Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ “Дар бораи ташкил кардани ҳавзаҳои интихоботи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи  аъзои  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Қарори КҲИ

 Қ  А  Р  О  Р  И

КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ

                                               ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН                                       

Дар бораи ташкил кардани ҳавзаҳои интихоботи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи  аъзои  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мувофиқи моддаҳои 12 ва 21 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон   қ а р о р   м е к у н а д:

Барои интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ ташкил карда шаванд:

Ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1;  қароргоҳ – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, хиёбони Ш. Шоҳтемур, 111;

Ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар вилояти Суғд №2; қароргоҳ – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, хиёбони Р.Набиев 45;

Ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар вилояти Хатлон №3; қароргоҳ – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев №1;

Ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар шаҳри Душанбе №4; қароргоҳ – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 80;

Ҳавзаи интихоботи бисёрмандатии якҷояи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5;  қароргоҳ – бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 40.

Раиси Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              Б. Худоёрзода

Котиби Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              Н. Самадзода

ш. Душанбе, «7» декабри соли 2019,

№ 15

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед