Ахбори фишурда

То баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои ба шумор мондаанд. Комиссияҳои интихоботӣ чораҳои ниҳоии омодагиро барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ва озоду демократӣ баргузор намудани чорабинии сиёсии дарпешистода анҷом дода истодаанд.

Санаи 6 октябри соли 2020 таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласаи навбатии Комиссия баргузор гардид. Дар кори ҷаласа мушоҳидони байналмилалӣ аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Дар ҷаласа ахбороти раисони ҳавзаҳои интихоботии Шоҳмансур №3, Ваҳдат№5, Бӯстон № 33 ва Бохтар №44 оид ба вазъи омодагии онҳо ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 барпо мешавад, шунида шуда, ҳамчунин масъалаи тасдиқи номгӯи маводҳои иттилоотӣ, ки дар рӯзи овоздиҳӣ дар участкаҳои интихоботӣ боқӣ гузошта мешаванд, баррасӣ карда шуданд.

Раисони ҳавзаҳои номбурда иттилоъ доданд, ки корҳои омодагӣ дар асоси қонунгузории интихобот ва  Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба ташкил ва баргузор кардани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, амалӣ шуда истодаанд. Дар участкаҳои интихоботӣ рӯйхати интихобкунандагон омода шуда, ба онҳо дар бораи рӯзи интихобот ва ширкат дар он хабарномаҳо фиристода шуданд. Илова ба ин тавассути алоқаи мобилӣ дар бораи рӯзи интихобот ва иштирок дар он ба интихобкунандагон хабар ирсол карда шуда истодааст.

Дастурҳо ва дигар маводҳои иттилоотӣ ба миқдори зарурӣ ба ҳама ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ дастрас карда шуда, дар байни аҳолӣ маъракаи васеи тарғиботӣ оид ба моҳияти интихобот ва тартиби иштирок дар он идома дорад. Инчунин, баргузории вохӯрии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагони ҳавзаҳои интихоботии номбурда идома дорад.

Бо мақсади риояи чораҳои беҳдоштӣ ҷиҳати пешгирии пандемияи коронавирус, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣмуқаррар кардааст, чораҳои зарурӣ дар ҳама участкаҳо андешида шуда, захираи зарурии маводҳои  ҳимояи шахсӣ ва безараргардонӣ дар ҳама ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ мавҷуд мебошад.

Дастури Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили инфрасохтори дастрас барои шахсони имконияташон маҳдуд ва таъмини ҳуқуқҳои онҳо дар раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гашта, дар ҳама участкаҳои интихоботӣ кабинаи алоҳидаи овоздиҳӣ барои чунин шахсон муҷаҳхаз гардонида шуда, дар роҳравҳо пандусҳо насб карда шудаанд.

Ахбороти пешниҳодшуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки  ҳавзаҳои номбурда ва участкаҳои интихоботии ҳудуди онҳо барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед