракаи интихобот ва инъикоси ҳамаҷонибаи раванди ташкилу баргузории интихобот бо қарори дахлдор маркази матбуотии муваққатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ таъсис дода шуд.
Ҳамчунин Тартибҳои иштироки воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ва воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саволу ҷавобҳо оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, вакилони Ҷамоат, Роҳнамо оид ба омода намудани участкаи интихоботӣ ба рӯзи интихоботи вакилон ва дигар санадҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар рафти ҷаласа вобаста ба масъалаҳои зикргардида муҳокимаҳо сурат гирифта, аъзои Комиссияи марказӣ оид ба моҳият ва аҳаммияти Дастуру Роҳнамо ва дигар қарорҳои қабулшуда фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Корҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома доранд.