Мулоқоти Раиси КМИР бо ҳайати Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Ахбори фишурда

10 феврали соли 2020 Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 ба рӯзи 1 марти соли 2020 таъин гардидааст, бо ҳайати Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи интихобот, омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳое, ки ба қонунгузории интихоботӣ ворид гардидаанд ва ифтитоҳи Миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо муовини раиси Кумитаи иҷроияи ин созмон Смагулов Агыбай табодули назар карданд.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар зимни мулоқот оид ба чорабиниҳои омодагӣ ба интихобот, ки аз ҷониби Комиссия бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил намудани интихоботи вакилони халқи дарпешистода амалӣ гардиданд, ёдовар шуд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки то имрӯз Комиссия дар доираи талаботи қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси Нақшаи тақвимии чорабинињои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумњурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисњои мањаллии вакилони халқ тамоми чорабиниҳои вобаста ба омодагӣ ва баргузории интихоботи Маҷлиси Олиро саривақт амалӣ карда, ба тамоми иштирокчиёни раванди интихобот шароити баробар муҳайё намудааст.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин оид ба масъалаи шурӯъ намудани фаъолияти Миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давраи омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилони халқ табодули назар намуда, изҳори боварӣ намуданд, ки фаъолияти Миссияи мазкур ба интихоботи шаффоф ва ошкоро мусоидат менамояд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед