Тартиби ҷамъоварии имзоҳои шаҳрвандон ба тарафдории номзади пешбаришаванда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

тартиби чамъоварии имзохо

 

Бо қарори Комиссияи

марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 19 июни соли 2020, №89

тасдиқ карда шудааст

 

 

Тартиби ҷамъоварии имзоҳои шаҳрвандон ба тарафдории номзади пешбаришаванда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Тартиби мазкур бо мақсади ба танзим даровардани ҷамъоварии имзоҳои шаҳрвандон ба тарафдории номзади пешбаришаванда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.
  2. Барои ҷамъоварии имзоҳои шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботӣ ба тарафдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Маҷлиси намояндагони вакилони халқи Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ менамоянд, иҷозат дода мешавад, ки дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гурўҳҳои ташаббускор ташкил намоянд.
  3. Ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Маҷлиси намояндагони вакилони халқи Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ менамоянд, гурўҳҳои ташаббускор ташкил карда, рўйхати аъзо ва роҳбарони гурўҳҳои ташаббускорро бо зикри насаб, ном, номи падар, соли таваллуд, ҷои кор ва истиқомат, ҳизбият, силсила ва рақами шиноснома ё корти идентификатсионӣ тартиб дода, онро бо имзо ва муҳр тасдиқ намуда, барои бақайдгирӣ ба раиси шаҳру ноҳияҳои дахлдор пешниҳод менамоянд. Ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон амали болозикрро метавонанд ба воситаи сохторҳои худ дар шаҳру ноҳияи дахлдор анҷом диҳанд.
  4. Ба гурўҳҳои ташаббускор танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои ҳуқуқи интихобот мебошад, метавонад дохил карда шавад.
  5. Аъзои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судяҳо, хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шахсоне, ки суд онҳоро ѓайри қобили амал донистааст ва ходимони иттиҳодияҳои динӣ аъзои гурўҳи ташаббускор шуда наметавонанд.
  6. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои ҳуқуқи интихоботӣ мебошад, фақат узви як гурўҳи ташаббускор шуда метавонад.
  7. Ба аъзои гурўҳи ташаббускор дар асоси шакл ва матни тасдиқнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми номзадро пешбарикунанда бо муҳр ва имзои роҳбари он шаҳодатнома (бейҷикҳои махсус) (замимаи 1) дода мешавад, ки бо манзур намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома, корти идентификатсионӣ) эътибор дорад.
  8. Ҷамъоварии имзоҳо дар бланкаи имзоҷамъкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи интихобот доранд (минбаъд – бланкаи имзоҷамъкунӣ), сурат мегирад (замимаи 2).
  9. Дар бланкаҳои имзоҷамъкунӣ бояд насаб, ном, номи падар, соли таваллуд, ҷои истиқомат, силсила ва рақами шиноснома ё корти идентификатсионӣ, ки шахсияти шаҳрвандро тасдиқ менамояд, зикр гардад.
  10. Аз рўи бланкаҳои имзоҷамъкунӣ, ки дар ҳудуди шаҳру ноҳияи дахлдор тасдиқ гардидаанд, ҷамъоварӣ кардани имзоҳои интихобкунандагон дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои дигар мумкин нест.
  11. Як интихобкунанда ҳуқуқ дорад, ки фақат ба тарафдории як номзади пешбаришуда имзо гузорад.
  12. Баъди анҷоми ҷамъоварии имзоҳо бланкаҳои имзоҷамъкунӣ ба раиси шаҳр ё ноҳияи дахлдор барои санҷиши дурустии имзоҳо супорида мешаванд.
  13. Раиси шаҳр ва ё ноҳияи дахлдор баъд аз санҷиши дурустии рўйхати шаҳрвандони дар бланкаи имзоҷамъкунӣ воридгардида ба шаҳр ё ноҳияи дахлдор, бланкаи имзоҷамъкуниро бо имзо ва муҳр тасдиқ менамояд. Бланкаҳои имзогузории тасдиқнашуда эътибор надоранд.
  14. Ба тарафдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд имзои на кам аз 5 фоизи интихобкунандагони ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ карда шавад.
  15. Бланкаҳои имзоҷамъкунӣ аз ҷониби гурўҳи ташаббускор ба субъекте, ки гурўҳи ташаббускорро ташкил намудааст, супорида мешавад.
  16. Бланкаҳои имзоҷамъкунӣ якҷоя бо дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор барои бақайдгирӣ аз ҷониби субъекте, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ менамояд, ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
  17. Субъектони пешбарикунандаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо ариза ва ё шикоят нисбати амали (беамалии) шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё суд муроҷиат намоянд.
  18. Санҷиши асолати имзоҳои ҷамъоваришуда дар ҳолати зарурат ва шубҳаовар будани онҳо аз ҷониби гурўҳҳои корӣ, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад, гузаронида мешаванд.
  19. Гурўҳҳои корӣ санҷиши интихобии асолати имзоҳои ҷамъовардаро дар муҳлати то се рўз анҷом дода, хулосаи гурўҳҳои корӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати зикргардида пешниҳод карда мешаванд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Замимаи 1

ба банди 7 Тартиби ҷамъоварии имзоҳои шаҳрвандон ба тарафдории номзади пешбаришаванда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

ШАҲОДАТНОМА

 

 

Дода шуд ба ____________________________________________,

(насаб, ном ва номи падар)

ки ҳамчун узви гурўҳи ташаббускори номзади пешбаришаванда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

_______________________________________________________

(насаб, ном ва номи падари номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

 

аз ҷониби ________________________________________ дар шаҳри/ноҳияи

(номи субъекти пешбарикунанда)

_______________________________ба қайд гирифта шудааст.

 

__________________________________________________   _____________

(насаб, ном ва номи падари роҳбари субъекти пешбарикунанда)             (имзо)

 

 

Шаҳодатнома то рўзи расман ба қайд гирифта шудани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият эътибор дорад.

 

Ҷ.М.                                        «___» ____________ соли 2020

(санаи бақайдгирӣ)

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед