ДАСТУРАМАЛИ КОМИССИЯИ УЧАСТКАВИИ ИНТИХОБОТ ОИД БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дастурамали КУИ

Бо қарори Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

ҶумҳурииТоҷикистон

аз 19 июни соли 2020, № 84     тасдиқ карда шудааст

 

 

ДАСТУРАМАЛИ КОМИССИЯИ УЧАСТКАВИИ ИНТИХОБОТ ОИД БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

  1. Дастурамали комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – ҳамин Дастурамал) тартиби кори комиссияи участкавии интихоботро оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  2. Комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – комиссияи участкавӣ) фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, талаботи Конвенсия “Дар бораи стандартҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои интихоботӣ дар давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 октябри соли 2003, № 918 ба тасвиб расидааст ва ҳуҷҷатҳои ҷаласаи Копенҳаген оид ба омилҳои инсонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки 29 июни соли 1990 қабул шудааст, ҳамчунин қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Дастурамал ба роҳ мемонад.

 

II. ТАШКИЛИ УЧАСТКАҲОИ ИНТИХОБОТ ВА КОМИССИЯҲОИ УЧАСТКАВӢ

  1. Участкаҳои интихобот аз тарафи комиссияҳои ҳавзавии интихобот бо пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳо на дертар аз 40 рўз пеш аз рўзи интихобот дар маҳалҳое, ки на камтар аз 20 нафар ва на зиёдтар аз 3000 нафар интихобкунанда доранд, ташкил карда мешаванд.
  2. Участкаҳои интихобот бо назардошти ҳудудҳои шаҳру ноҳияҳо, ноҳияҳои шаҳрӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои интихобкунандагон ташкил карда мешаванд. Участкаҳои интихобот инчунин дар қисмҳои ҳарбӣ ташкил карда шуда, мувофиқи маҳалли воқеъгардидаи ин қисмҳо ба ҳавзаҳои интихобот дохил мешаванд. Ҳудуди участкаи интихобот набояд аз ҳудуди ҳавзаи интихобот берун бошад.
  3. Участкаҳои интихобот метавонанд дар дармонгоҳҳо (санаторияҳо), хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва муассисаҳои дигари табобатӣ, дар маҳалли будубоши шаҳрвандон, ки дар ноҳияҳои дурдасту душворгузар воқеъ гардидаанд, ташкил карда шаванд. Ин участкаҳои интихоботӣ ба ҳавзаҳои интихоботӣ мувофиқи маҳалли воқеъгардидаи худ дохил мешаванд.
  4. Раиси шаҳр ва ноҳия дар асоси пешниҳоди комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба ташкили участкаҳои интихобот дар муддати се рўз ҳар участкаи интихоботро барои гузаронидани интихобот ройгон бо бинои мувофиқ ва дорои таҷҳизоти зарурӣ, воситаҳои алоқа, инфрасохтори лозимӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд, роҳравҳои махсус (пандусҳо) таъмин менамояд.
  5. Комиссияи ҳавзавии интихобот тавассути матбуоти маҳаллӣ интихобкунандагони ҳудуди участкаҳои интихоботро бо зикри қароргоҳи комиссияи участкавӣ ва маҳалли ҷойгиршавии бинои овоздиҳӣ хабардор мекунад.
  6. Комиссияи участкавӣ аз тарафи комиссияи ҳавзавии интихобот бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ташкил карда мешавад. Комиссияи участкавӣ на дертар аз 35 рўз то интихобот дар ҳайати 5 – 19 аъзо, аз ҷумла раис, муовини раис ва котиб ташкил карда мешавад. Агар комиссияи участкавӣ дар ҳайати аз 5 то 7 нафар ташкил карда шавад, он гоҳ раис ва котиб интихоб мешаванд.
  7. Дар мавридҳои зарурӣ ҳайати комиссияи участкавӣ дар доираи шумораи муқарраршуда метавонад каму зиёд карда шавад. Масалан, дар ҳолати кам будани теъдоди интихобкунандагони участкаи интихоботӣ (то 1000 нафар), дар мавриди дар санаторияҳо, табобатхонаҳо ва маҳалҳои дурдасту душворгузар воқеъ гардидани участкаҳои интихоботӣ ва ѓ.
  8. Комиссияи участкавии интихобот дорои муҳр мебошад, ки бо он аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида таъмин карда мешавад.
  9. Дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ (минбаъд – намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷӣ) участкаҳои интихобот бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе назардошти талаботи бандҳои 3, 4, 6, 7 ва 8 ҳамин Дастурамал ташкил карда мешавад ва вазифаи раиси комиссияи участкавиро роҳбари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷӣ иҷро менамояд. Масъалаи ба ҳавзаи интихобот вобаста кардани участкаҳои интихоботро, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал мекунад.

 

 

III.УЗВИЯТ ДАР КОМИССИЯИ УЧАСТКАВӢ

  1. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои ҳуқуқи интихоботӣ мебошад, узви комиссияи участкавӣ шуда метавонад.
  2. Узви комиссияи участкавӣ дар мавриди аъзои ягон ҳизби сиёсӣ будан дар давраи фаъолият дар комиссияи участкавӣ бояд узвияти худро дар ҳизби сиёсӣ боздорад, ҳангоми иҷрои ваколатҳояш бояд бетараф ва холис бошад, набояд дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ иштирок кунад, супоришҳои онро иҷро намояд ва дар тарѓибу ташвиқи пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда иштирок намояд.
  3. Комиссияи ҳавзавии дахлдори интихобот узви комиссияи участкавиро дар асоси аризаи шахсӣ ё дар сурати маҳрум шудан аз ваколатҳояш аз вазифа озод менамояд.
  4. Комиссияи ҳавзавии интихоботие, ки комиссияи участкавиро ташкил кардааст, ҳуқуқ дорад узви комиссияи участкавиро, ки талаботи қонунро риоя ё вазифаҳояшро мунтазам иҷро намекунад, бо пешниҳоди раиси комиссияи участкавии дахлдор аз ваколатҳояш маҳрум созад.
  5. Дар мавриди зарурат узви нави комиссияи участкавӣ бо пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳои дахлдор аз тарафи комиссияи ҳавзавии дахлдори интихобот таъйин карда мешавад.
  6. Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо, инчунин судяҳо, прокурорҳо, кормандони ҳифзи ҳуқуқ (милитсия, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ѓ.), ходимони касбии ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои динӣ (сархатибони масҷидҳои марказӣ, имомхатибони масҷидҳо), мушоҳидони миллӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма наметавонанд аъзои комиссияи участкавӣ бошанд.
  7. Як шахс узви фақат як комиссияи интихобот буда метавонад. Масалан, ҳангоми узви комиссияи участкавии интихобот таъин гардидани шахс, ўро дар дигар комиссияи ҳавзавӣ ва ё участкавии интихобот ҳамчун узв таъин намудан мумкин нест.

 

IV. ВАКОЛАТҲОИ КОМИССИЯИ УЧАСТКАВӢ

  1. Комиссияи участкавӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

а) рўйхати интихобкунандагони участкаи интихоботро тартиб медиҳад;

б) шаҳрвандонро бо рўйхати интихобкунандагон шинос мекунад, аризаву шикоятҳоро дар хусуси ба рўйхат дохил нашудан, нодуруст ба рўйхат дохил шудан ё аз рўйхат баровардан, инчунин саҳву хатои маълумот оид ба интихобкунандаро қабул ва баррасӣ намуда, масъалаи ба рўйхат ворид кардани ислоҳи дахлдорро ҳал мекунад;

в) шаҳодатномаи ҳуқуқи овоздиҳӣ ва варақаи интихоботро бо тартиби муқаррарнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интихобкунанда медиҳад;

г) ба аҳолӣ дар бораи рўзи интихобот ва бинои овоздиҳӣ тибқи банди 60 ҳамин Дастурамал хабар медиҳад;

д) омодасозии бинои овоздиҳӣ, қуттии овоздиҳӣ ва дигар таҷҳизоти интихоботиро таъмин мекунад;

е) овоздиҳиро дар участкаи интихобот дар рўзи интихобот ташкил мекунад;

ж) бюллетенҳои интихоботро дар асоси рўйхати интихобкунандагони участкаи интихобот бо пешниҳоди шиноснома (корти идентификатсионӣ) ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияти интихобкунанда, ки дар банди 71 ҳамин Дастурамал пешбинӣ гардидааст, ба интихобкунандагон медиҳад;

з) шумораи овозҳои дар участкаи интихобот додашударо ҳисоб мекунад;

и) арзу шикоятҳоро оид ба масъалаҳои тайёрии интихобот ва ташкили овоздиҳӣ баррасӣ карда, қарорҳои дахлдор қабул менамояд;

к) ваколатҳои дигарро мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ мекунад.

 

V. ТАШКИЛИ КОРИ КОМИССИЯИ УЧАСТКАВӢ

  1. Шакли асосии фаъолияти комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа мебошад.
  2. Ҷаласаи комиссияи участкавӣ дар сурате босалоҳият дониста мешавад, ки агар дар он на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати комиссия иштирок карда бошанд. Масалан, дар мавриди 9 нафар будани ҳайати комиссияи участкавӣ, ҷаласаи комиссия ҳангоми иштироки на кам аз 6 нафар аъзо салоҳиятнок ҳисобида мешавад.
  3. Ҷаласаҳои комиссияҳои участкавӣ аз рўйи нақшаи корӣ, ки дар асоси нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба омодагӣ ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи тақвимии комиссияи ҳавзавии дахлдори интихобот таҳия ва қабул мегардад, инчунин ҳангоми зарурат баргузор мешаванд.
  4. Қарори комиссия ба воситаи овоздиҳии кушод бо аксарияти овози аъзои комиссия, ки дар маҷлис иштирок намудаанд, қабул карда мешавад. Узви комиссия, ки бо қарори ҷаласа розӣ нест, ҳуқуқ дорад фикри махсуси худро хаттӣ изҳор намояд, ки он ба протокол замима мегардад.
  5. Дар ҳолати баробар тақсим шудани овозҳо овози раисикунанда ҳалкунанда аст.
  6. Дар ҷаласаи аввалини комиссияи участкавӣ масъалаҳои муаррифии аъзои комиссия, тақсими вазифаҳо байни аъзои комиссия, тасдиқи реҷа ва нақшаи корӣ, ҷадвали навбатдории аъзои комиссия, шиносоӣ бо маводи аз ҷониби комиссияҳои болоии интихобот дастрасшуда (нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба омодагӣ ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурамалҳо, тартибҳо, роҳнамоҳо ва ѓайра) ва дигар масъалаҳои ташкилӣ баррасӣ ва оид ба онҳо қарорҳо қабул карда мешаванд.
  7. Мақомоти давлатӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба комиссияи участкавӣ дар иҷрои ваколатҳояш мусоидат карда, маълумоти барои кори онҳо заруриро пешниҳод намоянд.
  8. Мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳою ташкилотҳо бино ва таҷҳизотеро, ки барои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот заруранд, ройгон дар ихтиёри комиссияи участкавӣ мегузоранд. Биною таҷҳизоти корхонаҳо ва ташкилотҳои ѓайридавлатӣ барои кори комиссияҳои участкавӣ дар асоси иҷора аз ҳисоби маблаѓи буҷети ҷумҳуриявӣ истифода бурда мешаванд.
  9. Комиссияи участкавӣ ҳуқуқ дорад вобаста ба масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ба мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаву ташкилотҳо, шахсони мансабдор муроҷиат кунад ва онҳо уҳдадоранд, ки масъалаи ба миён гузошташударо баррасӣ намуда, дар муҳлати на дертар аз се рўз ба комиссияи участкавӣ ҷавоб диҳанд.

 

ВАЗИФАҲОИ РАИС, МУОВИНИ РАИС, КОТИБ ВА АЪЗОИ КОМИССИЯИ УЧАСТКАВӢ

  1. Раиси комиссияи участкавӣ дорои вазифаҳои зерин мебошад:

а) комиссияро дар муносибатҳо бо комиссияи ҳавзавии интихобот, дигар мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон намояндагӣ мекунад;

б) кори комиссияро тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳўрии Тоҷикистон” ва ҳамин Дастурамал ташкил мекунад;

в) ҷаласаҳои комиссияро даъват менамояд ва дар он раисӣ мекунад;

г) ба қарорҳо ва протоколҳои ҷаласаи комиссия имзо мегузорад;

д) воситаҳои молиявии барои комиссияи участкавӣ ҷудошударо бо тартиби муқаррарнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мақсаднок истифода намуда, ҳисоботи молиявиро сари вақт ба комиссияи ҳавзавии интихобот месупорад;

е) дар доираи салоҳияти худ дастуру супоришҳо медиҳад;

ж) иҷрои вазифаҳои байни муовини раис, котиб ва аъзои комиссия тақсимшударо назорат мекунад;

з) барои сари вақт тартиб додани рўйхати интихобкунандагони участкаи интихобот ва бо тартиби муқарраргардида шиносонидани интихобкунандагон бо рўйхат корҳоро ташкил ва рафти иҷрои онҳоро назорат мекунад;

и) ба рўйхати интихобкунандагон имзо гузошта, онро бо муҳри комиссияи участкавӣ тасдиқ менамояд;

к) ваколатҳои дигарро мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳамин Дастурамал амалӣ менамояд.

  1. Муовини раиси комиссияи участкавӣ дорои вазифаҳои зерин мебошад:

а)  дар сурати набудани раис ваколатҳои ўро иҷро менамояд;

б) назорати иҷрои қарорҳои қабулкардаи комиссияро амалӣ намуда, оид ба рафти иҷрои онҳо ба комиссия маълумот медиҳад;

в) иҷрои дастуру супоришҳои раисро назорат мекунад;

г) ваколатҳои дигарро, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳамин Дастурамал пешбинӣ кардаанд, амалӣ менамояд.

  1. Котиби комиссияи участкавӣ дорои вазифаҳои зерин мебошад:

а) коргузории комиссияро ташкил мекунад;

б) корҳои омодагӣ ба ҷаласаҳоро ташкил мекунад;

в) протоколи ҷаласаро тартиб медиҳад;

г) ба қарорҳо ва протоколҳои ҷаласаи комиссия имзо мегузорад;

д) ба рўйхати интихобкунандагон имзо мегузорад;

е) ваколатҳои дигарро, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳамин Дастурамал пешбинӣ кардаанд, амалӣ менамояд.

  1. Узви комиссияи участкавӣ:

а) ҳангоми иҷрои ваколатҳо бояд бетараф ва холис бошад, набояд дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ иштирок кунад, супоришҳои онро иҷро намояд ва дар тарғибу ташвиқи номзадҳои бақайдгирифташуда ширкат варзад;

б) дастуру супоришҳои раиси комиссияро сари вақт ва дар муҳлатҳои муқарраргардида иҷро намояд;

в) дар ҷаласаҳои комиссия бояд иштирок кунад;

г) вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда бояд овоз диҳад;

д) ҳуқуқ дорад фикри махсуси худро вобаста ба масъалаҳои мавриди баррасӣ дар ҷаласаҳо хаттӣ баён намояд;

е) вазифаҳо ва уҳдадориҳои дигарро, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҳамин Дастурамал пешбинӣ кардаанд, амалӣ намояд.

  1. Дар ҳолати муваққатан ҳозир набудани муовини раис ва котиби комиссияи участкавии интихобот уҳдадориҳои онҳоро раис метавонад ба зиммаи дигар узви комиссия вогузор намояд.
  2. Аз ҳайати комиссияи участкавии интихобот (раис, муовини раис ва ё котиби комиссия) дар давраи тайёрӣ ва гузаронидани интихобот бо қарори комиссияи ҳавзавӣ як нафар метавонад аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматӣ озод карда шавад. Дар ин ҳолат музди миёнаи меҳнати узви комиссия аз ҳисоби маблаѓе, ки барои гузаронидани интихобот ҷудо гардидааст ва ё тибқи моддаи 164 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби корфармо пардохт карда мешавад. Масъалаи озод кардани узви комиссияи ҳавзавии интихобот аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматӣ дар давраи тайёрӣ ва гузаронидани интихобот бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешавад.

 

VII. ТАЪМИН ВА ТАҶҲИЗОНИДАНИ УЧАСТКАИ ИНТИХОБОТ

  1. Бинои овоздиҳии участкаи интихобот бояд бо шароит ва таҷҳизоти зайл таъмин ва муҷаҳҳаз бошад:

а) миқдори кофии ҳуҷраҳо барои овоздиҳии пинҳонӣ;

б) қуттиҳои калон ва хурди овоздиҳӣ;

в) мизу курсиҳо;

г) компютер, принтер, дастгоҳи нусхабардорӣ;

д) ҷевони оҳанин ё сейф барои нигоҳ доштани бюллетенҳои интихобот;

е) хати алоқаи телефонӣ;

ё) факс барои участкаҳои интихоботии дурдаст;

ж) соат;

з) калкулятор;

и) воситаҳои равшанидиҳӣ;

к) маводи идорӣ (қалам, ручка, коѓаз, ширеш, қайчӣ ва ѓ.).

  1. Дар бинои овоздиҳии участкаи интихобот ҳуҷраҳои модару кўдак ва ёрии аввалияи тиббӣ ташкил карда мешаванд.
  2. Дар участкаи интихобот бояд мувофиқи намунаи муқаррарнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон лавҳаҳо бо маълумоти зерин омода ва овезон карда шаванд:

а) қарори комиссияи ҳавзавии интихобот дар бораи таъсиси участкаи интихобот ва комиссияи участкавии интихобот;

б) реҷа ва нақшаи кори комиссияи участкавӣ;

в) ҷадвали  навбатдории аъзои комиссияи участкавӣ;

г) маълумот дар бораи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

д) иттилоот барои интихобкунандагон (вақти овоздиҳӣ, ҳуқуқҳои интихобкунанда, тарзи овоздиҳӣ ва плакатҳое, ки барои интихобкунандагон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шудаанд);

е) рўйхати интихобкунандагон.

  1. Комиссияи участкавӣ бояд дафтари бақайдгирии ташрифи аъзои комиссияҳои болоии интихоботӣ, номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони боэътимоди онҳо, мушоҳидони милливу байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Маҷлиси намояндагони вакилони халқи Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ намудаанд, ташкил кунад, ки дар он вақти омадан ва рафтани онҳо сабт карда мешавад.

 

VIII. РЎЙХАТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН

  1. Пас аз ташкил шудани комиссияи участкавӣ дар муддати на камтар аз 15 рўз рўйхати интихобкунандагони участкаҳои интихоботӣ тартиб дода мешавад.
  2. Рўйхати интихобкунандагон бо имзои раису котиби комиссия ва муҳри комиссия тасдиқ карда мешавад.
  3. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба комиссияҳои участкавӣ барои тартиб додани рўйхати интихобкунандагон дар бораи интихобкунандагоне, ки дар ҳудуди дахлдор зиндагӣ мекунанд ва расман ба қайд гирифта шудаанд, маълумоти даркорӣ пешниҳод мекунанд.
  4. Ба рўйхати интихобкунандагон ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рўзи интихобот 18 сола шудааст ва ҳангоми тартиб додани руйхат дар ҳудуди дахлдори участкаи интихобот ба таври доимӣ ё муваққатӣ истиқомат карда, расман ба қайд гирифта шудааст ва ҳуқуқи интихоботӣ дорад, дохил карда мешавад.
  5. Комиссияи участкавӣ барои барўйхатгирии интихобкунандагон намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва волонтёронро ҷалб карда метавонад.
  6. Рўйхати интихобкунандагон – хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар қисмҳои ҳарбӣ мебошанд, инчунин аъзои оилаҳои онҳо ва интихобкунандагони дигар, ки дар маҳалҳои воқеъгардидаи қисмҳои ҳарбӣ зиндагӣ мекунанд, дар асоси маълумоте, ки фармондеҳони қисмҳо пешниҳод мекунанд, тартиб дода мешавад. Хизматчиёни ҳарбӣ, ки берун аз қисмҳои ҳарбӣ зиндагӣ мекунанд, ба рўйхати интихобкунандагон мувофиқи маҳалли истиқомат дар асосҳои умумӣ дохил карда мешаванд.
  7. Рўйхати интихобкунандагони он участкаҳои интихоботе, ки дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, санаторияҳо ва хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дар дигар муассисаҳои табобатию профилакторияҳо ташкил шудаанд, дар асоси маълумоте, ки роҳбарони муассисаҳои мазкур пешниҳод мекунанд, тартиб дода мешавад.
  8. Рўйхати интихобкунандагон дар шакле, ки барои ташкили овоздиҳӣ муносиб аст, тартиб дода мешавад (аз рўйи маҳалли зист, бо тартиби алифбо ва ѓ.).
  9. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат ба як рўйхати интихобкунандагон дохил карда мешавад.
  10. Интихобкунандаи муқими ҳудуди дахлдори участкаи интихобот, ки бо ягон сабаб ба рўйхат дохил карда нашудааст, бо қарори комиссияи участкавӣ ба рўйхати иловагӣ дохил карда мешавад (замимаи 1).
  11. Ҳангоми тартиб додани рўйхати интихобкунандагон маълумоти зайл бояд дақиқ карда шаванд:

а) дурустии насаб, ном ва номи падар, соли таваллуд ва суроѓа;

б) рўз ва моҳи таваллуди шахсоне, ки то рўзи интихобот ба синни 18 мерасанд;

в) интихобкунандагоне, ки бо сабаби вазъи саломатӣ дар овоздиҳӣ иштирок карда наметавонанд;

г) шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ѓайри қобили амал дониста шудаанд;

д) шаҳрвандоне, ки мувофиқи ҳукми суд ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо мекунанд;

е) шахсоне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат мекунанд.

  1. Бланкаи рўйхати интихобкунандагон дар шакли тасдиқнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комиссияи участкавии интихобот электронӣ дастрас карда мешавад.
  2. Рўйхати интихобкунандагон дар участкаҳои интихоботие, ки аз рўи маҳалли истиқомат тартиб дода шудааст, барои шиносоии умумӣ 15 рўз пеш аз интихобот, дар участкаҳои интихоботе, ки дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, дар санаторияҳо ва хонаҳои истироҳат, беморхона ва дигар табобатгоҳҳои доимӣ, дар маҳалҳои дурдасту душворгузар ташкил гардидаанд, ду рўз пеш аз овоздиҳӣ пешниҳод карда мешавад.
  3. Рўйхати интихобкунандагон дар ҷойҳои намоён ва барои интихобкунандагон дастрас овехта мешавад.
  4. Ба шаҳрвандон имконият муҳайё карда мешавад, ки бо рўйхати интихобкунандагон дар бинои комиссияи участкавии интихобот шинос шуда, дуруст тартиб дода шудани онро тафтиш кунанд.
  5. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад, ки дар хусуси ба рўйхат дохил нашудан, нодуруст ба рўйхат дохил шудан ё аз рўйхат баровардан, инчунин саҳву хатои маълумот оид ба интихобкунанда шикоят кунад. Ариза дар бораи зарурати даровардани ислоҳ ба рўйхат аз тарафи комиссияи участкавӣ дар муддати на дертар аз се рўз ва дар арафа ва рўзи овоздиҳӣ фавран мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар сурати рад кардани ариза комиссияи участкавӣ фавран ба аризадиҳанда нусхаи қарори асоснокро дар бораи рад карда шудани аризааш медиҳад.
  6. Нисбати қарори комиссияи участкавӣ ба комиссияҳои болоии интихоботӣ ё ба суд шикоят кардан мумкин аст, ки он дар давоми се рўз, дар арафа ва рўзи интихобот фавран баррасӣ карда мешавад. Қарори суд қатъӣ мебошад. Дар сурати қабули қарори мусбат барои аризадиҳанда комиссияи участкавӣ фавран ба рўйхати интихобкунандагон ислоҳ медарорад.
  7. Интихобкунандае, ки дар рўзи интихобот наметавонад дар маҳа­лли истиқомати худ бошад, ҳуқуқ дорад панҷ рўз пеш аз интихобот аз комиссияи участкавии маҳалли истиқомати худ варақаи интихоботро талаб намояд. Дар варақаи мазкур нисбати номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро муайян кунад ва варақаи пуркардашудаи интихоботро дар лифофаи баста ба комиссияи участкавӣ супорад.
  8. Интихобкунандае, ки бо варақаи интихобот пешакӣ овоз медиҳад, дар рўйхати интихобкунандагон дар муқобили ному насабаш оид ба гирифтани варақаи интихобот имзо мегузорад. Узви комиссияи участкавии интихобот дар рўйхат ибораи «пешакӣ овоз додааст»– ро сабт менамояд. Варақаи интихоботии овоздиҳии пешакӣ дар лифофаи алоҳида андохта шуда, тавассути гузоштани муҳри комиссияи участкавӣ маҳкам ва то рўзи интихобот дар сейфи раиси комиссияи участкавӣ нигоҳ дошта мешаванд.
  9. Дар сурате, ки интихобкунанда дар давраи байни пешниҳод кардани рўйхати интихобкунандагон барои шиносоии умумӣ ва рўзи интихобот, яъне дар муҳлати 15 рўз пеш аз интихобот, ҷои буду боши худро таѓйир диҳад (сафари хизматӣ, зарурати оилавӣ, табобат ва ғайра), раис ва ё котиби комиссияи участкавӣ бо хоҳиши интихобкунанда ва бо пешниҳоди ҳуҷҷате, ки шахсияти ўро тасдиқ мекунад, ба интихобкунанда шаҳодатномаи ҳуқуқи овоздиҳӣ медиҳад. Интихобкунанда дар рўйхати интихобкунандагон дар муқобили насаб, ном ва номи падари худ имзо мегузорад ва раис ё котиби комиссияи участкавӣ дар рўйхати интихобкунандагон дар ин хусус қайди дахлдор сабт менамояд. Интихобкунанда метавонад гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқи овоздиҳиро то ирсоли хабарнома аз ҷониби комиссияи участкавии интихобот, тибқи банди 60 ҳамин Дастурамал, хоҳиш намояд. Дар мавриди гирифтани хабарнома интихобкунанда ба воситаи варақаи интихобот ҳуқуқи овоздиҳии худро амалӣ менамояд. Шакл ва матни шаҳодатномаи ҳуқуқи овоздиҳиро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
  10. Бо пешниҳод кардани шаҳодатномаи ҳуқуқи овоздиҳӣ комиссияи участкавӣ дар рўзи овоздиҳӣ интихобкунандаро ба рўйхати иловагии интихобкунандагон дар участкаи интихоботии ҳозиршудаи вай дохил карда, дар рўйхат дар ин хусус қайди махсус мегузорад.
  11. Дар бораи вақт ва ҷои овоздиҳӣ комиссияи участкавӣ на дертар аз панҷ рўз то интихобот ба ҳар як интихобкунанда хабарнома мефиристад (замимаи 2). Дар ин кор комиссияи участкавӣ метавонад намояндагони аҳли ҷомеа (раисони маҳаллаҳо, муаллимон, донишҷўён ва дигар фаъолон)-ро ҷалб намояд. Ҳамчунин интихобкунандагон ба воситаи СМС–паёмакҳо, шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва ѓайра дар бораи рўз ва вақти баргузор гардидани интихобот огоҳ карда мешаванд.
  12. Интихобкунандае, ки наметавонад дар рўзи интихобот дар маҳалли истиқомати худ бошад, баъд аз гирифтани хабарнома аз комиссияи участкавӣ метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз комиссияи участкавии маҳалли истиқомати худ варақаи интихобот талаб карда, нисбати номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иродаи худро муайян кунад ва варақаи пуркардашударо дар лифофаи баста ба комиссияи участкавӣ супорад.
  13. Бюллетенҳои интихобот ба комиссияи участкавӣ на дертар аз ду рўз пеш аз интихобот аз тарафи комиссияи ҳавзавии интихобот бо санад супорида мешавад.
  14. Биное, ки бюллетенҳои интихобот дар он нигоҳ дошта мешаванд, муҳр карда, ба муҳофизати мақомоти корҳои дохилӣ супурда мешавад. Амали мазкур аз ҷониби раиси комиссияи участкавӣ бо роҳи гузоштани бюллетенҳои интихобот дар сейфи оҳанин, маҳкам кардани дари утоқи корӣ ва бо ширеш часпонидани қоғазе, ки дар он ишораи рўз, моҳ, сол ва соати маҳкам кардани дари утоқи корӣ нишон дода мешавад ва он бо муҳри участкаи интихоботӣ тасдиқ мегардад, анҷом дода мешавад.

 

  1. ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ ОВОЗДИҲӢ
  2. Овоздиҳӣ дар рўзи интихобот аз соати 06.00 то 20.00 вақти маҳаллӣ гузаронида мешавад.
  3. Барои ташкили овоздиҳӣ, таъмини изҳори пинҳонии иродаи интихобкунандагон, муҷаҳҳаз намудани ҳуҷраҳои овоздиҳӣ ва нигоҳ доштани тартиботи зарурӣ комиссияи участкавӣ масъул мебошад.
  4. Дар рўзи интихобот пеш аз оѓози овоздиҳӣ раиси комиссияи участкавӣ дар ҳузури аъзои комиссия, инчунин мушоҳидон, шахсони боэътимоди номзадҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, агар ҳузур дошта бошанд, қуттиҳои интихоботиро аз назар гузаронида, муҳр мекунад.
  5. Дар рўзи интихобот дар дохили хонаи овоздиҳӣ ҳузури шахсони мусаллаҳ ва дорои либоси низомӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба истиснои ҳолатҳои бартараф намудани ҳуқуқвайронкунӣ, манъ аст.
  6. Дар рўзи интихобот дар бинои овоздиҳӣ ҳуҷраҳо барои овоздиҳии пинҳонӣ ва ҷойҳои додани бюллетенҳои овоздиҳӣ омода карда шуда, қуттии овоздиҳӣ бояд тавре гузошта шавад, ки барои аъзои комиссияи участкавии интихобот ва мушоҳидон намоёну дастрас бошад ва овоздиҳандагон ба назди он ҳатман аз ҳуҷраҳои овоздиҳии пинҳонӣ гузашта раванд.
  7. Барои таъмини шароити овоздиҳӣ дар рўи мизи ҳар як узви комиссияи участкавӣ бояд маҳалли ба ў вобасташуда ба таври аён ва бо ҳарфҳои калон навишта шуда бошад, то интихобкунанда дарҳол дида тавонад, ки барои гирифтани бюллетени интихобот ба назди кадом шахси масъул равад.
  8. Ҳар интихобкунанда шахсан овоз медиҳад. Ба ҷойи дигарон овоз додан мумкин нест.
  9. Бюллетени интихоботро комиссияи участкавӣ дар асоси рўйхати интихобкунандагони участкаи интихобот бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, корти идентификатсионӣ, шиносномаи дипломатӣ, хизматӣ ва ё умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ, шаҳодатномаи хизматӣ, шаҳодатномаи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат (шахсони ба онҳо баробаркардашуда), маъюбон, билети донишҷўӣ ва ҳарбӣ ба интихобкунанда медиҳад. Ҳар интихобкунанда бюллетени интихоботро гирифта, дар рўйхати интихобкунандагон дар муқобили насаб, ном ва номи падари худ имзо мегузорад. Ба ҳар интихобкунанда як бюллетени интихобот дода мешавад. Додани бюллетени иловагӣ ба интихобкунанда манъ аст.
  10. Овоздиҳанда дар квадрати холии бюллетени интихобот дар муқобили насаб, ном ва номи падари номзаде, ки ба тарафдориаш овоз медиҳад, аломати ҷамъ + мегузорад.
  11. Дар сурати зидди ҳамаи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз додан, овоздиҳанда дар бюллетени интихобот дар квадрати холии сатри муқобили ҳамаи номзадҳо аломати ҷамъ + мегузорад.
  12. Овоздиҳанда бюллетени интихоботро дар ҳуҷраи овоздиҳӣ пинҳонӣ пур мекунад. Ҳангоми пур кардани бюллетен ѓайр аз овоздиҳанда ҳозир будани шахсони дигар манъ аст. Интихобкунандае, ки бюллетенро мустақилона пур карда наметавонад, ҳуқуқ дорад ба ҳуҷраи овоздиҳӣ бо салоҳдиди худ каси дигарро, ѓайр аз аъзои комиссияи интихобот, намояндагони воситаҳои ахбори омма, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин шахсони боэътимоди номзадҳо, намояндагони субъектҳое, ки номзад пешбарӣ кардаанд, даъват кунад.
  13. Агар интихобкунанда дар вақти пур кардани бюллетен ба хатоӣ роҳ диҳад, метавонад аз узви комиссияи участкавии интихобот, ки ба ў бюллетенро додааст, хоҳиш намояд, ки барояш бюллетени нав диҳад. Узви комиссия ба вай бюллетени нав дода, дар ин хусус ба рўйхати интихобкунандагон қайди дахлдор мегузорад. Бюллетени вайроншуда дар асоси санади таҳиянамудаи комиссияи участкавӣ аз ҳисоб бароварда мешавад.
  14. Дар мавридҳое, ки баъзе интихобкунандагон бо сабаби вазъи саломатӣ, пиронсолӣ ва дигар сабабҳои узрнок наметавонанд ба ҷои овоздиҳӣ ҳозир шаванд, комиссияи участкавӣ бо хоҳиши хаттӣ ё шифоҳии онҳо метавонад ба ду нафар аъзои комиссия супориш диҳад, ки овоздиҳиро дар ҷои буду боши он интихобкунандагон ташкил намоянд.
  15. Дар ҳолате, ки узви комиссияи участкавӣ ба раванди интихобот ва овоздиҳии пинҳонӣ, мушоҳидон ва шахсони дигар ба кори комиссияи участкавӣ халал расониданӣ шаванд ё ба риояи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон мамониат кунанд, узви комиссия фавран аз иштирок дар кори комиссия дур карда шуда, шахсони дигар аз бинои овоздиҳӣ хориҷ карда мешаванд. Дар ин хусус комиссия қарори дахлдор қабул мекунад ва ҳуқуқ дорад, ки мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани ин шахсон муроҷиат намояд.
  16. Дар мавриди халал расонидан ба раванди интихобот, махфияти овоздиҳии пинҳонӣ, дахолат ба кори комиссияи участкавии интихобот аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин шахсони дигар, комиссияи участкавӣ баъд аз қабули қарори дахлдор фавран дар ин бора ба комиссияи ҳавзавии интихобот ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
  17. Дар участкаҳои интихоботе, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, дармонгоҳҳо ва хонаҳои истироҳат, беморхона ва дигар муассисаҳои табобатӣ, дар маҳалли будубоши шаҳрвандон, ки дар ноҳияҳои дурдасту душворгузар ташкил карда шудаанд, комиссияи участкавӣ дар сурати овоз додани ҳамаи интихобкунандагони ба рўйхат дохилкардашуда метавонад ҳар гоҳ ба анҷом расидани овоздиҳиро эълон кунад.
  18. Комиссияҳои участкавӣ ҳар ду соат як маротиба ба комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рафти овоздиҳӣ (шумораи интихобкунандагоне, ки дар интихобот иштирок кардаанд бо таносуби фоиз аз ҳисоби умумии интихобкунандагони участка) то ҷамъбасти натиҷаи интихобот мунтазам маълумот медиҳанд.
  19. Соати 20.00 раиси комиссияи участкавӣ анҷом ёфтани интихоботро эълон мекунад ва дарҳои участкаи интихоботӣ баста мешаванд. Агар дар дохили бинои участкаи интихобот интихобкунандагоне бошанд, ки изҳори ирода накардаанд, ба онҳо имконият дода мешавад, ки овоз диҳанд.
  20. Баъд аз соати 20.00 интихобкунандагон ба дохили участкаи интихобот роҳ дода намешаванд.
  21. Ба аъзои комиссияи участкавӣ дар ҳолате, ки имконияти дар маҳалли ба рўйхати интихобкунандагон дохилгардида овоз доданро надошта бошанд, ҳуқуқ дода мешавад, ки дар участкаи интихоботие, ки аъзои комиссия мебошанд, дар овоздиҳӣ иштирок намоянд.

 

X. МУАЙЯН КАРДАНИ НАТИҶАҲОИ ИНТИХОБОТ ДАР УЧАСТКАИ ИНТИХОБОТ

  1. Ҳисобкунии овозҳои интихобкунандагон фавран баъд аз эълони анҷом ёфтани интихобот шурўъ гардида, бе танаффус то муқаррар намудани натиҷаи овоздиҳӣ идома меёбад.
  2. Ба рўйхати интихобкунандагон баъди саршавии ҳисобкунии овозҳо таѓйирот даровардан манъ аст.
  3. Ҳисобкунии овозҳо дар участкаи интихоботӣ аз тарафи комиссияи участкавӣ оид ба ҳар номзад алоҳида – алоҳида сурат мегирад.
  4. Ҳангоми овоздиҳӣ, ҳисобкунии овозҳо дар участкаи интихобот ва муайян кардани натиҷаи овоздиҳӣ як нафарӣ намоянда аз ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аз мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Маҷлиси намояндагони вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки номзадҳоро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардаанд, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва мушоҳидони миллию байналмилалӣ, агар ҳузур дошта бошанд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ доранд иштирок намоянд.
  5. Пас аз эълон кардани анҷоми овоздиҳӣ ва пеш аз кушодани қуттиҳои интихоботӣ раиси участкаи интихоботӣ, муовини ў, котиби комиссия ва ё яке аз аъзои комиссияи участкаи интихоботӣ дар ҳузури ҳамаи аъзои комиссия, инчунин шахсони боэътимоди номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аз мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Маҷлиси намояндагони вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки номзадҳоро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардаанд, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва мушоҳидони миллию байналмилалӣ, агар ҳузур дошта бошанд, лифофаҳои сарбаста бо варақаҳои интихоботро, ки то рўзи интихобот дар сейфи раиси комиссияи участкавӣ нигоҳ дошта мешаванд, кушода ба қуттии овоздиҳӣ мепартояд.
  6. Пеш аз кушодани қуттиҳои овоздиҳӣ аъзои комиссияи участкавӣ дар ҳузури мушоҳидон ва шахсони боэътимоди номзадҳо, ки дар бинои овоздиҳӣ ҳузур доранд, бюллетенҳо ва варақаҳои истифоданашударо аз ҳисоб мебароранд ва дар хусуси ботил донистани онҳо санад тартиб медиҳад (замимаи 3). Аз ҳисоб баровардани бюллетенҳо ва варақаҳои истифоданашуда бо роҳи буридани тарафи рости қисми поёнии бюллетен ва варақа сурат мегирад. Шумораи ин бюллетенҳо ва варақаҳо эълон мегардад ва ба протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ дохил карда мешавад. Сониян раиси комиссияи участкавӣ дурустии муҳри қуттии овоздиҳии сайёрро месанҷад ва ба аъзои комиссияи участкавӣ имкон медиҳад, ки онҳо низ ба дуруст будани муҳр бовар ҳосил намоянд.
  7. Раиси комиссияи участкавӣ дар ҳузури ҳамаи аъзои комиссия қуттиҳои интихоботро мекушояд. То анҷоми овоздиҳӣ кушодани қуттиҳои интихобот мумкин нест.
  8. Ҳисобкунии бевоситаи овозҳои интихобкунандагон дар ҷойҳои махсус таҷҳизонидашуда, ки ба онҳо аъзои комиссияи участкавӣ дастрасӣ доранд, гузаронида мешавад. Ба аъзои комиссияи участкавӣ, ба истиснои раис ва котиби комиссия, ҳангоми ҳисобкунии овозҳо доштани воситаҳои хатнависӣ мумкин нест. Ҳангоми ҳисобкунии овозҳо фаъолияти аъзои комиссия бояд ба ҳозирон аён бошад.
  9. Комиссияи участкавӣ мувофиқи рўйхати асосии интихобкунандагон ва замимаи он (рўйхати иловагӣ) шумораи умумии интихобкунандагони участка, инчунин шумораи интихобкунандагонеро, ки бюллетени интихоботӣ ва варақаи интихоботӣ гирифтаанд, муайян мекунад. Дар асоси бюллетенҳо ва варақаҳои интихоботӣ, ки дар қуттиҳои интихобот мавҷуданд, комиссия шумораи интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккарда, шумораи овозҳои ба тарафдорӣ ва шумораи овозҳои бар зидди номзад дода шуда, шумораи бюллетенҳо ва варақаҳоеро, ки беэътибор дониста шудаанд, муайян мекунад. Аз рўи насабҳое, ки интихобкунандагон ба бюллетен ва варақаҳо илова кардаанд, овозҳо ҳисоб карда намешаванд.
  10. Бюллетенҳо ва варақаҳои интихоботии намунаашон ѓайримуқаррарӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд. Бюллетенҳо ва варақаҳои шаклашон ѓайримуқаррарӣ бюллетенҳое ҳисоб карда мешаванд, ки мазмун ва ё шакли онҳо ба матн ва шакли бюллетен ва варақаи тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида мувофиқат надорад. Бюллетенҳо ва варақаҳое, ки дар онҳо ба зиёда аз як номзад ва ё ба ҳамаи номзадҳо овоз дода шудааст, ҳамчунин бюллетенҳо ва варақаҳое, ки аз рўи онҳо изҳори иродаи интихобкунандагонро муайян кардан мумкин нест, бюллетенҳо ва варақаҳои беэътибор ҳисобида мешаванд. Дар мавриди ба миён омадани шубҳа оид ба ҳақиқӣ будани бюллетен ва варақаи интихобот ва дуруст пур карда шудани онҳо комиссияи участкавӣ ин масъаларо бо роҳи овоздиҳӣ ҳал менамояд.
  11. Натиҷаи ҳисобкунии овозҳо дар маҷлиси комиссияи участкавӣ муайян гардида, ба протокол дохил карда мешавад.
  12. Аъзои комиссияи участкавӣ дар протокол дар сатри ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ шумораи бюллетенҳои беэътибор ва баъд шумораи бюллетенҳои шаклашон муқаррариро, ки аз қуттиҳои овоздиҳӣ берун оварда шудаанд, зикр менамоянд.
  13. Протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои овоздиҳӣ маълумоти зайлро дар бар мегирад:

а) шумораи интихобкунандагони участкаи интихоботӣ мувофиқи рўйхати асосӣ ва замимаи он (рўйхати иловагӣ);

б) шумораи бюллетенҳо ва варақаҳои интихоботӣ, ки аз комиссияи ҳавзавии интихобот қабул карда шудаанд;

в) шумораи интихобкунандагоне, ки бюллетен ва варақаи интихобот гирифтаанд;

г) шумораи интихобкунандагоне, ки дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд;

д) шумораи овозҳое, ки ба тарафдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд;

е) шумораи овозҳое, ки ба муқобили номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд;

ж) шумораи бюллетенҳо ва варақаҳои интихоботе, ки беэътибор дониста шудаанд;

з) шумораи бюллетенҳо ва варақаҳои истифоданашудаи интихоботие, ки ботил дониста шудаанд.

  1. Дар протокол дар бораи ҷамъбасти интихобот дар сатрҳои дахлдор маълумоти зерин низ сабт карда мешаванд:

а) насаб, ном ва номи падари раис, котиб ва дигар аъзои комиссияи участкавии интихобот ва имзои онҳо;

б) сана ва вақти имзои протокол;

в) муҳри комиссияи участкавӣ.

  1. Протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ (замимаи 4) дар ду нусха бо қалами худкори рангӣ тартиб дода шуда, ба он раис, муовини раис, котиб ва ҳамаи аъзои ҳузурдоштаи комиссияи участкавӣ бо зикри сана ва вақт имзо ва муҳр мегузоранд.
  2. Протокол ҳамон вақт боэътибор ҳисобида мешавад, ки агар онро на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои комиссия имзо карда бошанд. Ҳангоми имзои протокол он узви комиссияи участкавӣ, ки бо мазмуни протокол розӣ нест, ҳуқуқ дорад фикри махсуси худро дар шакли хаттӣ изҳор намояд, ки он ба протокол замима мегардад ва дар ин хусус дар протокол ишораи дахлдор гузошта мешавад.
  3. Нусхаи якуми протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ дар участкаи интихоботӣ баъди имзо ва муҳр гузоштан якҷоя бо дигар ҳуҷҷатҳои интихобот (бюллетенҳои интихобот, арзу шикоятҳо ва қарорҳои доир ба онҳо қабулшуда, санадҳое, ки аз тарафи комиссияи участкавӣ тартиб дода шудаанд) фавран ба комиссияи ҳавзавии интихобот дастрас карда мешаванд.
  4. Нусхаи дуюми протокол, ҳамчунин муҳри комиссияи участкавӣ то ба охир расидани фаъолияти комиссия дар дасти котиби комиссия нигоҳ дошта мешавад. Нусхаи дуюми протокол ва муҳри комиссияи участкавӣ баъди ба иҷрои вазифа шуруъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комиссияи ҳавзавии интихобот супорида мешавад.
  5. Муҳлати ваколати комиссияи участкавӣ баъди ба иҷрои вазифа шуруъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима меёбад.

 

 

 

 

 

 

 

Замимаи 1

ба банди 48 Дастурамали комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Қарори

Комиссияи участкавии интихобот №__ Ҳавзаи

интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   ____________________________ №__

(ном ва рақами ҳавза)

 

Дар бораи ворид намудани шаҳрванд ___________________

ба Рўйхати иловагии интихобкунандагон

 

Мувофиқи моддаи 21 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар асоси омўзиши ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванд _______________________, комиссияи участкавии интихоботи №__ Ҳавзаи интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ____________________ №__  қ а р о р   м е к у н а д:

(номи ҳавза)

Шаҳрванд ___________________________ ба рўйхати иловагии интихобкунандагони комиссияи участкавии интихоботи №__ Ҳавзаи интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ______________________ №__ дохил карда шавад.

(номи ҳавза)

 

 

Раиси комиссияи участкавии

интихобот                                                                _____________

 

Котиби комиссияи участкавии

интихобот                                                                _____________

 

 

«___» ___________ соли 2020, №___

 

Ҷ.М.

 

 

 

 

 

Замимаи 2

ба банди 60 Дастурамали комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Х А Б А Р Н О М А

          Муҳтарам ______________________________________

(насаб, ном ва номи падар)

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки рўзи ___ _____________ соли 2020 аз соати 06:00 то 20:00 вақти маҳаллӣ дар бинои ______________________________________________________________ _______________________________________________________________ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Шумо ба рўйхати интихобкунандагон таҳти №_____ ба қайд гирифта шудаед ва ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро доред.

 

Комиссияи участкавии интихоботи №_______

Ҳавзаи интихобот оид ба интихоботи Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон ___________________________ №__

(номи ҳавза)

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Замимаи 3

ба банди 89 Дастурамали комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Санад №

дар бораи ботил кардани бюллетенҳо ва

варақаҳои истифоданашудаи интихоботӣ

 

аз «__» _________ соли 2020                                       ш. Душанбе

 

Санади мазкур дар асоси талаботи моддаи 32 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар он хусус тартиб дода шуд, ки бюллетенҳои истифоданашуда ба миқдори _________ адад ва варақаҳои истифоданашуда ба миқдори _______ адад дар комиссияи участкавии интихоботи №___ Ҳавзаи интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон __________________№__ ботил карда шуданд.

(номи ҳавза)

 

Раиси комиссия _____________________________________    _____________

(насаб, ном ва номи падар)                          имзо

 

Муовини раиси комиссия____________________________     _____________

(насаб, ном ва номи падар)                имзо

 

Котиби комиссия    _________________________________    _____________

(насаб, ном ва номи падар)                       имзо

 

Аъзои  комиссия ___________________________________    _____________

(насаб, ном ва номи падар)                      имзо

 

  1. ________________________________________________ ______________
  2. ________________________________________________ ______________
  3. ________________________________________________ ______________
  4. ________________________________________________ ______________
  5. ________________________________________________ ______________
  6. ________________________________________________ ______________
  7. ________________________________________________ ______________

 

Ҷ.М.

Замимаи 4

ба банди 98 Дастурамали комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«___» _______________ СОЛИ 2020

 

ПРОТОКОЛИ

КОМИССИЯИ УЧАСТКАВИИ ИНТИХОБОТ

ДАР БОРАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ

 

дар участкаи интихоботии №___ Ҳавзаи интихоботии  ____________________  №____

(номи ҳавза)

 

 

  1. Шумораи интихобкунандагон мувофиқи рўйхати асосӣ ва замимаи он (рўйхати иловагӣ) (аз ҷумла, рўйхати асосӣ _______ ва рўйхати иловагӣ ______) _______________

 

  1. Шумораи бюллетенҳо ва варақаҳои интихоботие, ки аз комиссияи ҳавзавии интихобот қабул карда шуданд _________________

 

  1. Шумораи бюллетенҳо ва варақаҳои истифоданашудаи интихоботие, ки ботил дониста шуданд ________________

 

  1. Шумораи интихобкунандагоне, ки бюллетен ва варақаи интихоботӣ гирифтанд (аз ҷумла, бюллетен _______ ва варақаи интихобот _______) __________

 

  1. Шумораи интихобкунандагоне, ки дар овоздиҳӣ иштирок карданд _________

 

  1. Шумораи овозҳое, ки ба тарафдорӣ ва муқобили ҳар номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуданд:
Насаб, ном ва номи падари номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумораи овозҳое, ки ба тарафдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуданд Шумораи овозҳое, ки ба муқобили номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуданд
     
     
     
     
     
     
     

 

  1. Шумораи овозҳои интихобкунандагон, ки муқобили ҳамаи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуданд __________

 

  1. Шумораи бюллетенҳо ва варақаҳои интихоботие, ки беэътибор дониста шуданд _______________

 

Раиси комиссия _____________________________________    _____________

(насаб, ном ва номи падар)                          имзо

 

Муовини раиси комиссия____________________________     _____________

(насаб, ном ва номи падар)                имзо

 

Котиби комиссия    _________________________________    _____________

(насаб, ном ва номи падар)                       имзо

 

Аъзои  комиссия ___________________________________    _____________

(насаб, ном ва номи падар)                      имзо

 

  1. ________________________________________________ ______________
  2. ________________________________________________ ______________
  3. ________________________________________________ ______________
  4. ________________________________________________ ______________
  5. ________________________________________________ ______________
  6. ________________________________________________ ______________
  7. ________________________________________________ ______________
  8. ________________________________________________ ______________
  9. ________________________________________________ ______________
  10. ________________________________________________ ______________
  11. ________________________________________________ ______________
  12. ________________________________________________ ______________
  13. ________________________________________________ ______________
  14. ________________________________________________ ______________
  15. ________________________________________________ ______________

Ҷ.М.                                                                                   «___»______________ соли 2020

(санаи тартиб додани протокол)

 

ЭЗОҲ: Ба протокол фикру мулоҳизаҳои махсуси аъзои комиссия, агар онҳо ҷой дошта бошанд, замима карда мешаванд.

Нусхаи якуми протокол фавран ба комиссияи ҳавзавии интихоботӣ фиристода мешавад. Ба нусхаи протокол рўйхати намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Маҷлиси намояндагони вакилони халқи Мачлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ кардаанд, намояндагони воситаҳои ахбори омма, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, ки ҳангоми овоздиҳӣ, инчунин ҳисоб кардани овозҳо ва муқаррар намудани натиҷаи интихобот дар ҷаласаи комиссия иштирок доштанд, замима карда мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед