7 декабри соли 2019 таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласаи Комиссия баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва баргузории интихоботи Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ зикр гардид, ки рӯзи 4 декабри соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба имзо расид, ки тибқи он интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ба рӯзи 1 марти соли 2020 таъин гардид. Инчунин мутобиқи Фармони мазкур, интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2020 таъин гардид.
Дар ҷаласа Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ташкили ҳавзаҳои интихоботи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ва ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намунаҳои муҳрҳои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботӣ баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.
Зимни ҷаласа зикр гардид, ки Нақшаи тақвимии Комиссия тамоми масъалаҳои вобаста ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, муҳлати иҷрои чорабиниҳо, сохторҳои масъул ва иҷрокунандагони чорабиниҳои омодагиро мушаххас менамояд.
Инчунин дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ масъалаи муайян намудани ҳудуд ва макони ҷойгиршавии ҳавзаҳои бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, ҳавзаҳои якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон матраҳ гардид.
Тибқи қарори қабулнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ҳудуди кишвар 5 ҳавзаи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ва 41 ҳавзаи якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ташкил дода шуда, ҳамзамон ҳудуд, макони ҷойгиршавӣ ва шумораи пешакии интихобкунандагони ин ҳавзаҳо муайян гардиданд.
Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ инчунин намунаҳои муҳрҳои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботӣ тасдиқ карда шуданд.