Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ

Дар бораи аккредитатсия намудани мушоҳидони байналмилалӣ дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мувофиқи моддаҳои 82 ва 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:

  1. Бо мақсади мушоҳидаи интихобот, гузаронидани он дар шароити шаффоф ва ошкоро намояндагони зерин ба ҳайси мушоҳидони байналмилалӣ аккредитатсия карда шаванд:

– намояндагони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (КИ ИДМ);

– намояндагони Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ);

– намояндагони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ДНДҲИ/САҲА);

– намояндагони сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Ба мушоҳидони байналмилалии аккредитатсияшуда шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалӣ дода шавад.

 

Раиси Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                       Б. Худоёрзода

Котиби Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                       Н. Самадзода

ш.Душанбе, «13» феврали соли 2020,

№57

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед