Қарор “Дар бораи тасдиқи Тартиби дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудани намояндагони субъектоне, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ кардаанд”

Тартиб ва карори ишт намояндагони субъек

Дар бораи тасдиқи Тартиби дар интихоботи Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудани намояндагони

субъектоне, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон номзад пешбарӣ кардаанд

 

 

Мувофиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил намудани фаъолияти комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок намудани намояндагони субъектоне, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ кардаанд, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р   м е к у н а д:

  1. Тартиби дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудани намояндагони субъектоне, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ кардаанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Ҳамин Тартиб барои иҷро ба комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шавад.

 

 

 

Раиси Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                        Б. Худоёрзода

 

Котиби Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                        Н. Самадзода

 

ш.Душанбе, «14» июли соли 2020, №90

 

 

 

 

 

Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «14» июли соли 2020, № 90

тасдиқ карда шудааст

 

 

Тартиби

дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок

намудани намояндагони субъектоне, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ кардаанд

 

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
  2. Тартиби иштироки намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ (Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби Демократи Тоҷикистон, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби Сосиал – Демократи Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон), ки расман дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ кардаанд, (минбаъд – субъектоне, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ кардаанд), мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо дарназардошти талаботи Конвенсия “Дар бораи стандартҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои интихоботӣ дар давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 октябри соли 2003, №918 ба тавсиб расидааст ва ҳуҷҷати ҷаласаи Копенҳаген оид ба омилҳои инсонии Шўрои амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ШАҲА), ки 29 июни соли 1990 қабул шудааст, таҳия гардидааст.
  3. Ҳамин Тартиб иштироки намояндагони субъектонеро, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ намудаанд, мақом ва ваколатҳои онҳоро дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муайян мекунад.
  4. Иштироки намояндагон дар маҷлисҳои комиссияҳои интихоботӣ, шинос шудан бо рўйхати интихобкунандагон, ҳузур доштан дар бинои овоздиҳӣ аз оѓоз то анҷоми кори комиссияи участкавии интихобот ва мушоҳидаи супоридани бюллетенҳои овоздиҳӣ ба интихобкунандагон барои шаффоф ва ошкоро гузаронидани интихобот, риояи уҳдадориҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад.

 

  1. ТАРТИБИ ПЕШБАРӢ ВА БАҚАЙДГИРИИ НАМОЯНДАГОН
  2. Субъектоне, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ кардаанд, метавонанд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки то рўзи интихобот ба синни 18 расидаанд, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ба ҳайси намоянда барои бақайдгирӣ ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот пешниҳод намоянд.
  3. Пешниҳоди намояндагон аз ҷониби субъектоне, ки онҳоро пешбарӣ менамоянд, бо дархости хаттӣ ва замимаи рўйхати намояндаҳо, нусхаи шиносномаи намоянда, маълумотнома аз ҷойи кор, ҷойи истиқомат, маълумотнома дар бораи дар қайди муассисаҳои психиатрӣ қарор надоштани намоянда амалӣ карда мешавад.
  4. Шумораи намояндагон набояд аз шумораи участкаҳои интихоботии ҳавзаи интихоботӣ зиёд бошад.
  5. Дархости хаттӣ ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот камаш 10 рўз пеш аз интихобот пешниҳод карда мешавад.
  6. Комиссияи дахлдори ҳавзавии интихобот дархости хаттиро дар давоми се рўзи баъди ворид шуданаш мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Аз натиҷаи баррасӣ комиссияи ҳавзавии интихобот дар бораи бақайдгирии рўйхати намояндагон (намоянда) ва ё дар бораи рад намудани бақайдгирии рўйхати намояндагон (намоянда) қарор қабул менамояд (замимаи 1 ва 2).

 

III. РАД КАРДАНИ БАҚАЙДГИРИИ НАМОЯНДА

  1. Субъектоне, ки намоянда пешбарӣ кардаанд, вобаста ба қарори комиссияи дахлдори ҳавзавии интихобот дар бораи рад кардани бақайдгирии номзадҳо ба ҳайси намоянда метавонанд дар давоми 10 рўзи баъд аз қабули он ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё суди маҳалли ҷойгиршавии ҳавзаи интихоботӣ муроҷиат намоянд. Шикоят аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлатҳои муқарраркардаи банди 8 ҳамин Тартиб баррасӣ карда мешавад. Баррасии муроҷиат аз ҷониби мақомоти судӣ бо тартиби муқаррарнамудаи боби 25 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

 

 

 

 

  1. ШАҲОДАТНОМАИ НАМОЯНДАГОНИ СУБЪЕКТОНИ

ДОРОИ ҲУҚУҚИ ПЕШБАРИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  1. Ба намояндагони субъектоне, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ намудаанд, баъди бо қарори комиссияи дахлдори ҳавзавии интихобот тасдиқ гардидани рўйхати онҳо шаҳодатномаи ҳаҷмаш 15х11 см, рангаш сафед дода мешавад (замимаи 3).
  2. Шаҳодатномаи мазкур ба намояндагони субъектоне, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ намудаанд, ҳуқуқ медиҳад, ки дар рўзи баргузории интихобот дар биноҳои овоздиҳӣ рафти интихоботро мушоҳида намоянд. Фаъолияти намоянда пас аз гирифтани шаҳодатнома оѓоз гардида, пас аз эълон гардидани натиҷаи пешакии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ мегардад.
  3. Фаъолияти намоянда метавонад ҳар вақт то рўзи интихобот дар асоси аризаи ў, инчунин бо пешниҳоди субъектоне, ки намояндаро пешбарӣ намудаанд, тибқи банди 17 ҳамин Тартиб бо қарори комиссияи ҳавзавии дахлдори интихобот пеш аз муҳлат қатъ карда шавад.

 

  1. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ НАМОЯНДА
  2. Намоянда ҳуқуқ дорад:

– дар маҷлисҳои комиссияҳои интихоботӣ иштирок намояд;

– бо рўйхати интихобкунандагон шинос шавад;

– дар бинои овоздиҳӣ аз оѓоз то анҷоми кори комиссияи участкавии интихобот ҳузур дошта бошад;

– супоридани бюллетенҳои овоздиҳиро ба интихобкунандагон мушоҳида кунад;

– ҳангоми овоздиҳии интихобкунандагон берун аз ҳуҷраи овоздиҳӣ ҳузур дошта бошад.

  1. Намоянда ҳуқуқ надорад:

– бо хоҳиши интихобкунанда барои гирифтани бюллетен имзо гузорад;

– бо хоҳиши интихобкунанда бюллетенро пур кунад;

– амале содир намояд, ки махфӣ будани овоздиҳиро халалдор созад;

– бевосита дар ҳисоби бюллетенҳо, ки аз тарафи аъзои комиссияи интихобот анҷом дода мешавад, иштирок намояд;

– амале содир намояд, ки ба кори комиссияи интихобот монеа шавад;

– дар қабули қарори комиссияи дахлдори интихобот иштирок намояд.

  1. Дахолати мустақим ё ѓайримустақими намоянда дар ҷараёни овоздиҳӣ ва фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ манъ аст.

 

 

 

 

  1. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
  2. Бо талаби аъзои комиссияи дахлдори интихобот намоянда шаҳодатномаи намояндагӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташро пешниҳод менамояд.
  3. Комиссияҳои дахлдори ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори бақайдгирии намояндаи субъектонеро, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ кардаанд, дар сурати аз тарафи ў вайрон карда шудани талаботи Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда бекор мекунанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Замимаи 1

ба банди 8 Тартиби дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок

намудани намояндагони субъектҳое, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ кардаанд

 

 

                                        

Қарори

Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   ____________________ №

(ном ва рақами ҳавза)

 

Дар бораи бақайдгирии намояндагони субъектоне, ки

ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

номзад пешбарӣ кардаанд

 

Мувофиқи моддаҳои 4 ва 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва пешниҳоди  _________________________________________________

(субъектоне, ки намоянда пешбарӣ кардаанд )

комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ______________________№    қ а р о р  м е к у н а д:

 

  1. Намояндагони ______________________________________________

(субъектоне, ки намоянда пешбарӣ кардаанд )

тибқи рўйхат ба қайд гирифта шаванд (замима мегардад).

 

  1. Ба намояндагони _______________________________________

(субъектоне, ки намоянда пешбарӣ кардаанд )

шаҳодатномаи намоянда дода шавад.

 

 

Раиси комиссияи ҳавзавии

интихобот                                                                _____________

 

Котиби комиссияи ҳавзавии

интихобот                                                                _____________

 

 

«___» ________ соли 2020, №___

 

Ҷ.М.

Замимаи 2

ба банди 8 Тартиби дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок

намудани намояндагони субъектҳое, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ кардаанд

 

 

 

                                            

Қарори

Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   ____________________ №

(ном ва рақами ҳавза)

 

Дар бораи рад намудани бақайдгирии рўйхати намояндагони (намояндаи) субъектоне, ки ба мансаби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ кардаанд

 

Мувофиқи моддаҳои 4, 14 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва пешниҳоди  _________________________________________________

(субъектоне, ки намоянда пешбарӣ кардаанд )

комиссияи ҳавзавии интихобот  қ а р о р   м е к у н а д:

 

Бақайдгирии рўйхати намояндагони (намояндаи) ______________________________________________________________

(субъектоне, ки намоянда пешбарӣ кардаанд )

бинобар ба талаботи банди 5 Тартиби дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудани намояндагони субъектоне, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ кардаанд, ки бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2020, № 90 тасдиқ гардидааст, ҷавобгў набудани маводҳои пешниҳодгардида, рад карда шавад (рўйхат замима мегардад).

 

 

Раиси комиссияи ҳавзавии

интихобот                                                                _____________

 

Котиби комиссияи ҳавзавии

интихобот                                                                _____________

 

«___» ________ соли 2020

 

Ҷ.М.

 

Замимаи 3

ба банди 10 Тартиби дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудани намояндагони субъектҳое, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ кардаанд

 

 

 

 

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ

ТОҶИКИСТОН

«___» ________ соли 2020

ШАҲОДАТНОМА

Дода шуд ба _________________________________________________,

(насаб, ном ва номи падари намоянда)

ки дар ҳавзаи интихоботии ________________________________№_______

(номи ҳавза)

ҳамчун намояндаи _________________________________________________

(субъекте, ки номзадро пешбарӣ намудааст)

ба қайд гирифта шудааст.

Шаҳодатнома бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият эътибор дорад.

 

Раиси комиссияи ҳавзавии

интихобот                                                                               _____________

 

Ҷ.М.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед