Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ

Дар бораи бекор кардани қарори Комиссияи ҳавзавии

интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷалолидини Балхӣ №30 аз 6 феврали соли 2020, №4 дар қисми бақайдгирии номзадии Каримов Акмалиддин Муродалиевич

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи назоратӣ ҳуҷҷатҳоеро, ки дар асоси он Каримов Акмалиддин Муродалиевич ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30 ба тартиби худпешбарӣ ба қайд гирифта шудааст, омӯхта муайян кард:

Бо қарори Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30 Каримов Акмалиддин Муродалиевич ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Мувофиқи талаботи моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки синнӣ ӯ аз 30 кам набошад.

Аз рӯи ҳуҷҷатҳои дар парванда мавҷудбуда, аз ҷумла шиносномаи таҳти №А5223726 дида мешавад, ки – Каримов Акмалиддин Муродалиевич 30 сентябри соли 1991 таваллуд шуда, дар вақти ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифтанаш ба синни 30 солагӣ нарасидааст.

Аз ин рӯ комиссияи номбурдаи ҳавзавии интихобот ваколати ба сифати номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифтани Каримов Акмалиддин Муродалиевичро надошт.

Ин ҳолат асос барои бекор кардани қарори Комиссияи ҳавзавии интихобот мебошад.

Мутобиқи моддаи 10 ва банди 4 моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» агар қарори комиссияҳои интихобот хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонуни конститутсионӣ бошад, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро мустақилона бекор мекунад.

Бо дарназардошти чунин ҳолатҳо ва дастрасии моддаҳои 10,12, 20, 28 ва 33 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кард:

  1. Қарори Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30 аз 6 феврали соли 2020, №4 дар қисми бақайдгирии номзадии Каримов Акмалиддин Муродалиевич бинобар ғайриқонунӣ буданаш бекор карда шавад.
  2. Нусхаи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30 ва Каримов Акмалиддин Муродалиевич ирсол карда шавад.
  3. Нисбат ба ҳамин қарори Комиссия ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ рӯзи баъди қабули он шикоят кардан мумкин аст.
  4. Қарори мазкур дар сомонаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

Раиси Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                        Б. Худоёрзода

Котиби Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                       Н. Самадзода

ш.Душанбе, «13» феврали соли 2020,

№58

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед