Ахбори фишурда

13 феврали соли 2020 Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзи 1 марти соли 2020 таъин гардидааст, ҷаласа баргузор намуд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо мақсади таъмини шаффофияти раванди омодагӣ ва ошкоро баргузор намудани интихоботи дарпешистода бо қарори худ 108 нафар мушоҳидони байналмилалиро аккредитатсия намуд. Тибқи қарори мазкур мушоҳидони байналмилалӣ аз мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва як қатор сафоратҳои давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон аккредитатсия карда шуданд.

Инчунин Комиссия қарор дар бораи бекор кардани қарори комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддин Балхӣ №30 аз 6 феврали соли 2020 №4-ро дар қисми бақайдгирии номзадии Каримов А. М. қабул намуд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пас аз ба тариқи назорат омӯхтани қарори комиссияи ҳавзавии номбурда ва ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи Каримов А. М. муайян намуд, ки ҳангоми ба қайд гирифтан синни ӯ ба 30 нарасида буд. Аз ин сабаб Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ қарори комиссияи ҳавзавии интихоботии Ҷалолиддин Балхӣ №30 аз 6 феврали соли 2020 №4-ро бинобар ғайриқонунӣ буданаш бекор кард.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳамчунин 2 қарор дар бораи баргардонидани гарави интихоботӣ ба шаҳрвандон Солиҳов З.С., ва Садиров А.Ф., ки ҳуҷҷатҳои худро барои бақайдгирӣ ба сифати номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба ҳавзаҳои интихоботии Файзобод №11 ва Қубодиён №31 пешниҳод карда буданд, қабул намуд.

Инчунин Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба қарори худ аз 11 декабри соли 2019, №18 тағйирот ворид намуд. Ғайр аз ин, бо қарори ҳамин Комиссия шахси боэътимоди Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.

Бо матнҳои пурраи қарорҳои қабулкардаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар сомонаи Комиссия www.kmir.tj метавон шинос шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед