Бо қарори Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «14» июли соли 2020, № 92 тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ ТАШКИЛИ ТАШВИҚОТИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУҚАДДИМА
Ташвиқоти пешазинтихоботӣ дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи меъёрҳои мавҷудаи қонунгузории кишвар дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.
Ташвиқоти пешазинтихоботӣ раванди муҳим ба шумор рафта, ташкили дурусти он дар доираи меъёрҳои қонунгузорӣ ва фарҳанги баланди сиёсӣ шаҳодати ошкоро ва ба таври демократӣ гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мегардад.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин Дастурамалро бо мақсади мусоидат ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар ташкил ва гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин таъмини баробарии тарафҳо дар рафти ташвиқоти пеш аз интихобот, риояи дақиқи қонунгузорӣ дар ин самт таҳия намудааст.
Комиссияҳои ҳавзавии интихобот уҳдадоранд ҳамин Тартибро дар фаъолияти худ ба роҳбарӣ гиранд.
- I. ВАЗИФАҲОИ КОМИССИЯҲОИ ҲАВЗАВИИ ИНТИХОБОТ
ДАР ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ ТАШВИҚОТИ ПЕШАЗИНТИХОБОТӢ АЗ ҶОНИБИ НОМЗАДҲО
ВА ШАХСОНИ БОЭЪТИМОДИ ОНҲО
Комиссияи ҳавзавии интихобот бо мақсади дар сатҳи баланд ва бо риояи қонунгузории интихоботии кишвар ташкил намудани маъракаи ташвиқотӣ бояд:
– дар ҷаласаи худ нақшаи ташкили мулоқоту вохӯриҳои номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳоро бо интихобкунандагони ҳавза тартиб диҳад ва нусхаи онро ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ фиристад;
– макони баргузории мулоқотро якҷоя бо масъулони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳо муайян ва омода кунад;
– баъд аз тасдиқи нақшаи мулоқоту вохӯриҳо мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти дахлдори давлатиро барои таъмини тартибот ва амнияти шаҳрвандон дар макони баргузории мулоқот пешакӣ огоҳ намояд;
– намояндагони воситаҳои ахбори оммаро (рӯзноманигорон, муҳаррирон ва ғ.) аз нақшаи баргузории мулоқотҳо огоҳ кунад;
– ҳангоми баргузории мулоқоти номзадҳо аз рӯи тартиби алифбо ба баромадкунандагон сухан диҳад;
– пеш аз оғози мулоқот реҷаи мулоқотро тасдиқ кунад ва риояи онро аз ҷониби баромадкунандагон назорат намояд;
– номзад ё шахси боэътимодеро, ки одоби баҳсро риоя накарда ба таҳқир ва паст задани шаъну шарафи номзади дигар даст мезанад ё руирост ба ғасби ҳокимият даъват мекунад, аз идома додани сухан маҳрум намуда, дар ин бора санад тартиб диҳад;
– ба номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо ҳангоми мулоқот (пеш аз мулоқот) барои тақсим намудани маводҳои ташвиқотии онҳо ба интихобкунандагон имконият диҳад;
– интихобкунандагонро тавассути насби эълонҳо дар ҷойҳои серодам, телевизион, радиои маҳаллӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот як рӯз пеш дар бораи вақт ва ҷойи гузаронидани маҷлису вохӯриҳо огоҳ намояд;
– гузаронидани ташвиқоти пеш аз интихоботро дар ҳудуди ҳавза назорат кунад.
- II. ВАЗИФАҲОИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ ДАР ТАШКИЛИ ТАШВИҚОТИ ПЕШАЗИНТИХОБОТӢ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак, деҳот ва ташкилотҳо дар ташкили ташвиқоти пешазинтихоботӣ вазифадоранд:
- барои гузаронидани вохӯриҳо биноҳои муҷаҳҳаз муҳайё кунанд;
- ҳангоми ҷудо намудани биноҳо эҳтиёҷоти шахсони дорои имконияти маҳдудро ба инобат гиранд;
- тозаю озодагии атроф ва нуқтаҳои санитарию гигиении бинои мулоқотро таъмин намоянд;
- таъминот бо нерӯи барқ ва асбобҳои тақвияти овозро назорат намоянд;
- ба кори комиссияҳои интихобот дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ дахолат накунанд.
III. ҲУҚУҚИ СУБЪЕКТҲОЕ, КИ БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НОМЗАД ПЕШНИҲОД КАРДААНД, ДАР ТАШВИҚОТИ ПЕШАЗИНТИХОБОТӢ
Ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ба қайд гирифта шудаанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ кардаанд, метавонанд озодона ташвиқот баранд.
Дар интихоботи президентӣ ташвиқот танҳо дар рӯзи овоздиҳӣ манъ аст.
- IV. ҲУҚУҚИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ТАШКИЛИ
ТАШВИҚОТИ ПЕШ АЗ ИНТИХОБОТ
Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди дар Комиссияи марказии интихобот ва раъпурсӣ ба қайд гирифта шуданаш, ҳуқуқ дорад маъракаи ташвиқоти пешазинтихоботии худро оғоз намояд.
Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:
- дар асосҳои баробар ташвиқоти пешазинтихоботии худро ташкил намояд;
- аз имкониятҳои воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла радио ва телевизион, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосҳои баробар истифода барад;
- шахсони боэътимодашро дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ барои муаррифии ҳаматарафаи Барномаи пешазинтихоботии худ сафарбар намояд;
- аз мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо гирифтани маводҳои зарурии иттилоотиро дархост намояд;
- дар давраи гузаронидани маъракаи пешазинтихоботӣ аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ва хизматӣ бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнати ҷойи кор озод карда шавад;
- аз нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ ва байнишаҳрӣ (ба истиснои нақлиёти ҳавоӣ, қатора ва таксӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон истифода барад;
- аз шароити таъминоти моддию техникӣ ва молиявии маъракаи интихоботӣ дар асоси баробарӣ истифода барад;
- аз дигар шаклҳои ташвиқоти пешазинтихоботӣ, ки қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, истифода барад.
- V. УҲДАДОРИҲОИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ ТАШВИҚОТИ ПЕШАЗИНТИХОБОТӢ
Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст:
– талаботи Конститутсия ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар қисмати ташвиқоти пешазинтихоботӣ риоя намояд;
– ҳангоми ташкили мулоқоту вохӯриҳо одоби баҳс ва муоширатро риоя намояд;
– ба иштироки мустақим ё ғайримустақими давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ дар маблағгузорӣ ва намуди дигари дастгирии моддии маъракаи ташвиқоти пешазинтихоботӣ роҳ надиҳад;
– талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро вобаста ба ташкили ташвиқоти пешазинтихоботӣ риоя намояд.
- VI. БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили ташвиқоти пешазинтихоботии худ бояд меъёрҳои муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунгузориро дар бораи интихобот риоя намояд.
Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд бо Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат дошта бошад.
VII. ШАКЛҲОИ ТАШКИЛИ ТАШВИҚОТИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ташвиқоти пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои зерин сурат мегирад:
– аз тариқи воситаҳои ахбори омма (матбуоти даврӣ, аз ҷумла рӯзнома, маҷалла, ҳафтанома, солнома ва маҷмуаву бюллетенҳое, ки номи доимӣ, рақами ҷорӣ дошта, дар вақту замони муайян, на камтар аз як маротиба дар як сол чоп мешаванд, агентиҳои иттилоотӣ, барномаҳои телевизиону радио):
– гузаронидани маъракаҳои оммавӣ (маҷлисҳо ва вохӯриҳо бо шаҳрвандон, аксияҳои ташвиқотӣ, аз қабили тақсими плакатҳо, буклетҳо ва варақаҳои ташвиқотӣ);
– нашр ва паҳн намудани маводи чопии ташвиқотӣ (плакатҳо, буклетҳо, варақаҳои ташвиқотӣ бо чопи фишурдаи барномаи пешазинтихоботӣ, тақвимҳо бо тасвири сурат ва тарҷумаи ҳоли номзад). Маводи чопии ташвиқотӣ бояд ном ва суроғаи ташкилот ё насаб, ном, номи падар ва суроғаи шахсонеро, ки маводро чоп намудаанд, номгӯи ташкилотеро (шахсонеро), ки таҳияи маводи чопиро супориш додаанд, инчунин шумора ва рӯзи чопи маводҳоро дошта бошанд;
– бо дигар шаклҳое, ки барои интихобкунандагон мувофиқ аст, аз ҷумла корбарии фардӣ ва усулҳои „Ҳамсол ба ҳамсол“ ва „Хона ба хона“.
Ҳар як номзад ба мансаби Президент барои баромад аз тариқи радио ва телевизиони давлатӣ дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад то 40 дақиқа ва шахсони боэътимоди онҳо (як нафарӣ аз ҳар номзад) то 20 дақиқа вақти муайяншудаи эфирро ройгон истифода намояд.
Номзад ба мансаби Президент метавонад дар доираи қонунгузории интихобот мустақилона шаклҳо ва хусусиятҳои ташвиқоти худро аз тариқи воситаҳои ахбори омма муайян кунад ва онро дар асоси шартномавӣ амалӣ намояд.
Ҳамчунин ҳар як номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад дар матбуоти давлатии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ маводи иттилоотиро дар ҳаҷми то 12 саҳифаи дуинтервалии компютерӣ, ҳуруфи 14 ройгон чоп намояд.
Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар замони муосир ба сифати василаи фаъоли ташвиқотӣ истифода мешаванд. Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад аз василаҳои зикргардидаи муосир дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ бо риояи талаботи қонунгузории интихобот истифода барад.
VIII. ҲУҚУҚИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОДИ НОМЗАД БА МАНСАБИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ПЕШБУРДИ ТАШВИҚОТИ ПЕШАЗИНТИХОБОТӢ
Шахсони боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ҳуқуқ доранд:
– барои гузаронидани маъракаи ташвиқоти пешинтихоботӣ ба номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрӣ расонанд;
– барои интихоб шудани ӯ ташвиқот баранд;
– барномаи пешазинтихоботии номзадро муаррифӣ кунанд;
– дар мулоқоту вохӯриҳо бо интихобкунандагон номзадро намояндагӣ кунанд;
– барои паҳн намудани варақаҳои ташвиқотии номзад мусоидат намоянд;
– аз воситаҳои ахбори омма барои ташвиқоти номзад тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот истифода баранд.
- IX. МАБЛАҒГУЗОРИИ ТАШВИҚОТИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маблағгузорӣ ва дастгирии моддии ташвиқоти пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 5 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон“ сурат мегирад. Маблағгузорӣ ва дастгирии моддии ташвиқот аз ҷониби иттиҳодияҳои динӣ, давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.
- X. ДОНИСТАНИ ИН МЕЪЁР МУҲИМ АСТ!
Маводҳои чопии ташвиқотиро дар биноҳои иттиҳодияҳои динӣ, зерпояи муҷассама ва нимпайкараҳо, иморатҳое, ки аҳамияти таърихӣ, фарҳангӣ ва меъморӣ доранд, насб кардан мумкин нест.