Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ

Дар бораи баргардонидани гарави интихоботӣ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Садиров А.Ф.-ро дар бораи ба ӯ баргардонидани гарави интихоботии супоридааш ва маводҳои дахлдорро омӯхта муайян кард:

Садиров А.Ф. номзадиашро ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Қубодиён №31 пешбарӣ намуда, 15 январи соли 2020 бо расиди №8962666 маблағи гарави интихоботиро ба миқдори 5800 сомонӣ дар шуъбаи БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Қубодиён супоридааст.

Комиссияи ҳавзавии интихобот бо қарори худ аз 9 феврали соли 2020, №11 бақайдгирии номзадии Садиров А.Ф.-ро рад намудааст.

Асоснокии ҳамин қарори комиссияи ҳавзавӣ мавриди баҳс намебошад.

Мувофиқи талаботи моддаи 321 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пеш аз бақайдгирӣ ва баъди аз тарафи комиссияи ҳавзавии дахлдори интихобот муайян намудани мувофиқати ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи номзад ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории интихобот ӯ аз маблағи шахсии худ ба суратҳисоби махсуси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва шуъбаҳои он гарави интихоботиро месупорад.

Аз рӯи ҳуҷҷатҳои дар парванда мавҷудбуда, аз ҷумла расиди №8962666 аз 15 январи соли 2020 дида мешавад, ки – Садиров А.Ф. маблағи гарави интихоботиро то муайян намудани мувофиқати ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба талаботи қонунгузории интихобот супоридааст. Маблағи мазкур 29 январи соли 2020 ба суратҳисоби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст.

Азбаски Садиров А.Ф. маблағи гарави интихоботиро то ба талаботи қонунгузории интихобот муайян гардидани мутобиқати ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамуда пардохт намудааст, ин ҳолат барои баргардонидани гарави интихоботӣ асос мебошад.

Бо дарназардошти чунин ҳолатҳо ва дастрасии моддаҳои 12, 20 ва 321 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кард:

  1. Маблағи гарави интихоботӣ ба миқдори 5800 (панҷ ҳазору ҳаштсад) сомонӣ, ки 15 январи соли 2020 бо расиди № 4 ба БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Қушониён пардохт гардидааст ва он ба суратҳисоби махсуси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст, ба Садиров Амрулло Файзуллоевич баргардонида шавад.

2.Нусхаи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Қушониён №27 ва Садиров Амрулло Файзуллоевич барои маълумот ирсол карда шавад.

  1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, БДА ҶТ “Амонатбонк” ва муҳосиботи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба Садиров Амрулло Файзуллоевич баргардонидани маблағи гарави интихоботӣ вазифадор карда шаванд.
  2. Нисбат ба қарори Комиссия ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ рӯзи баъди қабули он шикоят кардан мумкин аст.

Раиси Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 Б. Худоёрзода

Котиби Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 Н. Самадзода

ш. Душанбе, «13» феврали соли 2020,

№60

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед