Бо ќарори
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон
аз 12 ноябри соли 2019, №11
тасдиќ карда шудааст
Тартиби
ПЕШБАРИИ номзадҲо ба вакилиИ МаҶлиси намояндагони МаҶлиси Олии ҶумҲурии
Тоҷикистон, шахсони боэътимоди нОМЗАДҲО
БА ваКИЛӢ ВА БАҚАЙДГИРИИ ОНҲО
- МУЌАРРАРОТИ УМУМЇ
- Интихоботи вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар асоси њуќуќи умумї, баробар ва бевосита, бо овоздињии пинњонї ва низоми омехтаи интихобот сурат мегирад.
- Вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танњо шањрвандии Љумњурии Тољикистонро дошта бошад, синни ў аз 30 кам набуда, дорои тањсилоти олї бошад ва забони давлатиро донад.
- Шањрвандони зерин ба вакилии Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон њуќуќи номзад шуданро надоранд:
а) шањрвандоне, ки ба талаботи муќарраркардаи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» љавобгўй нестанд;
б) шањрвандоне, ки забони давлатиро намедонанд;
в) шањрвандоне, ки дар њудуди љумњурї камтар аз 5 соли охир истиќомат доранд;
г) шахсоне, ки шањрвандиашон ќатъ гардидааст ё шањрвандии давлати дигарро соњиб шудаанд;
д) шањрвандоне, ки суд онњоро ѓайри ќобили амал донистааст ё бо њукми суд дар љойњои мањрумї аз озодї нигоњ дошта мешаванд ва ё бо ќарори суд дар муассисањои табобати маљбурї мебошанд;
е) хизматчиёни њарбии Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон, дигар ќушуну сохторњои њарбї, вазорату идорањо, ки дар онњо ќонун хизмати њарбиро пешбинї намудааст, шахсони њайати ќаторї ва роњбарикунандаи маќомоти корњои дохилї, маќомоти гумрук ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон;
ё) ходимони касбии ташкилотњо ва иттињодияњои динї њангоми дар вазифа буданашон;
ж) шањрвандоне, ки барои содир кардани љиноятњои барќасдонаи вазнин ва махсусан вазнин суд шудаанд, новобаста ба гузаштани муњлат ва бардошта шудани доѓи судиашон;
з) шањрвандоне, ки доѓи судиашон бардошта нашудааст;
и) шањрвандоне, ки барои содир кардани љиноятњои ба муќобили асосњои сохти конститутсионї ва амнияти давлат ва дигар љиноятњои барќасдонаи вазнин ва ё махсусан вазнин аз тарафи маќомоти тањќиќу тафтишот гумонбар шудаанд ё нисбати онњо кофтуков эълон карда шудааст, ба истиснои иштироккунандагони муќовимати сиёсию низомї, ки шомили авф гардидаанд.
- Ба мардону занон барои иштирок дар раванди интихоботї њуќуќњои баробари интихобот ва кафолатњои он дода мешавад.
- II. РОЊЊОИ ПЕШБАРЇ НАМУДАНИ НОМЗАДЊО БА
ВАКИЛИИ МАЉЛИСИ НАМОЯНДАГОН
- Барои интихоботи вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар њудуди Љумњурии Тољикистон як њавзаи ягонаи умумиљумњуриявї ва 41 њавзаи њудудии якмандатаи интихоботї ташкил карда мешавад.
- Ба њавзаи ягонаи умумиљумњуриявї танњо њизбњои сиёсї метавонанд номзад пешнињод кунанд.
- Ба 41 њавзаи њудудии якмандатаи интихоботї њизбњои сиёсї, инчунин шањрвандон бо роњи худпешбарї њуќуќ доранд номзад пешнињод кунанд.
- Њизбњои сиёсї метавонанд шахсонеро њам, ки аъзои њизбњои сиёсї намебошанд, номзад пешнињод кунанд. Њизбњои сиёсї ба шарте номзадро ба вакилии Маљлиси намояндагон пешбарї карда метавонанд, агар онњо бо тартиби муќарраркардаи ќонун то рўзи таъйини интихобот дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шуда бошанд ва дар бораи сарчашмаи даромадашон њуљљат пешнињод кунанд. Њуљљат дар бораи сарчашмаи даромади њизби сиёсї, њуљљате мебошад, ки њизби сиёсї бо тартиби муќаррарнамудаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њизбњои сиёсї» пешнињод менамояд.
- Аз љониби њизбњои сиёсї пешбарї намудани номзадњо (рўйхати номзадњо) ба вакилии Маљлиси намояндагон дар њавзаи ягонаи умумиљумњуриявї:
а) пешбарї намудани номзадњо ба вакилии Маљлиси намояндагон аз рўи рўйхати номзадњо дар њавзаи ягонаи умумиљумњуриявї баъд аз таъйини интихобот оѓоз шуда, 45 рўз пеш аз интихобот анљом меёбад;
б) рўйхати номзадњо ба вакилии Маљлиси намояндагон дар њавзаи ягонаи умумиљумњуриявї аз тарафи њизбњои сиёсї дар анљумани (конференсияи) онњо пешбарї карда мешавад;
в) рўйхати номзадњо ва тартиби љобаљокунии номзадњоро дар рўйхат њизби сиёсї муайян мекунад;
г) рўйхати номзадњо ва тартиби љобаљокунии номзадњо дар рўйхат баъд аз пешнињод намудани он ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон таѓйир дода намешавад, ба истиснои њолатњои хориљ шудани номзад аз рўйхат;
д) шумораи умумии номзадњо, ки аз тарафи њизбњои сиёсї мувофиќи рўйхат пешнињод мешаванд, набояд аз 45 фоизи (28 нафар) миќдори умумии вакилони Маљлиси намояндагон зиёд бошад;
е) рўйхати номзадњои аз тарафи њизбњои сиёсї пешнињодшуда, протокол ва ќарори анљумани (конференсияи) њизби сиёсї, ки дар он рўйхати номзадњо пешбарї шудааст, ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсї пешнињод карда мешавад. Дар ќарор инњо сабт мешаванд: номи маќом ва ќарор, сана ва љой, њалли масъалаи баррасишуда, имзои раисикунанда ва муњр;
ё) рўйхати номзадњои пешбаришуда ба ќарор замима мегардад;
ж) протокол масъалањои зеринро дар бар мегирад: номи маќом, сана ва љой, шумораи аъзои маќом, шумораи иштирокчиён, масъалаи баррасишуда, пешнињодот оид ба номзадњо, муњокимаи номзадњо, шакли овоздињї, натиљаи овоздињї, матни ќарори ќабулшуда, имзоњои раисикунанда, котиби маљлис ва муњр.
- Дар анљумани (конференсияи) њизбњои сиёсї аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон њуќуќ доранд иштирок намоянд.
- Аз љониби њизбњои сиёсї пешбарї намудани номзадњо ба вакилии Маљлиси намояндагон дар њавзањои њудудии якмандатии интихобот:
а) пешбарї намудани номзадњо ба вакилии Маљлиси намояндагон дар њавзањои њудудии якмандатаи интихобот 60 рўз пеш аз интихобот оѓоз шуда, 45 рўз пеш аз интихобот анљом меёбад;
б) пешбарї намудани номзадњо ба вакилии Маљлиси намояндагон дар њавзањои њудудии якмандатаи интихобот аз њизбњои сиёсї аз тарафи маќомоти шањрї (ба истиснои маќомоти њизбии шањри Душанбе), ноњиявии њизбњои сиёсї дар пленумњои (конференсияњои) онњо бо зикри њавзаи интихобот, ки номзадашон пешбарї мешавад, сурат мегирад;
в) маќомоти шањрию ноњиявии њизбњои сиёсї ба њар як њавзаи интихоботе, ки дар њудуди шањр ва ноњия воќеъ гардидааст, як номзадї пешбарї мекунанд;
г) ќарор дар бораи пешбарии номзад ба таври овоздињии пинњонї ќабул карда мешавад;
д) дар мавриде, ки њудуди њавзаи интихобот ќаламрави ду ва зиёда ноњия ва шањрро дар бар гирад, пешбарии номзадњо аз њизбњои сиёсї ба ин њавза дар пленумњои (конференсияњои) якљояи ноњиявї ва шањрии њизб сурат мегирад. Дар ин њолат ба ин њавза як номзад пешбарї карда мешавад;
е) тартиби пешбарии номзади вакили Маљлиси намояндагонро њизбњои сиёсї муќаррар мекунанд;
ё) дар бораи пешбарии номзади вакили Маљлиси намояндагон аз њизби сиёсї ќарор ќабул мегардад ва протокол тартиб дода мешавад;
ж) дар ќарор инњо сабт мегарданд: номи ќарор ва маќом, сана, љой, ном ва раќами њавзаи интихоботї, њалли масъалаи баррасишуда, имзои раисикунанда ва муњр;
з) протокол масъалањои зеринро дар бар мегирад: номи маќом, сана ва љой, шумораи аъзои маќом, шумораи иштирокчиён, масъалаи баррасишуда, ном ва раќами њавзаи интихоботї, пешнињодот оид ба номзадњо, муњокимаи номзадњо, шакли овоздињї, натиљаи овоздињї, матни ќарори ќабулшуда, имзои раисикунанда,котиби маљлис ва муњр;
и) дар бораи ќарори ќабулшуда њизби сиёсї ба номзади вакили Маљлиси намояндагон камаш дар давоми ду рўз хабар медињад.
- Дар пленуми (конференсияи) маќомоти шањрї ва ё ноњиявии њизбњои сиёсї аъзои комиссияи њавзавии њудудии якмандатаи интихобот њуќуќ доранд иштирок намоянд.
- Аз љониби шањрвандон бо роњи худпешбарї пешбарї намудани номзадњо ба вакилии Маљлиси намояндагон дар њавзањои якмандатаи интихобот:
а) пешбарї намудани номзадњо ба вакилии Маљлиси намояндагон дар њавзањои якмандатаи интихобот 60 рўз пеш аз интихобот оѓоз шуда, 45 рўз пеш аз интихобот анљом меёбад;
б) љамъоварии на камтар аз 500 (панљсад) имзои интихобкунандагони њавзаи якмандатаи интихоботи дахлдор барои тарафдории худ дар вараќањои имзогузорї, ки намунаашро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсї муќаррар намудааст. Дар вараќањои имзогузорї насаб, ном ва номи падари номзад ва шахси ташаббускори номзад, љои истиќомат, силсила ва раќами шиноснома ё њуљљати дигаре, ки шахсияти ташаббускорро тасдиќ мекунад; раќамњои тартибї, насаб, ном ва номи падар, рўз, моњ ва соли таваллуд, шиноснома ё њуљљати дигаре, ки шахсияти имзогузорандаро тасдиќ мекунад (шиносномаи хизматї, шањодатномаи ронандагї ва корти идентификатсионї), силсила ва раќами он њуљљат, љои истиќомат, имзои шахси имзогузоранда ва таърихи имзои вараќа сабт мегарданд. Њар интихобкунанда бояд ба тарафдории фаќат як номзад аз њавзаи мањалли истиќомати худ имзо гузорад.
- Вараќаи имзогузорї аз комиссияи њавзавии њудудии якмандатаи интихобот дастрас карда мешавад.
III. ГАРАВИ ИНТИХОБОТЇ
- Номзад ба вакили Маљлиси намояндагон дар њавзањои якмандатаи интихобот пеш аз баќайдгирї ва баъди аз тарафи комиссияи њавзавии интихобот муайян намудани мувофиќати ў ба талаботи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» аз маблаѓи шахсии худ ба суратњисоби муваќќатии махсуси Бонки давлатии амонатгузории Љумњурии Тољикистон «Амонатбонк» ва шуъбањои он ба миќдори 100 (сад) нишондињанда барои њисобњо гарави интихоботї месупорад. Дар ин бора аз љониби бонки мазкур фавран ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон хабар дода мешавад.
- Дар сурати ба даст овардани на кам аз 10 фоизи овозњои интихобкунандагони њавзаи интихоботии дахлдори дар овоздињї иштироккарда гарави интихоботї ба номзад баргардонида мешавад. Њангоми бекор кардани ќарори пешбарии номзад аз тарафи њизби сиёсї ё пас гирифтани номзадї аз љониби номзад гарави интихоботї бо ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсї ба буљети љумњуриявї мегузарад.
- Њизбњои сиёсие, ки рўйхати номзадњоро ба вакилии Маљлиси намояндагон дар њавзаи ягонаи умумиљумњуриявї пешнињод намудаанд, баъд аз санљиши мувофиќ будани номзадњо ба талаботи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон, аз маблаѓи худ ба суратњисоби муваќќатии махсуси Бонки давлатии амонатгузории Љумњурии Тољикистон «Амонатбонк» ва шуъбањои он мутаносибан ба њар номзади пешнињодшуда 100 (сад) нишондињанда барои њисобњо гарави интихоботї месупоранд. Гарави интихоботї дар сурати аз тарафи њизби сиёсї гирифтани на камтар аз панљ фоизи овозњои интихобкунандагони дар овоздињї иштироккарда ба њизби сиёсї баргардонида мешавад. Дар њамаи њолатњои дигар гарави интихоботии њизби сиёсї баргардонида намешавад ва ба буљети љумњуриявї мегузарад.
- IV. БАЌАЙДГИРИИ НОМЗАДЊО БА ВАКИЛИИ
МАЉЛИСИ НАМОЯНДАГОН
- Барои баќайдгирии номзадњо (рўйхати номзадњо) ба вакилии Маљлиси намояндагон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон њуљљатњои зерин пешнињод карда мешаванд:
а) протокол бо ќарори анљумани (конференсияи) њизби сиёсї дар бораи пешнињоди номзад (рўйхати номзадњо);
б) аризаи номзад оид ба розигии вай дар бораи ба овоздињї мондани номзадии худ; дар ариза уњдадории номзад оид ба ќатъи фаъолияти худ дар сурате, ки он бо мандати вакилї номувофиќ бошад, бояд зикр гардад;
в) маълумот оид ба тарљимаи њоли номзадњо бо зикри насаб, ном ва номи падар, санаи таваллуд, љои кор, мансаби ишѓолкардааш (машѓулият) ва мањалли зист;
г) нусхаи шиносномаи (корти идентификатсионии) номзад;
д) нусхаи њуљљати расмие, ки доштани тањсилоти олии номзадро тасдиќ мекунад;
е) маълумотнома аз љойи истиќомат оид ба муњлати истиќомати номзад дар њудуди љумњурї;
ё) хулосаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон дар хусуси муайян намудани сатњи донистани забони давлатї аз љониби номзад;
ж) маълумот дар бораи њаљм ва манбаи даромади номзад;
з) маълумот дар бораи амволе, ки ба моликияти номзад мансуб аст;
и) маълумоти тиббї дар бораи солимии руњї;
й) њуљљат дар бораи гарави интихоботї;
к) маълумот дар бораи ба љавобгарии љиноятї кашида нашудан, мањкум нашудан ва доѓи судї надоштан. Маълумоти мазкур бо талаби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон аз љониби Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон пешнињод мегардад.
- Барои баќайдгирии номзадњо ба вакилии Маљлиси намояндагон ба комиссияи њавзавии њудудии якмандатаи интихобот њуљљатњои зерин пешнињод карда мешаванд:
а) протокол бо ќарори пленуми (конференсияи) маќомоти шањрї ва ноњиявии њизби сиёсї дар бораи пешнињоди номзад;
б) аризаи номзад оид ба розигии вай дар бораи ба овоздињї мондани номзадии худ; дар ариза уњдадории номзад оид ба ќатъи фаъолияти худ дар сурате, ки он бо мандати вакилї номувофиќ бошад, бояд зикр гардад;
в) маълумот оид ба тарљимаи њоли номзад бо зикри насаб, ном ва номи падар, санаи таваллуд, љои кор, мансаби ишѓолкардааш (машѓулият) ва мањалли зист;
г) нусхаи шиносномаи (корти идентификатсионии) номзад;
д) нусхаи њуљљати расмие, ки доштани тањсилоти олии номзадро тасдиќ мекунад;
е) маълумотнома аз љойи истиќомат оид ба муњлати истиќомати номзад дар њудуди љумњурї;
ё) хулосаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон дар хусуси муайян намудани сатњи донистани забони давлатї аз љониби номзад;
ж) маълумот дар бораи њаљм ва манбаи даромади номзад;
з) маълумот дар бораи амволе, ки ба моликияти номзад мансуб аст;
и) маълумоти тиббї дар бораи солимии руњї;
й) њуљљат дар бораи гарави интихоботї;
к) маълумот дар бораи ба љавобгарии љиноятї кашида нашудан, мањкум нашудан ва доѓи судї надоштан. Маълумоти мазкур бо талаби комиссияи њавзавии њудудии якмандатаи интихоботї аз љониби маќомоти дахлдори корњои дохилї пешнињод мегардад.
- Барои баќайдгирии номзад бо роњи худпешбарї ба вакилии Маљлиси намояндагон ба комиссияи њавзавии њудудии якмандатаи интихобот њуљљатњои зерин пешнињод карда мешаванд:
а) аризаи номзад оид ба розигии вай дар бораи ба овоздињї мондани номзадии худ якљоя бо вараќањои имзогирї; дар ариза уњдадории номзад оид ба ќатъи фаъолияти худ дар сурате, ки он бо мандати вакилї номувофиќ бошад, бояд зикр гардад;
б) маълумот оид ба тарљимаи њоли номзад бо зикри насаб, ном ва номи падар, санаи таваллуд, љои кор, мансаби ишѓолкардааш (машѓулият) ва мањалли зист;
в) нусхаи шиносномаи (корти идентификатсионии) номзад;
г) нусхаи њуљљати расмие, ки доштани тањсилоти олии номзадро тасдиќ мекунад;
д) маълумотнома аз љойи истиќомат оид ба муњлати истиќомати номзад дар њудуди љумњурї;
е) хулосаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон дар хусуси муайян намудани сатњи донистани забони давлатї аз љониби номзад;
ё) маълумот дар бораи њаљм ва манбаи даромади номзад;
ж) маълумот дар бораи амволе, ки ба моликияти номзад мансуб аст;
з) маълумоти тиббї дар бораи солимии руњї;
и) њуљљат дар бораи гарави интихоботї;
й) маълумот дар бораи ба љавобгарии љиноятї кашида нашудан, мањкум нашудан ва доѓи судї надоштан. Маълумоти мазкур бо талаби комиссияи њавзавии якмандатаи интихоботї аз љониби маќомоти дахлдори корњои дохилї пешнињод мегардад.
- Барои баќайдгирї талаб намудани пешнињоди њуљљатњое, ки дар бандњои 18, 19 ва 20 њамин Тартиб пешбинї нашудаанд, манъ аст.
- Маълумот дар бораи њаљм ва манбаи даромади шањрванде, ки номзад мебошад, дар намуди нусхаи эъломия дар бораи даромади яксолаи пеш аз соли таъйин шудани интихобот (бо ќайди маќомоти андоз) пешнињод карда мешавад. Агар шањрванди номзад мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи андозњо барои пешнињод кардани эъломия дар бораи даромад уњдадор набошад, оид ба њаљми умумии даромад дар як соли пеш аз таъйин шудани интихобот аз ташкилоте, ки даромад гирифтааст, маълумотнома пешнињод менамояд. Маълумотнома дар бораи амволе, ки ба њуќуќи моликияти номзад мансуб аст, дар шакли муќарраркардаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон пешнињод карда мешавад.
- Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон њуљљатњои пешнињоднамудаи њизби сиёсиро дар муддати панљ рўзи корї вобаста ба баќайдгирии номзадњо (рўйхати номзадњо) ба вакилии Маљлиси намояндагон дар њавзаи ягонаи умумиљумњуриявї аз рўйи мувофиќат ба талаботи Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» санљида, ба њизби сиёсї нусхаи рўйхати номзадњои тасдиќкардаро ва ё ќарори асосноки худро дар бораи рад кардани тасдиќи рўйхати мазкур медињад. Нусхаи ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсї дар бораи рад кардани баќайдгирї бо баёни асосњои радкунї ба њизби сиёсї дар давоми як шабонарўз дода мешавад. Дар мавриди тасдиќ накардани рўйхати номзадњо њизби сиёсї метавонад дар давоми 10 рўзи пас аз ќабул гардидани ќарор ба Суди Олии Љумњурии Тољикистон мурољиат намояд ва Суди Олии Љумњурии Тољикистон дар муддати на дертар аз 6 рўз шикоятро мавриди баррасї ќарор медињад.
- Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон на дертар аз рўзи њафтуми баќайдгирии рўйхати номзадњо ба њавзаи ягонаи умумиљумњуриявї рўйхати номзадњои њизбњои сиёсиро дар матбуот чоп мекунад.
- Комиссияи њавзавии њудудии якмандатаи интихобот ба талаботи Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» мувофиќат доштани тартиби пешбарии номзадро аз љониби маќомоти шањрї ва ё ноњиявии њизби сиёсї санљида, ўро ба ќайд мегирад ё дар бораи рад намудани баќайдгирї ќарори асоснок мебарорад. Нусхаи ќарори комиссияи њавзавии њудудии якмандатаи интихобот дар бораи рад кардани баќайдгирї бо баёни асосњои радкунї ба маќомоти шањрї ва ё ноњиявии њизби сиёсї дар давоми як шабонарўз дода мешавад. Маќомоти шањрї ва ё ноњиявии њизби сиёсї вобаста ба ќарори комиссияи њавзавии њудудии якмандатаи интихобот дар бораи рад кардани баќайдгирии номзад метавонад дар давоми 10 рўзи пас аз ќабул гардидани ќарор ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон ва ё маќомоти судї мурољиат намояд. Баррасии мурољиат аз љониби маќомоти судї бо тартиби муќаррарнамудаи боби 25 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон амалї мегардад.
- Комиссияи њавзавии њудудии якмандатаи интихобот ба талаботи Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» мувофиќат доштани тартиби пешбарии номзад бо роњи худпешбариро месанљад. Дар ин маврид дурустии имзоњои интихобкунандагон, ки ба тарафдории номзад љамъ карда шудаанд, санљида мешавад. Тамоми вараќањо ё як ќисми онњо, ки интихобан гирифта шудаанд, мавриди санљиш ќарор мегиранд. Дар сурати ошкор шудани нодурустии имзоњо, ки боиси аз 500 (панљсад) кам шудани шумораи имзоњои љамъоваришуда мегардад ва ё пешнињоди маълумоти нодуруст оид ба даромадњо ва ё амволе, ки ба моликияти номзад мансуб аст, баќайдгирии номзад рад карда мешавад. Нусхаи ќарори комиссияи њавзавии њудудии якмандатаи интихобот дар бораи рад кардани баќайдгирї бо баёни асосњои радкунї ба номзад бо роњи худпешбарї дар давоми як шабонарўз дода мешавад. Номзад бо роњи худпешбарї вобаста ба ќарори комиссияи њавзавии њудудии якмандатаи интихобот дар бораи рад кардани баќайдгирии номзад метавонад дар давоми 10 рўзи пас аз ќабул гардидани ќарор ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон ва ё маќомоти судї мурољиат намояд. Баррасии мурољиат аз љониби маќомоти судї бо тартиби муќаррарнамудаи боби 25 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон амалї мегардад.
- Номзад фаќат дар як њавзаи интихобот ба ќайд гирифта мешавад. Як номзад фаќат ба як рўйхати номзадњо дохил карда мешавад. Ин ќоида нисбати номзаде, ки аз тарафи њизби сиёсї ба њавзаи якмандатї ва ё рўйхати номзадњо дохил карда шудааст, татбиќ намегардад.
- Њангоми баќайдгирии номзад, ки аз тарафи њизби сиёсї пешбарї шудааст, дар ќарори дахлдори комиссияи интихобот факти пешбарї гардидани ў аз љониби њизби сиёсї ќайд карда мешавад.
- Маълумот дар бораи номзадњои баќайдгирифташуда аз рўзи баќайдгирї бо замимаи пурраи њуљљатњои баќайдгирї ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон пешнињод карда мешавад.
- Комиссияи њавзавии њудудии якмандатаи интихобот дар давоми як њафтаи баъди баќайдгирии номзадњо дар њавзањои њудудии якмандатаи интихоботї дар матбуоти њудуди њавзаи интихоботи дахлдор дар бораи ба ќайд гирифта шудани онњо бо зикри насаб, ном ва номи падар, соли таваллуд, њизбият, мансаб (шуѓл), љои кор ва мањалли зисти њар номзад ахбор чоп мекунад.
- Комиссияи дахлдори интихобот дар давоми се рўз баъди баќайдгирї ба номзад шањодатномаи дахлдори номзадиро дар шакли муќаррарнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон месупорад.
- V. ВАЗЪИ ЊУЌУЌИИ НОМЗАДЊО БА ВАКИЛИИ
МАЉЛИСИ НАМОЯНДАГОН
- Њамаи номзадњо ба вакилии Маљлиси намояндагон дорои њуќуќ ва уњдадорињои баробар мебошанд.
- Маъмурияти корхона, муассисаю ташкилот, ки дар онњо номзадњои ба ќайд гирифташуда кор мекунанд, аз рўзи баќайдгирии номзад аз тарафи комиссияи дахлдори интихобот то рўзи эълони расмии натиљаи умумии интихобот уњдадоранд дар асоси аризаи номзад ўро аз иљрои вазифањои хизматї дар њар ваќт ва њар рўз дар давоми ин муњлат бо нигоњ доштани музди миёнаи мењнат аз њисоби ташкилот, муассисаю корхона (новобаста аз шакли моликият) озод намояд.
- Дар ваќти гузаронидани интихобот номзади баќайдгирифташударо бо ташаббуси маъмурият (корфармо) аз кор (вазифа) озод кардан ё бе розигиаш ўро ба кори (вазифаи) дигар гузаронидан мумкин нест.
- Ваќти иштироки номзади баќайдгирифташуда дар интихобот ба собиќаи кори номзад дохил карда мешавад.
- Номзади баќайдгирифташударо бе розигии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон њабс кардан, дастгир кардан, маљбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шудани ў дар љои содир намудани љиноят.
- Номзадњо аз лањзаи ба ќайд гирифта шуданашон дар маъракаи интихобот дар асосњои баробар иштирок мекунанд, дар гузаронидани маљлисњои пеш аз интихобот ва маљлисњои дигар, истифодаи имконияти воситањои ахбори омма, аз љумла телевизион ва радио, њуќуќи баробар доранд.
- Номзад метавонад бо барномаи фаъолияти ояндаи худ баромад кунад. Барномаи номзад набояд хилофи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон бошад.
- VI. ШАХСОНИ БОЭЪТИМОДИ НОМЗАДЊО БА ВАКИЛИИ
МАЉЛИСИ НАМОЯНДАГОН ВА ЊИЗБЊОИ СИЁСЇ
- Номзадњо ва њизбњои сиёсї, ки рўйхати номзадњоро пешнињод намудаанд, њуќуќ доранд шахсони боэътимод дошта бошанд.
- Номзадњо метавонанд то 5 нафар шахсони боэътимод ва њизбњои сиёсие, ки рўйхати номзадњоро пешнињод намудаанд, то 5 нафар шахсони боэътимод барои њар як номзад дошта бошанд.
- Њизбњои сиёсї, ки рўйхати номзадњоро пешнињод намудаанд, ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон вобаста ба шумораи номзадњои дар рўйхат пешнињодшуда то 5 нафар шахсони боэътимод пешнињод менамоянд.
- Номзадњо бо роњи худпешбарї ва номзадњое, ки аз љониби маќомоти шањрї ва ноњиявии њизбњои сиёсї пешбарї шудаанд, ба комиссияи њавзавии якмандатаи интихобот то 5 нафар шахсони боэътимод пешнињод менамоянд.
- Барои баќайдгирии шахсони боэътимод ба комиссияњои дахлдори њавзавии интихобот њуљљатњои зерин пешнињод карда мешаванд:
а) аризаи номзад оид ба розигии вай дар бораи шахси боэътимод будан;
б) маълумот оид ба љои кор, мансаби ишѓолкарда (машѓулият) ва мањалли зисти шахсони боэътимод;
в) нусхаи шиносномаи (корти идентификатсионии) шахси боэътимод;
г) маълумоти тиббї дар бораи солимии руњии шахси боэътимод.
- Аъзои комиссияњои интихобот, кормандони маќомоти њифзи њуќуќ, судяњо, хизматчиёни њарбї ва шањрвандони хориљї, мушоњидони миллї ва байналмилалї наметавонанд шахсони боэътимод бошанд.
- Комиссияи дахлдори њавзавии интихобот дар бораи баќайдгирї ва ё рад кардани баќайдгирии шахси боэътимод ќарор ќабул мекунад. Дар сурати ќабули ќарор дар бораи баќайдгирї ба шахси боэътимод дар муддати се рўз шањодатнома дар шакли муќаррарнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон дода мешавад. Нисбат ба ќарори комиссияи дахлдори њавзавии интихобот бо тартиби муќарраргардида шикоят кардан мумкин аст.
- Шахсони боэътимод њуќуќ доранд:
а) бо њар шаклу усули ќонунї барои интихоб шудани номзад (рўйхати номзадњо) ташвиќот ва фаъолияти дигарро анљом дињанд, барномаи пешазинтихоботии номзадро таблиѓ кунанд;
б) дар маљлисњои пешазинтихоботї, вохўрї бо интихобкунандагон баромад кунанд ва дар бањсу мунозирањои пешазинтихоботї иштирок намоянд;
в) барои гузаронидани маљлисњои пешазинтихоботї ва вохўрињо бо интихобкунандагон аз мусоидати маќомоти давлатї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот истифода баранд;
г) дар маљлисњои комиссияњои интихобот иштирок кунанд;
д) дар участкањои интихобот њангоми гузаронидани овоздињї, њисобкунии овозњои интихобкунандагон ва љамъбасти натиљањои овоздињї њузур дошта бошанд;
е) бо њуљљатњои комиссияњои интихобот, њамчунин протоколњои љамъбасти овоздињї ва натиљањои интихобот шинос шаванд;
ё) аз ќарору амали (беамалии) комиссияи интихобот шикоят кунанд ва дар баррасии аризаю шикоятњо иштирок намоянд.
- Шахсони боэътимод дар доираи ваколатњое, ки номзадњо ва њизбњои сиёсї додаанд, амал мекунанд.
- Шахсони боэътимоди номзадњо, њизбњои сиёсї њуќуќ надоранд ба кори комиссияњои интихоботї мудохила намоянд.
- Номзадњо, њизбњои сиёсї њуќуќ доранд дар њар ваќт шахсони боэътимоди худро бозхонанд ва дар ин бора ба комиссияи дахлдори њавзавии интихобот хаттї хабар дињанд. Комиссияи дахлдори њавзавии интихобот шањодатномаи ба шахсони боэътимод додаашро дар сурати мурољиати хаттии номзадњо ва њизбњои сиёсї дар бораи бозхонди шахсони боэътимод, инчунин талаботи Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон»-ро вайрон кардани онњо бекор мекунад.
- Ваколати шахсони боэътимод якљоя бо аз байн рафтани маќоми номзадњои баќайдгирифташудае, ки шахсони боэътимодро таъйин кардаанд ё бозхондани рўйхати номзадњо ва ё аз интихобот даст кашидани њизбњои сиёсї ќатъ мегардад.
VII. БЕКОР КАРДАНИ ЌАРОРИ ПЕШБАРИИ НОМЗАД БА ВАКИЛЇ. НОМЗАДИИ ХУДРО БОЗПАС ГИРИФТАНИ НОМЗАД БА ВАКИЛЇ.
БЕКОР КАРДАНИ ЌАРОРИ БАЌАЙДГИРИИ НОМЗАД БА ВАКИЛЇ
- Маќоми њизби сиёсї, ки номзад пешбарї кардааст, њуќуќ дорад на камтар 10 рўз то рўзи интихобот ќарори худро дар бораи пешбарии номзад бекор кунад. Аз рўи ин масъала бо тартибе, ки барои пешбарии номзад пешбинї шудааст, ќарор ќабул карда шуда, ба комиссияи дахлдори њавзавии интихобот пешнињод мегардад. Ин номзадро комиссияи дахлдори њавзавии интихобот аз маќоми номзадї мањрум месозад.
- Номзад бо роњи худпешбарї ва ё номзаде, ки аз љониби маќомоти шањрї ва ноњиявии њизби сиёсї пешнињод гардидааст, метавонад дар муњлати на дертар аз 10 рўз то рўзи интихобот ба комиссияи њавзавии њудудии якмандатаи интихобот ариза навишта, номзадиашро бозпас гирад.
- 53. Комиссияи њавзавии њудудии якмандатаи интихобот, ки номзад бо роњи худпешбарї ва ё номзаде, ки аз љониби маќомоти шањрї ва ноњиявии њизби сиёсї пешнињод гардидаро ба ќайд гирифтааст, дар бораи мањрум сохтан аз маќоми номзадї ќарор ќабул намуда, дар бораи ќарори мазкур ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон (фавран), ба интихобкунандагони њавзаи дахлдори интихобот, ба номзад бо роњи худпешбарї, маќоми њизби сиёсї, ки номзадро пешбарї кардааст, хабар медињад.
- Аз тарафи номзад ва њизбњои сиёсї (рўйхати номзадњо) вайрон намудани талаботи Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» боиси бекор карда шудани ќарори комиссияи дахлдори њавзавии интихобот дар бораи баќайдгирии номзад (рўйхати номзадњо) мегардад.